Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки Котиботи давлатии ин кишвар барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”)-ро муваққатан боздоштааст. Ғайр аз ин, онҳое ки барандаи ин қуръакашӣ ҳастанд, метавонанд аз мусоҳиба гузаранд, вале муваққатан раводид намегиранд. “Аризадиҳандагони барнома метавонанд аризаҳои худро супорида, мусоҳиба гузаранд ва Котиботи давлатӣ таъини мусоҳибаҳоро барои аризадиҳандагони барнома […]

Asia-Plus

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки Котиботи давлатии ин кишвар барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”)-ро муваққатан боздоштааст. Ғайр аз ин, онҳое ки барандаи ин қуръакашӣ ҳастанд, метавонанд аз мусоҳиба гузаранд, вале муваққатан раводид намегиранд.

“Аризадиҳандагони барнома метавонанд аризаҳои худро супорида, мусоҳиба гузаранд ва Котиботи давлатӣ таъини мусоҳибаҳоро барои аризадиҳандагони барнома идома хоҳад дод, лекин ягон раводид дар чаҳорчӯбаи ин барнома судур нахоҳад шуд. Умуман, мусоҳибаҳои аллакай таъйиншуда дар доираи ин барнома ба санаи дигар гузаронида ё лағв карда намешаванд.”, – навишт Сафорат ИМА дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, дар сурати пайдо шудани иттилои дигаре дар ин маврид Котиботи давлатии Амрико аризадиҳандагонро огоҳ хоҳад кард.

Сафорат ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардааст.

Дастури боздошти барномаи мазкурро чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико баъди тирпарронӣ дар Донишгоҳи Брауни шаҳри Провиденс дар рӯзи 13-уми декабри соли 2025, ки дар пайи он, ду кас кушта ва 18 тан маҷруҳ шуданд, содир карда буд.

Гуфта мешуд, гумонбари ин ҳодиса Клаудио Мануэл Невеш Валенте, шаҳрванди 48-солаи Пуртуғол буда, соли 2017 тавассути барномаи лотереяи “Корти сабз” ба Амрико ворид шудааст.

Боз доштани қуръакашии “Корти сабз” дар ҳолест, ки ҳамасола дар моҳҳои октябр ва ноябр сабтином дар ин барнома оғоз мешуд. Вале имсол оғоз нашуд. Сабабаш ҳам шарҳ дода намешавад.

Ҳамасола даҳҳо тан аз Тоҷикистон “Корти сабз”-ро пур мекунанд ва миқдори камашон соҳиби он мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 кас барандаи “Корти сабз” шуда буданд. 

Сар аз соли 1990, ҳамасола Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50 ҳазор раводиди иқомати доимӣ медиҳад. Ғолибони лотереяи “ Корти сабз” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.

Дар ин матлаби таҳиянамудаи мо дар бораи пур кардани мустақилонаи аризаи "Green Card" ва дар матлаби дигари дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.