ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 ДЕКАБР
Соли 1959 – Дар фурудгоҳи Сталинобод нахустин ҳавопаймои "ИЛ-18" фуруд омад.
Соли 2011 – Ширкати “Тоҷик Эйр” бори нахуст дар ИДМ ба истифодаи ҳавопаймоҳои тамғаи "МА-60" оғоз кард.
Соли 2012 – Раҳбари ҷунбиши мухолифини “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд ва чанде пас озод карда шуд. Ӯ соли 2015 дар Туркия кушта шуд.
Соли 2012 – Саидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲХД) интихоб шуд. Ӯ, ки вакили парлумон аз ҲДТ буд, рӯзи 12-уми июни соли 2024 аз ҷониби Додситонии кули кишвар боздошт ва соли равон бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз ҷумла, бо иттиҳоми ғасби ҳокимият бо роҳи зӯравоварӣ 27 сол равонаи зиндон гардид.
Рӯзи 14-уми июн дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифта шудани ӯ ба вакилони парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар иттилоъ дод. Додситонӣ дар назди вакилон гуфт, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди в парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар робита ба фаъолияти сиёсӣ ва боздошту ҳабси Саидҷаъфар Усмонзода дар мақолаи “Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?” хонед.
Соли 2018 – Фаррух Амонатов, шоҳмотбози тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии шоҳмот дар Чили зинаи сеюмро ишғол кард.
Соли 2020 – Дар вилояти Суғд хатти интиқоли газ ба истифода дода шуд, ки тавассути он гази Ӯзбекистон, ки дар тӯли 10 соли охир ба Тоҷикистон ворид намешуд, дубора интиқол ёфт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1910 – Мавлуди Николай Лесной, шоири русзабони Тоҷикистон.
Соли 1953 – Зодрӯзи Ҷумъахон Сироҷов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик.
Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (1972) ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1976) мебошад. Муддате ба сифати коргардони Театри халқии ноҳияи Мӯъминобод кор карда, солҳои 1979—1999 актёри Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб буд. Аз соли 2000 омӯзгори Коллеҷи мусиқии ба номи А. Бобоқулов шаҳри Душанбе аст.
Ҷумъахон Сироҷов қариб 20 сол дар намоиши ҳаҷвии “Очаи Бика ва Зика” ҳамроҳи Толибҷон Бобоев дар саҳнаи ҳунари тоҷик нақш офаридаааст. Маҳз ин нақш ӯро дар таърихи санъати тоҷик нотакрор гардонид.
Ҳамчунин, ӯ яке аз ҳунарпеша ва коргардонҳои маъруфи тоҷик буда, дар филмҳои зиёде бо иҷрои нақшҳои асосӣ ва ба рӯйи саҳна овардани намоишномаҳои зиёд мавқеъ касб кардааст.
Ӯ дар беш аз панҷоҳ намоишнома, амсоли “Мӯъҷизаи муқаррарӣ”, “Писари калонӣ”, “Мукофот”, “Фишор”, “Зани оҳанин”, “Найрангҳои Скапен”, “Дар чорсӯ” нақшҳои марказӣ бозида, намоишномаҳои “Чароғи маърифат”, “Бе пир марав”, “Аз хок баромадему бар хок шудем”, “Ҳафтзарб”-ро рӯи саҳна овардааст.
Соли 1970 – Зодрӯзи Муҳиддин Нуриддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Муҳиддин Нуриддин, ки дар баробари ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон будан, вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ ҳаст. Ӯ таҳсилкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикисон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, солҳо дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Аз соли 2009 дар Беморхонаи шаҳрии клиникии ба номи академик Тоҷиев, аввал ҳамчун ҷарроҳ ва сипас дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 2015 то соли 2024 ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ҳамзамон, профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ ва эндоҷарроҳии донишкадаи мазкур буд.
Муҳиддин Нуриддин солҳои 2024-2025 муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикисон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, соли 2025 ректори ин боргоҳи улуми тиб таъин гардид.
Соли 1981 – Мавлуди Мансур Каримзода, раиси ноҳияи Файзобод.
Мансур Каримзода хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ буда, солҳо дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун фаъолият кардааст.
Солҳои 2017-2021 муовини якуми раиси ноҳияи Файзобод ва солҳои 2022-2024 муовини раиси шаҳри Ваҳдат буд. Каримзода моҳи январи соли 2024 раиси ноҳияи Файзобод таъин шуд.
Соли 1988 – Шавкат Ҳарисов, нависанда ва узви ИН Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Соли 2003 – Муҳаммад Бобохоҷаев, доктори илмҳои тиб аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) муҳорибаи Днепр ба охир расид. Ин муҳориба маҷмуи амалиёти кушунҳои шӯравӣ барои аз истилогарони немис озод кардани Украинаи соҳили чап буд, ки аз 26 август то 23 декабри соли 1943 идома кард. Муҳорибаи Днепр яке аз муҳорибаҳои калонтариниҶБВ буд.
Дар ҳамин рӯз физикхои америкоӣ аввалин транзисторро дар ҷаҳон муаррифӣ карданд. Онҳо Уилям Шокли, Ҷон Бардин ва Уолтер Браттейн буданд. Соли 1956 ин олимон барои таҳқиқоти нимноқилҳо ва кашфи эффекти транзисторӣ соҳиби ҷоизаи Нобел гардиданд.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 1-6º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабон 1-6º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7º сард, рӯзона -1+4º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат:о дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона -2+3º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят шабона 13-18ºсард, рӯзона 5-10º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона ҳавои бебориш ва тормеғ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 1+3º гарм.


