Аз ихтирои робот то барномасозӣ. Чӣ тавр ҷавони тоҷик бо забони тоҷикӣ ҳуши маснуӣ сохт?

Нодира Собирзод, махсус барои Asia Plus

Барномаҳои интернетии зиёде мавҷуд аст, ки бо забонҳои гуногун матнро ба овоз ва овозро ба матн бармегардонад, аммо ба забони тоҷикӣ кам аст. Агар ҳам, ки ҳаст, на ҳамеша бо риояи қоидаи забони тоҷикӣ баргардон мекунад. Бо дарки ин нукта, Абдулазиз Авезов, барномасози ҷавон, тасмим гирифт ин фазои холиро бо барномаи “TajikVoice AI” пур кунад.

Тавассути “TajikVoice AI” метавон бо истифода аз матн садо офарид ва бо истифода аз садоро ба матн навишт, дар зери навор зернавишти худкор гузошт ё аз он дар марказҳои тамос ва сомонаҳои хабарӣ ба ҳайси ёвар истифода кард. Ин барнома имсол барандаи ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” шуд. Абдулазиз Авезов дар мавриди имкониятҳои ин барномаи ҳуши маснуӣ ва таърихи чӣ тавр ба барномасозӣ омадани худ ба “Азия Плюс” қисса кард.

 

Дар ҳалли мушкили худ

“Ҳар дафъа аз истифодаи тарҷумони онлайнӣ хаста мешудам. Меандешидам, ки кош “YouTube” мисле ки наворҳоро ба русӣ зернавишта мегузорад, ба тоҷикӣ низ зернавишт мегузошт. Рӯзе ба сарам ғояи таҳияи барномаи ҳуши маснуӣ омад”, – гуфт ӯ.

Абдулазиз мегӯяд, вақте наворҳои омӯзишӣ вобаста ба барномасозиро ҷустуҷӯ мекард, бештари онҳо бо забони англисӣ буд. Ӯ барои ҳалли мушкили худ ба таҳияи барномаи ҳуши маснуӣ бо забони тоҷикӣ пардохт.

“Баъзан мехостам ба ҷои суруд аудиокитоб гӯш кунам, аммо бо забони тоҷикӣ китоби дилхоҳамро намеёфтам. Вақте ки дар бораи ҳар як ниёзи худ фикр мекардам, ба барнома навгонӣ ворид менамудам. Ҳамин тавр, боз чанд вазифа ё имконияти дигар низ ба он зам шуд”, – таъкид кард Абдулазиз.

 

Чаро ӯ соҳиби шоҳҷоиза нашуд?

Абдулазиз мегӯяд, ин лоиҳаро ба номинаи ҳуши маснӯӣ ва барномасозии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” низ пешниҳод кард. Барнома бо 77 хол барандаи ҷойи якум ва 70 ҳазор сомонӣ шуд. Аммо барои ӯ шоҳҷоиза тақдим нашуд.

Бояд гуфт, шоҳҷоизаи ин озмун танҳо ба яке аз ғолибони ҷойи аввали номинаҳои ҳуши маснӯӣ ва барномасозию навоварӣ дода мешуд. Абдулазиз ҳам талабгори шоҳҷоиза будааст. Ӯ мегӯяд, бо ин мақсад ба Вазорати маориф ва илм рафта, сабаби ба шоҳҷоиза пешниҳод нашудани лоиҳаашро пурсидааст.

“Аз вазорат гуфтанд, ки барои гирифтани шоҳҷоиза бояд зиёда аз 90 хол дошта бошӣ. Аммо дар низомнома омадааст, ки иштирокчӣ бояд дар номинаи худ ҷойи аввалро ишғол кунад ва танҳо баъд метавонад барои шоҳҷоиза рақобат кунашд”, – изҳор дошт Абдулазиз.

Ин озмуни ҷумҳуривӣ аввалин дастоварди Абдулазиз дар самти фанновариҳои навин нест. Ӯ овони мактабхонӣ ду маротиба ғолиби озмуни вилоятии ихтироъкорони наврас шудааст.

Завқи Абдулазиз ба фанновариҳои муосир аз кӯдакӣ оғоз ёфта буд. Ӯ аз “YouTube” тарзи сохтани роботехникаро меомӯхт.

“Таҷҳизоте, ки барои сохтани робот лозим буд, дар деҳа дастрас набуд. Дар бораи фурӯшгоҳҳои интернетӣ бошад, тамоман маълумот надоштам. Аз шаҳр мошинчаи идорашаванда мехаридаму ҷузъҳои онро барои робот истифода мебурдам”, – ёд меорад Абдулазиз.

Ӯ мегӯяд, баъдтар ба устои телефон шогирд шуд ва ин рағбати ӯро барои омӯзиши барномасозӣ бештар кард.

 

“TajikVoice AI” чӣ имкониятҳо дорад?

Абдулазиз дар бораи имкониятҳои барномаи “TajikVoice AI”  гуфт, ки он метавонад садоро аз садоҳои берунӣ бо фанноварии 16kHz тоза кунад. Барнома танҳо гӯиши адабиро мешиносад ва менависад. Он 10 ҳазор калимаро дар 23 сония ба садо баргардон мекунад.

 

Агар барнома ба сомонаи хабарӣ пайваст шавад, метавонад онро мисли наттоқ хонад.

“Барои ба даст овардани натиҷаи беҳтар, овоз бояд бе садоҳои заминавӣ  бошад. Барнома вақти баргардон кардани садо ба матн 90 – 95% калимаҳоро дуруст менависад, аммо вақти баргардонии матн ба садо то 85% бехато кор мекунад”, – шарҳ медиҳад ӯ.

Дар баробари ин, таъкид мекунад, ки барнома ҳар лаҳза такмил ва кораш хубта мешавад. Агар аз он зиёд истифода кард ва ба ӯ кумак кард, ки калимаҳои нав омӯзад, садоро дуруст барояш талаффуз кард, пас кори он боз ҳам беҳтар мешавад.

Ба гуфтаи Абдулазиз, барномаро метавон дар марказҳои тамос ҳамчун ёвар истифода бурд. Он дар охири моҳ, ҳисоботи моҳонаро таҳлил мекунад, ки чанд нафар занг задааст, аз куҷо ва бо кадом масъалаҳо.

“Кӯшиш дорам, ки ин барнома мисли “Алиса”-и русӣ, фармонҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро кунад, хоҳ дар хонаҳои ҳушманд бошад, хоҳ дар идора”, – гуфт ин ҷавони барномасоз.

Абдулазиз мегӯяд, ки барнома ҳоло дар шакли замимаи мобилӣ дар дастраси умум нест, аммо дар рӯзҳои наздик он барои ҷомеа пешниҳод мешавад.

Ӯ мегӯяд, баъди дастраси умум шудани барнома, шояд истифода аз онро пулакӣ кунад ва барои истифодабаранда тарофаҳои “Pro” ва “Business” пешниҳод кунад.

Абдулазиз умед дорад, ки дар соли 2026 барномааш “TajikVoice AI” -ро  зиёда аз 30 ҳазор корбар истифода мекунанд ва ӯ стартапи худро оғоз мемекунад.

 

“Аз суръати интернет розӣ нестам”

Абдулазиз бовар дорад, ки дар бахши барномасозӣ ва навоварӣ зарфиятҳои ҷавонони кишвар зиёд аст, аммо як мушкили аслӣ дар ин роҳ, суръати пасти интернет дар кишвар аст. Ӯ мегӯяд, вақти боргирии навору барномаҳо бо асабоният вақти зиёд сарф мекунад ва ин кори ӯро ба дер меандозад.

“Ҳоло на ҳамаи калонсолону кӯдакон аз интернет истифода мебаранд. Аммо дар ду соли оянда, агар як миллион нафар аз як намуди симкорт ба интернет пайваст шаванд, оё интернет тавони бардошташро дорад, даргумон аст”, – изҳори нигаронӣ мекунад ӯ.

Бояд гуфт, Абдулазиз ҳадаф дорад, ки баъди хатми зинаи бакалавр барои идома таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи Сингапур дохил шавад ва дар ширкатҳое чун Google, Microsoft ё Amazon фаъолият кунад.

“Ҳар касе пеши худ ҳадаф гузоштааст ва барои иҷрои он талош мекунад, муваффақ мешавад. Ман ба ин бовар дорад ва ба худ ҳам эътимод дорам, ки метавонам муваффақ шавад”, – хулоса мекунад Абдулазиз.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.