Аз баҳси интихоби ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ то мувофиқа бо “боло”. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Қурбони Собир

Date:

Сабти филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба охир нарасида, кори тадвини он оғоз шуд. Аммо аз оғози сабти филм он мавриди баҳси ҷомеа қарор гирифт: Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм” ба нақши Ҷомӣ баргузида шуду дар пайи интиқоди ҷомеа ва бо дастури “боло” аз нақшофарӣ канор рафт ва Қурбони Собир, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик ба ҷойи ӯ интихоб шуд.

“Азия-Плюс” Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар Душанбе дарёфт ва дар атрофи сабти ин филми муштарак гуфтугӯ кард. Дар оғоз аз ӯ пурсидем, ки чӣ гуна ҷойгузини Маҳмадсаид Шоҳиён шуд?

 

“Ҳарфу ҳадис”-и нақши Ҷомӣ

– Дар аввал дар филм нақши шоҳ Узун Ҳасанро меофаридам. Коргардон танҳо ҳамин қисмати филмномаро дод, хондам, писандам омад ва барои хуб бозидани он тамоми ҳунарамро харҷ кардам. Мо 5 рӯз дар коргоҳи вижаи филмбардорӣ (павилион)-и “Тоҷикфилм” онро сабт кардем.

Баъдан бо як гурӯҳи ҳунармандон ба Эрон рафтем. Дар шаҳри Теҳрон будам, ки Файзулло Файзов, коргардони филм, занг заду гуфт, ки ҳарфу ҳадисҳое шудаву хост таъҷилан бо ҳам вохӯрем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Росташ, аз вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ будам ва пай бурдам, ки “ҳарфу ҳадис” сари нақши Ҷомӣ аст. Ба коргардон гуфтам, ки чанд рӯзи дигар дар Теҳрон ҳастам ва нахостам сари гиреҳи масъаларо кушоям. Пас аз баргашт ҳам чанд рӯз аз пайи корҳои хусусиям будаму суроғи “ҳарфу ҳадисҳо” нагаштам.

Дар Бохтар будам, ки Маҳмадсаид Шоҳиён занг зада, маро ба Душанбе барои мулоқот даъват кард. Як рӯз пас мо бо ҳам вохӯрдем.

 

Дидори ду “Ҷомӣ”

– Он дидор чӣ гуна буд ва дақиқан чӣ гуфтумоне сурат гирифт?

– Дидор бо шӯхӣ оғоз шуд. Ман тибқи маъмул, пас аз салому ҳолпурсӣ, гуфтам, ки чӣ хабар? Шоҳиён бо табассум ҷавоб дод: хабар якто – Ҷомиро гирифтанд! Ҳарду домони хандаро сар додем. Ин гуфтугӯро баъдан ба ҳамаи бачаҳо мегуфтему механдидем. Ва моҷарои нақши Ҷомӣ бо ҳамин шӯхӣ маҷрои дигар гирифту қазияи гуфтумони он ба поён расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадсаид Шоҳиён ва Қурбони Собир, ҳарду дар нақши Ҷомӣ

– Яъне, Шоҳиён барои аз нақши Ҷомӣ канор рафтан дар ташвиш набуд ва барои чунин ранг гирифтани қазия омодагӣ дошт?

– Ҳар кас дардашро худаш медонад. Ин кори саҳлу осон нест. Эҳтимол, худро ҷамъу гир карда буду омодагии чунин тағйиротро дошт. Вақте ҳалли мушкилро бо шӯхӣ оғоз кард, ҳам барои худаш осон буду ҳам барои мо.

 

“Супориши бозхонди ҳунарманди нақши Ҷомӣ дода шуд”

– Дар мавриди “Ҷомиро гирифтанд” шарҳе пурсидед ва барои пазироии нақш шарте гузоштед?

– Не, ҳар ду ҷониб тақрибан пасманзари қазияро медонистем ва ҳар суоли дигаре ноҷову беодобона буд. Дар ҳоле ки Шоҳиён мушкилро бо шӯхӣ сар кард, агар таҳи қазияро мепурсидам, ба рӯйи захмаш намак пошидан маҳсуб мешуд ва идомаи кор мушкил мешуд. Ҳеҷ шарте ҳам нагузоштам. Фақат хостам, ки маро боэҳтиром ба майдони сабт баранду расман муаррифӣ кунанд. Ин корро худи Шоҳиён анҷом дод.

Дар мавриди “гирифтанд”, ба фикрам, беш аз 20 рӯз вокунишҳои тунду тез дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гӯши “боло” расид ва супориши бозхонди ҳунарманди нақши Ҷомӣ дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Шумо ҳам барои нақши Ҷомӣ, чуноне мегӯед, бо “боло” мувофиқа шудед: дар ин маврид дидоре бо нафари хосе доштед?

– На. Ман танҳо бо Маҳмадсаид Шоҳиён ҳарф задам ва аз ҷузъиёти “мувофиқа бо боло” хабар надорам. Шояд ин масъаларо худи Шоҳиён ҳал карда бошад.

– То ҷое мо огоҳем, дар озмуни интихоби ҳунармандони филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” Шумо ҳам бо шумули чанд ҳунарманди дигар барои нақши Ҷомӣ имтиҳон шудед. Дар ин озмун кадом ҳунармандон ҳузур доштанд? Шоҳиён низ дар озмун буд? Ва саволи матраҳ ин аст, ки чаро аз аввал неву баъди интиқоди ҷомеа иҷрои нақши Ҷомӣ сари Қурбони Собир афтод?

– Дар озмун барои нақши Ҷомӣ бо шумули ман, боз Маҳмадалӣ Маҳмадов, Фирӯз Умаров, Абдулмуъмин Шарифӣ, Хуршед Мустафоев ва Маҳмадсаид Шоҳиён ҳузур доштанд. Ба саволи чаро бори аввал неву пас аз моҷаро маро интихоб карданд, бояд коргардон ва дигар масъулон посух диҳанд.

Вале, агар аз ҳақ нагузарем, вақте озмунро ҷамъбаст кардем, боварӣ доштам, ки барои нақши Ҷомӣ интихоб мешавам. Зеро нисбат ба дигар ҳунармандон, имкониятҳои банда бештар буд: ба ҷаҳони адабиёт амиқтар ворид будам, зиндагиву осори Мавлоно (манзур аз Мавлоно – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аст)-ро нағз медонистам, дар қироати шеър ҳам афзалият доштам ва синну қаду тану тӯшам ба Ҷомии дар филм буда мувофиқтар буд. Ҳамаи ин ба ман ҳақ медод, ки умедвори нақши Ҷомӣ бошам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Сабаби сукути Қурбони Собир чист?

– Ҳоло Шумо даъвои бартарӣ доред, вале вақте Шоҳиён ба нақши Ҷомӣ пазируфта шуд, вокунише доштед? Агар “не”, сабаби сукут чӣ буд?

– Ҳеҷ гоҳ барои чизе даъво накардаам ва инро барои худ муносиб намедонам. Ман шогирди Фаррух Қосим ҳастам ва ҳамеша мекӯшам ҳунарамро нишон диҳам, на бо даъво ба ҷое расам. Аз нигоҳи ҳунар Шоҳиён бо ман муқоисанашаванда аст. Аз нигоҳи роҳбарӣ ва соҳибкорӣ бошад, ман бо Шоҳиён муқоисанашаванда ҳастам. Аммо интихоб барои нақши Ҷомӣ на ба дасти ман буду на Шоҳиён. Бояд аз аввал коргардон интихоби муносибу мувофиқ мекард, то ин гуна моҷаро пеш наояд. Агар ҳунарманди хуб бошиву коргардон интихобат накунад, вокунишу даъвое ба дард намехӯрад. Ҳарчанд гоҳо коргардонҳо ҳам дасткӯтоҳанд…

Қаблан ҳамин гуна таҷрибаи талхи дигаре доштам. Солҳои 90-ум коргардони номвари тоҷик Бақо Содиқ мехостанд филми Камоли Хуҷандиро ба навор бардоранд. Он кас назди мани ҷавон омаданду филмномаро доданду хостанд нақши Камоли Хуҷандиро бозам. Филм аз ду қисм иборат буду дар он чеҳраҳои таърихиву адабӣ, аз ҷумла Темури лангу Ҳофизи Шерозӣ таҷассум мешуданд.

Ман қариб се сол барои нақши Камол, ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман, омода шудам. Вале Шӯравӣ пош хӯрд, ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва коргардон тарки Тоҷикистон кард. Баъди чанд вақт Аъзам Сидқӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ филмнома навишту Тоҳир Собиров онро рӯйи пардаи синамо овард ва Ортиқ Қодир нақши Камолро офарид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин бароям шикасти сахте буд, ки ангораҳои бинокардаам якбора ба замин яксон гашт. Пас аз ин, дар ҳеҷ коре пешдастӣ накардаму пешакӣ омода нашудаму даъвое ҳам надоштам.

– Дар кастинги аввал, ба гуфтаи Шумо, 6 ҳунарманд барои нақши Ҷомӣ рақобат карданд. Бори дуввум чӣ: ё интихоби ягона Шумо будед?

– Не, бори дуввум бо шумули ҳунармандони болозикр, боз номи Нурулло Абдуллоев ва Ортиқ Қодир пайдо шуд. Аммо чанд ҳунармандон қабул нашуданд ва чанд тани дигар худашон даст кашиданд. Ва аз рӯйи шунидам, Маҳмадсаид Шоҳиён зиёд талош мекунад, ки Қурбон Собир дар нақши Ҷомӣ интихоб шавад. Пеш аз оғози сабти филм, ман ба акаи Нурулло ва акаи Ортиқ занг зада, дуо гирифтам.

 

“Рӯзи аввали кор бисёр бад буд”

– Муаррифии Шумо дар нақши Ҷомӣ чӣ гуна сурат гирифт? Аз кадом саҳна вориди филм шудед? Ва тавонистед ба зудӣ вориди ҷаҳони ботинии Ҷомӣ шавед?

– Интихоби ман барои иҷрои нақши Ҷомӣ бо шӯхӣ сурат гирифт. Дар “Тоҷикфилм” бо Шоҳиён гуфтему хандидем. Баъдан, ӯ гуфт, ки биё ман туро бурда муаррифӣ мекунам. Савори мошин шудему роҳи Хуҷандро пеш гирифтем. Маро дар Қалъаи Хуҷанд ба гурӯҳи эҷодӣ расман муаррифӣ карду лаҳзае пас аллакай дар майдони сабт будам.

Рӯзи аввали кор бисёр бад буд, он гунае, ки ҳам худам ва ҳам коргардонҳо мехостанд, намешуд. Мутаассифона, фурсати зиёд надоштам, шабона дар соҳили рӯди Сир қадам задаму филмномаро пурра хондаму барои фардо омода шудам. Рӯзҳои дигар кор беҳтар мешуд.

 

“Чеҳраи Ҷомӣ дар филм боз намешавад”

– Лаҳзаи душвортарини ҳунарофарӣ кадом қисмати филм буд, ки барои Шумо ҳам заҳматталабу ҳам хотирмон шуд?

– Лаҳзаи аз ҳама душвор ҷон додани Мавлоно Ҷомӣ буд. Инчунин, лаҳзаи душвори дигар аз даст додани фарзанду тавлиди шеъри “Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар”-ро мешуморам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Рӯзгору раҳоварди Ҷомӣ дар филм то куҷо тасвир шудааст ва Шумо барои кушодани симои шоир чӣ кардед?

– Зиндагии шоир дар филм пурра тасвир нашудааст. Хатти филмофарӣ як сафари ӯро фаро мегираду бас. Аз миёнсолагии Мавлоно Ҷомӣ оғоз мешавад, аз Ҳирот ба Астаробод сафар мекунад ва боз ба Ҳирот бармегардаду ҷон медиҳад. Чӣ гуна шакл гирифтани шахсияти Ҷомӣ, олими забардасту фатводеҳ будани ӯ ва дигар бартариҳои рӯзгораш қариб тасвир нашудааст. Танҳо як ҷаноза мехонаду дар чанд порчаи дигар ба муридонаш дарс мегӯяд. Бо вуҷуди ин, ман тамоми ҳунарамро харҷ кардам, то Ҷомиро беҳтару хубтар офарам.

 

Аз рӯзгори Алишер Навоӣ филми дигаре мешавад

– Пас дар филми мазкур бинанда метавонад шахсият, андешаву афкор ва ҷаҳони ботинии Ҷомиро бубинаду варо шиносад?

– Бале, ба шарте ки хуб танзиму тадвин шавад. Вале агар мо дар Тоҷикистон аз зиндагиномаи мукаммали Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ филм гирем, беҳтару хубтар аст. Зеро он гунае хабар ёфтам, ҳоло дар Ӯзбекистон аз рӯзгори Алишер Навоӣ филми дигаре ба навор бардошта истодаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар миёни ҷомеа дар мавриди нақши Ҷомӣ нигароние ҳаст, ки оё он ба таври воқеӣ ва тибқи навиштаи адабиётшиносону таърихнигорон намоиш дода мешавад ва ё на. Ба ин андешаҳои зиддунақиз Шумо ҳамчун офарандаи ин нақш чӣ посух доред?

– Агар филм танҳо дар бораи ин шоиру орифи забардаст мебуд, шояд эроду нигарониҳо меафзуд, вале филм хатти сафару ҳаводиси ҳамон айёмро нишон медиҳад ва ба рӯзгору мавқею мартабаи Ҷомӣ ва Навоӣ камтар тамаркуз мешавад. Яъне, Мавлоно Ҷомӣ хобе мебинад, ки дар Астаробод ҷанг мешавад, роҳи сафар пеш мегирад ва мушкилоти дигар пешорӯ меоянд. Дар умум мавқеъ ва таъсири Ҷомӣ ба ҳаводиси айём тасвир мешавад, на рӯзгору осораш. Шоириву орифии Ҷомӣ дар филм камтар тасвир мешавад ва нақши ӯ ҳамчун сиёсатмадор бештар аст.

Дар ҳамаи саҳнаҳое, ки бо ҳузури ман ба навор гирифта шуд, Ҷомӣ ҳамеша ё канори Навоӣ буд ва ё аз ӯ як қадам пештар. Аз саҳнаҳое, ки ман набудам ва баъдан баҳсашро шунидам, дар як ҷо ба дасти Навоӣ шашшер медиҳанд, ки ба ҷанг равад. Ин нишони қудрати Навоӣ аст, вале Файзулло Файзов, коргардони тоҷикистонии филм, аз он норозӣ буд. Ҳоло мебинем, ки он саҳнаро дар танзим мебуранд ва ё на.

– Шумо аз филмнома ва раванди сабт қонеъ ҳастед?

– Агар росташро гӯям, вақте филмномаро хондам, чандон писандам наомад, чуноне гуфтам, рӯзгору осори Ҷомӣ камтар таҷассум мешавад. Аммо натиҷаи танзим нишон медиҳад, ки филм хуб аст ва ё бад.

– Барои нақши Ҷомӣ чӣ миқдор маблағ мегиред?

– То ҳол шартнома набастаам ва дар бораи маблағ ҳам ҳарфе назадаам. Барои нақши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ агар маблағе надиҳанд ҳам, розиям ва боз ҳам даъвое надорам. Ҳоло бароям фақат ва фақат хуб ва арзишманд баромандани нақш муҳим асту бас.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Чаро сабти филм якмаром пеш нарафт ва кори наворбардорӣ кай ба анҷом мерасад?

– Барои он ки коргоҳи вижаи филмбардории “Ӯзбекфилм” омода набуд, мо барои як муддат ба Тоҷикистон баргаштем, вале ҳамоно он тайёр нашудааст. Ба эҳтимол, идомаи сабти филм ба моҳи январ гузошта шуд. Ҳар вақте он омода мешавад, фикр мекунам, ба сабти филм идома медиҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...