ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши солинавии “Афсонаи кӯҳӣ” намоиш дода мешавад. Коргардони намоиш Шервонӣ Толибов буда, он дар бораи Шарора ном духтараке аз деҳаи Сафедкӯҳ қисса мекунад. Арзиши чипта 30 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 ЯНВАР
Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе аввалин маркази миллии омӯзишӣ дар Осиёи Марказӣ барои омодасозии кадрҳо дар самти мубориза бо савдои инсон ифтитоҳ ёфт.
Соли 2014 – Дар Эрон миллиардер Бобак Занҷонӣ, муассиси ҶСК “Холдинг Конт Групп Тоҷикистон”, ки сохторҳои он аз ҷумла терминали нақлиётии “Asian Express” дар Душанбе ва ширкатҳои дигарро дар бар мегирифт, боздошт шуд.
Соли 2019 – Маҷаллаи байналмилалии “Financial Times” Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт давлате ворид намуд, ки ба сайёҳон барои ташриф дар соли 2019 тавсия медиҳад.
Соли 2021 – Футболбози машҳури тоҷик ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи футболи “Истаравшан” таъин гардид. Қаблан ин вазифаро Алиёр Ашурмамадов иҷро мекард.
Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба қонунҳо “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ имзо гузошт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1501 – Алишер Навоӣ, шоир, муттафакири ӯзбек, ки ба забони форсӣ низ эҷод мекард, дар синни 59 дар Ҳирот даргузашт.
Алишер Навоӣ шоир, мутафаккир ва ходими давлатӣ буда, бо ду забон эҷод мекард ва осори форсиаш бо тахаллусӣ “Фонӣ” эҷод шудааст.
Навоӣ беш аз 30 асар навиштааст, ки машҳуртарини онҳо маҷмӯаи “Хамса” мебошад, ки дар пайравӣ ба “Хамса”-и Низомӣ навишта шудааст.
Ӯ шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ буд ва нақши ӯро дар зиндагӣ ва эҷодаш беназир арзёбӣ кардааст. Алишер Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо ба унвони мураббии маънавиаш, ҳамзамон чун дӯст ва ҳамдаму ҳамрози зиндагиаш бо самимият ва ихлос ном бурдааст.
Ахиран дар бораи ин ду мутафаккири барҷаста филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон бо унвони “Дурахшии ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба навор бардошта шуд. Пиромуни ин филм ва чолишҳое, ки атрофи он ба мийн омад, дар ин мусоҳибаи “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Аз баҳси интихоби ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ то мувофиқа бо “боло”. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Қурбони Собир
Соли 1891 – Зодрӯзи Мирзораҳмат Алимов, ҳунарманд-наққош, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ;
Соли 1947 – Мавлуди Тағоймурод Солеҳов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика;
Соли 1949 – Зодрӯзи Наврӯз Гулзода, забоншинос, номзади илмҳои филология;
Соли 1949 – Мавлуди Саидҷалол Саидов, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик.
Саидҷалол Саидов солҳо дар риштаи журналистика фаъолият карда, баъдтар ба кори эҷодӣ пардохтааст. Як муддат директори киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” буд. Баъдан ёвари Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон буд ва соли 2012 ба нафақа баромад. “Хидматгузори се хоҷа, ё вазири як дарбор”, “Чакидаҳо аз андешаҳо”, “Бофтаҳо аз тофтаҳо”, “Омӯзонда, омӯхтем” аз чакидаҳои қалами ӯянд.
Соли 1949 – Мавлуди Турсунбой Аҳмадов, доктори илмҳои кишоварзӣ;
Соли 1953 – Зодрӯзи Тошпӯлод Гулмуродов, ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илмҳои тиб, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино;
Соли 1957 – Мавлуди Аслиддин Сатторов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон;
Аслиддин Сатторов соли 1957дар деҳаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ зода шуда, Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм кардааст. Аммо шавқу ҳавасе, ки ба санъат дошт, ӯро ба ин ҷода овард. “Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ”, “Деҳқон”, “Хуш омадӣ”, “Тоҷикистон”, “Як рӯзи умр”, “Падарҷон”, “Интизорӣ” аз шумули маъруфтарин таронаҳои ӯ мебошанд.
Соли 1961 – Мавлуди Александр Азимов, футболбоз, бозигари дастаи “Помир”;
Соли 1963 – Зодрӯзи Очил Зоҳидов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа;
Соли 1978 – Зодрӯзи Озода Раҳмон, ходими давлатӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.
Озода Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон, соли 1978 дар Данғара зода шудааст. Ӯ ходими давлатӣ, Сафири фавқулода ва мухтори дараҷаи 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.
Ӯ солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст. Аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад. Пеш аз ин дар Вазорати корҳои хориҷӣ то ҳайси муовини вазир кор кардааст.
Соли 2010 – Муҳаммадраҳими Сайдар, журналисти маъруфи тоҷик дар бемористони шаҳри Тулаи Русия дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
3 январ дар ҷаҳон як иди ғайриодӣ таҷлил мешавад – ин санаро ҳамчун Рӯзи пайдоиши найча барои "коктейл" ҷашн мегиранд.
Дар ибтидо, найча барои нӯшидани "коктейл"-ҳо аз пояҳои холии гиёҳҳои ғалладона, ба монанди ҷуворӣ сохта мешуд. Тибқи ривоят, аввалин найчаи сунъӣ барои "коктейл"-ро соҳибкори амрикоӣ Марвин Стоун, ки соҳиби корхонаи истеҳсоли найчаи қоғазӣ барои сигор буд, ихтироъ кардааст.
3-юми январи соли 1963 аввалин парвози ҳавопаймои "Ил-62" дар Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт. "Ил-62" барои интиқоли гурӯҳҳои то 60 кас дар масофаи муайян бо роҳпаймоии 10 ҳазор км пешбинӣ шуда буд.
Дар оғози солҳои 1990 ҳавопаймо аз ҷиҳати техникӣ кӯҳна гардид. Он керасини зиёд сарф мекард. Аз миёнаи солҳои 1990 истифодаи "Ил-62" коҳиш ёфт ва соли 2005 ширкати “Аэрофлот”, ки яке аз бузургтарин истифодабарандагонаш буд, аз он даст кашид. Ҳамагӣ 276 ҳавопаймои "Ил-62" сохта шуда, охиринаш соли 2004 барои ҳукумати Судон истеҳсол гардид.
3-юми январи соли 1960 Аляска ҳамчун 49-умин иёлоти ИМА шинохта шуд ва ба бузургтарин иёлот аз рӯи масоҳат табдил ёфт.
Ҳанӯз соли 1812 тоҷири рус Иван Кусков дар Аляска шаҳраки Форт Русро таъсис дод, ки он барои даҳсолаҳо ҳамчун нуқтаи пуштибонӣ барои Ширкати русӣ-амрикоӣ, ки ба шикори ҳайвоноти пӯстдор ва савдо дар қитъаи Амрико машғул буд, хидмат мекард.
30 марти соли 1867 созишномаи фурӯши Аляска ва ҷазираҳои Алеут аз ҷониби Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имзо шуд. Дар моҳи октябри ҳамон сол, Аляска расман ба ИМА дода шуд. Русия барои нимҷазираи 700-километраи Аляска 7 миллион 200 ҳазор доллар гирифт.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барфмеборад ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -3+2º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 1+3º гарм.


