Кортҳо зери назорат: чӣ гуна Душанбе Сити Бонк истифодаи кортҳо аз ҷониби бегонаҳоро пешгирӣ мекунад?

Варақаи иттилоотӣ

“Ба иҷора” додани кортҳои бонкӣ ҳарчӣ бештар ба як роҳ ва василаи ҷиноятҳои ҷиддии молиявӣ табдил меёбад. Бонкҳои Тоҷикистон фаъолона ба ошкор ва пешгирии истифодаи кортҳо аз ҷониби шахсони бегона оғоз кардаанд. Яке аз иқдомҳои муҳимро дар ин самт Душанбе Сити Бонк роҳандозӣ карда, ба назорати қатъӣ ва пешгирии роҳу воситаҳои аз ҷониби касони дигар […]

“Ба иҷора” додани кортҳои бонкӣ ҳарчӣ бештар ба як роҳ ва василаи ҷиноятҳои ҷиддии молиявӣ табдил меёбад. Бонкҳои Тоҷикистон фаъолона ба ошкор ва пешгирии истифодаи кортҳо аз ҷониби шахсони бегона оғоз кардаанд. Яке аз иқдомҳои муҳимро дар ин самт Душанбе Сити Бонк роҳандозӣ карда, ба назорати қатъӣ ва пешгирии роҳу воситаҳои аз ҷониби касони дигар истифода шудани кортҳо (дропперӣ) оғоз бахшид.

 

Дропперӣ ё худ истифодаи кортҳо аз ҷониби касони дигар чист?

Солҳои охир калимаи “дропперӣ” ҳарчӣ бештар садо медиҳад. Дропперӣ ин вақте шахс ба ивази пул корти бонкӣ, суратҳисоб ё дастрасӣ ба онҳоро ба ихтиёри касони дигар вогузор мекунад. Корт расман ба номи як кас сабт шуда, амалан аз сӯйи каси дигар барои интиқол, нақд кардани пул ва нодида гирифтани назорати бонкӣ истифода мешавад. Чунин роҳу воситаҳо маъмулан ба қаллобӣ ва амалиёти пасипардагӣ рабт доранд. Аммо дар аксар ҳолат онҳое, ки ба ин кор даст мезананд ё аз дропперӣ истифода мекунанд, иштибоҳан бар ин назаранд, ки ба ягон кори ҷиддӣ даст назадаанд ва пайомадҳои эҳтимолии онро намефаҳманд.

 

Мубориза бо фиреб

Душанбе Сити Бонк яке аз аввалинҳо шуда ба пешгирии дастрасӣ ба корт ва суратҳисобҳои дропперӣ оғоз намуда, ба назорат аз болои амалиёти шубҳанок тақвият бахшид ва дастрасӣ ба роҳу воситаҳоеро, ки мувофиқи таъинот истифода намешаванд, маҳдуд кард.

Донистан муҳим аст, ки дропперон шахсони тасодуфӣ набуда, иштирокчиёни занҷираҳои амалиёти ғайриқонунии молиявӣ мебошанд. Ҳатто агар шахс созмондиҳандаи ин амал набошад ҳам, барои додани корти худ ҷиҳати анҷом додани амалиёти шубҳанок бори масъулият дорад. Дар аксари кишварҳо ин амал кайҳост, ки ҷиноят шуморида мешавад.

Дар Русия барои дропперӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Аз тобистони соли 2025 ҷавобгарӣ сангинтар шуд: барои ба ихтиёри каси дигар додани корт ё суратҳисоб пардохти то 300 ҳазор рубл ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то се сол таҳдид мекунад. Барои харидани корт бо мақсади ба ихтиёри касони дигар додан бошад, то 1 млн рубл ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то шаш сол ва дар ҳоллатҳои ҷудогона – то ҳафт сол пешбинӣ шудааст.

Низоми бонкии Тоҷикистон ба шароитҳои нави иқтисодӣ мутобиқ шуда, назоратро тақвият медиҳад ва баҳри мубориза бо роҳу воситаҳои пасипардагӣ омодагӣ зоҳир мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.