Филми “Дов” бори аввал оммавӣ мешавад

Бори аввал ва ба муносибати Соли нав филми ҳунарии “Дов” манзури сокинони Тоҷикистон мегардад. Сокинони кишвар метавонед ин филмро аз 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” тамошо кунанд. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки он соати 18:00-и рӯзи 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” дастраси ҳама бинандагон хоҳад […]

Asia-Plus

Бори аввал ва ба муносибати Соли нав филми ҳунарии “Дов” манзури сокинони Тоҷикистон мегардад. Сокинони кишвар метавонед ин филмро аз 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” тамошо кунанд.

Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки он соати 18:00-и рӯзи 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” дастраси ҳама бинандагон хоҳад шуд.

“Филми “Дов” пас аз сайри ҷаҳон акнун бори аввал дастраси ҳамаи ҳаводорони синамо мешавад. Қаблан, бинандагон онро танҳо дар толорҳои синамоӣ медиданд. Акнун метавонанд онро дар хонаву коргоҳ ё ҷои дигар нишаста дар экрани телевизор, компютер ё телефониҳои худ бинанд”, – гуфт коргардон.

Филми ҳунарии “Дов” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои апрел-майи соли 2021 дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара наворбардорӣ шудааст.

Филм дар бораи ду рафиқ – Қаҳҳор (Абдумуъмин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд.

Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале барои пушаймонӣ дер шуда буд…

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябри соли 2023 дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд. Баъд аз ин, “Дов” тӯли 2 сол дар чандин кишварҳои ҷаҳон намоиш дода шуд.

Давоми 2 сол ин филми тоҷикӣ дар 33 ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт ва аз он 27 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овард. Аз ҷумла, 4 ҷоизаи байналмилалии “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард, ки ҷоизаи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муваффақияти  филми “Дов”, коргардони он моҳи ноябри соли 2023 коргоҳи филмбардории “Довфилм”-ро таъсис дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.