Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Камолиддин  Муминзоди 42-сола рӯзи 7-уми январ дар пайи тағйироти кадрӣ ба курсии раиси Кумитаи рушди маҳал такя зад. Ӯ роҳбари пешини Кумитаи рушди сайёҳӣ аст ва як соли пеш дар ҳамон рӯз аз мансаб барканор шуда буд. Муминзод кист, дар самти сайёҳӣ чӣ навоварӣ кард ва акнун барои рушди маҳал чӣ шақша дорад? Дар ин бора ӯ бо “Азия-Плюс” гуфтугӯ кард.

 

Дебочаи мансабгирии Муминзод

Дар шарҳи ҳолаш гуфта мешавад, ки хатмкардаи се донишгоҳ, аз ҷумла донишгоҳи Италия аст ва забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Аз соли 2007 фаъолияташро оғоз карда, беш аз 10 сол асосан дар маркази идораи лоиҳаҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ кор кардааст.

Соли 2023 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шуд ва ин нахустин мансаби баландаш маҳсуб мешуд. То ин замон ба ҳайси муовини раиси ин кумита фаъолият дошт.

Вай замоне роҳбари Кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шуд, ки ба бахши сайёҳии кишвар таваҷҷуҳи бештар дода мешуд. Ҳадафи таъсиси ин ниҳод ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, рушди зерсохтҳои сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, мусоидат ба сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба ин соҳа зикр мегардид.

Ҳамин тариқ, Камолиддин  Муминзод дар ин вазифа наздики ду сол фаъолият кард ва дар ин муддат чӣ корҳоро ба сомон расонд, ба таври кул дақиқ нест. Аз ҷумла, ба иттилои интишоршуда, дар замони роҳбариаш санҷиши иншооти сайёҳиро ба роҳ монда, мехост, онҳоро ба “қаноатбахш”, “таъмирталаб” ва “партофташуда” тасниф кунад.

 

Инчунин,  ӯ моҳи июли соли 2024 дар як ҷаласа аз кам будани ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар нигаронӣ карда, гуфта буд, дар 2 ноҳияи ВМКБ, дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар 5 шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур то ҳол ширкати саёҳӣ таъсис дода нашудааст. Он замон мегуфт, дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар на кам аз 5 ширкати сайёҳӣ таъсис медиҳад.

Аз ҷумлаи ташаббусоте, ки Камолиддин  Муминзод дар вақти роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳӣ пеш гирифт, даъвати рӯзноманигорон ба ҷасалаҳои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ буд. Дар ин ҷаласаҳо, ки бо роҳбарии муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ баргузор мешуд, бурду бохти самти сайёҳии кишвар баррасӣ мешуд.

Номбурда рӯзи 7-уми январи соли 2025 аз вазифаи раисии Кумитаи рушди сайёҳӣ барканор шуд ва чанде баъд муовини раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин гардид. Аммо пас аз як соли расо, 7-уми январи соли 2026, аз курсии муовинӣ озод ва ба вазифаи раисии Кумитаи рушди маҳал таъйин шуд.

 

Муминзод дар самти сайёҳӣ чӣ кард?

“Азия-Плюс” рӯзи 8-уми январ, аз Камолиддин Муминзод дар бораи фаъолияти пешинааш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ва нақшаҳояш дар мансаби нав пурсон шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар Кумитаи рушди сайёҳӣ санҷиши иншооти сайёҳӣ дар давраи фаъолияташ оғоз шуд, вале тамом нашуд. Таъсис додани на кам аз 5 ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо низ оғоз шуда, идома доштанд.

“Ин иқдомҳо вақтталаб буда, ҷараёни тӯлониро тақозо мекунад. Баъди рафтани ман, ин корҳо анҷом ёфт ё не, маълумот надорам”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз давраи қариб дусолаи кораш натиҷагирӣ карда, гуфт, “дар мансаби пешина ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият дода шуд, аз ҷумла шумораи зиёди созишномаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид”.

Номбурда таъкид кард, замони роҳбариаш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ “низоми идоракунӣ таҷдид ва қонунгузории соҳаи сайёҳӣ такмил дода шуд ва Нақшаҳои генералии сайёҳии вилоятҳои Суғду Хатлон барои рушди устувори сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар соҳа бо ҷалби ширкатҳои машваратии Италия ва Испания таҳия гардиданд”.

“Ҳамчунин, иқтидорҳои сайёҳии кишвар дар хориҷа муаррифӣ шуда, барои дарёфти бозорҳои нави сайёҳӣ Кумита ва бахши хусусӣ дар намоишгоҳҳои бонуфузи сайёҳӣ дар Амрико, Аврупо ва Осиё иштирок намуданд, ки дар натиҷа охири соли 2024-ум 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд”, – иброз дошт Муминзод.

Зикр кардан ба маврид аст, ки теъдоди сайёҳони ба Тоҷикистон омада ҳамеша мавриди баҳс будааст. Коршиносон ба ин нукта таъкид мекунанд, ки миллионҳо нишон додани теъдоди сайёҳон шубҳабарангез аст ва аз ин лиҳоз, ҳисоби сайёҳон бояд шаффоф бошад ва арқоми воқеӣ пешниҳод шавад.

 

Акнун барои рушди маҳал чӣ нақша дорад?

Муминзод гуфт, фаъолияти аввалиндараҷааш дар курсии раиси Кумитаи рушди маҳал амалӣ кардани супориши сарвари давлат аст, ки соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон кард.

Раиси нав инчунин татбиқи “Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро вазифаи муҳими дигараш медонад. Ӯ яке аз ҳадафҳои дигарашро омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мешуморад.

Камолиддин Муминзод мегӯяд, нақша дорад, “Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2021-2025”-ро натиҷагирӣ кунад ва ба ҳукуматҳои маҳаллӣ дар таҳия ва амалисозии “Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои солҳои 2026-2030” ёрӣ расонад.

Барои рушди маҳалҳо, ӯ ният дорад, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш диҳад. Ин ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути созишномаҳои ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ ва ёддоштҳои тафоҳумро дар бар мегирад.

Дар охир, Муминзод гуфт, ба такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ хоҳад кард, “то механизми идоракунии рушди маҳал боз ҳам шаффофтар ва самараноктар гардад”.

Камолиддин  Муминзод 2-юми январи соли 1984 таваллуд шуда, дар се донишгоҳ таҳсил кардааст. Ба иттилои интишоршуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2006, факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити  Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар соли 2012 ва магистратураи байналмилалии оид ба идоракунии хариди давлатии факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи Тор Вергатаи шаҳри Рими Италия дар солҳои 2019-2020 мебошад.

Ӯ 13 сол асосан дар маркази идораи лоиҳаҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ кор кардааст ва дар бахши идораи харид ва машварат дар татбиқи лоиҳаҳо таҷриба дорад.

Моҳи июни соли 2020  бо фармони президент аз мутахасиси оддӣ ҳамчун муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон таъин мешавад ва то 11-уми январи соли 2023 дар ин мансаб кор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.