ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1939 – Дар Тоҷикистон нахустин пойгоҳи зилзиласанҷии “Душанбе” ба кор даромад.
Соли 1959 – Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии XII-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 1972 – Аввалин корхонаи чармгариву пойафзолдӯзии “Душанбе” дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Дар бораи вазъи кунунии ин соҳа маълумоти бештарро метавонед аз ин мавод мутолиа кунед.
Соли 2004 – Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.
Соли 2010 – Вазорати энергетикаи Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод-1”, ки аз сӯи ширкати чинии "CTEAS" сохат мешуд, маъқул шуморид.
Соли 2015 – Дар Хуҷанд киностудияи хусусии “Суғдсинамо” ба фаъолият оғоз кард. Машҳуртарин филмҳои ин киностудия “12 соли интизорӣ”, “Тангно” ва “Сайёра ранг иваз мекунад” мебошад.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик манъ карда шуд.
Соли 2016 – Дар кишвар қонунгузорӣ барои танзими интихоби номҳо барои навзодон қабул шуд.
Соли 2017 – Реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ (лимит) дар Тоҷикистон бекор карда шуд. Бояд гуфт, имрӯз маҳдудияти барқ яке аз мушкилоти асосии мардум боқӣ мемонад ва сокинони аксар минтақаҳои кишвар шикоят доранд, ки ҳатто реҷа, ки мувофиқи он 10 соат барқ бояд дода шавад, риоя намегардад ва ҳатто дар баъзе манотиқ то 3 шабонарӯз барқ намегиранд.
Соли 2017 – Дар шаҳри Пориси Фаронса маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако баргузор гардид.
Соли 2019 – Ширкати “Asian Express” 30 автобуси истеҳсоли Кореяи Ҷанубиро ба истифода дод.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1843 – Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, пизишк ва шоири форс-тоҷик дар Шаҳрисабз аз олам даргузашт.
Соли 1919 – Мавлуди Нина Назарова, нахустин декани факултети иқтисод дар Тоҷикистон.
Соли 1926 – Мавлуди Мирзо Наимов, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1951 – Зодрӯзи Абдуманнон Тошматов, олим, мусиқишинос, номзади илмҳои педагогӣ.
Соли 1951 – Мавлуди Майрам Турсунова, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.
Майрам Турсунова хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз даврони донишҷӯйӣ дар Театри академӣ-драмавии Лоҳутӣ фаъолият дорад. Ӯ аз устодони бузурги театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Майрам Исоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Азиза Азимова, Бурҳон Раҷабов маҳорати ҳунарпешагӣ омӯхтааст.
Ӯ давоми фаъолияти ҳунариаш дар беш аз 100 намоиши театрӣ нақшҳои самимиву таъсирбахш офаридааст.
Нақши Каҷакхон дар намоиши “Интихоби домод” яке аз аввалин нақшҳои Марям Турсунова буд, ки муваффақ шудааст. Дар намоиши “Исёни арӯсон”, аз рӯйи асари ҳамноми Саид Аҳмад нақши Ғилдиракро иҷро намудааст, ки маъруф гардида буд.
Марям Турсунова дар нақшҳои лаҳзаина ва дувумдараҷа низ ҷилои ҳунарашро дурахшон нишон дода тавонистааст. Аз ҷумла, нақши хонум Монтекки дар намоиши “Ромео ва Ҷулйетта”-и Уилям Шекспир, ки ҳамагӣ се калима гап дораду як ё ду бор дар саҳна пайдо мешавад.
Соли 1955 – Мавлуди Наим Ҳакимов, мусиқишинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.
Наим Ҳакимов, мусиқишинос, муҳаққиқи таърихи “Шашмақом” ва мусиқиву ҳунарҳои миллии тоҷикӣ буда, як муддат Раиси намояндагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ буд.
Ӯ бо нашри як силсила асарҳо дар риштаи мусиқӣ ва ташаббусҳо дар ин самт номвар аст. Наим Ҳакимов муаллифи 26 китобу монография, 200 мақолаи илмӣ, мураттиби 50 китобу маҷмӯа ва дастурамалҳои таълимӣ мебошад.
Ӯ дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб захмӣ шуда, 28-уми декабри соли 2015 дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1986 – Мавлуди овозхон Муҳаммадрофеи Кароматулло, фарзанди Кароматулло Қурбонов, овозхони шинохтаи кишвар.
Муҳаммадрофеъи Кароматулло, овозхон ва оҳангсози тоҷик дар оилаи Кароматулло Қурбонов, сарояндаи маъруфи тоҷик ба дунё омада, шурӯъ аз соли 2006 ба саҳнаи санъати тоҷик қадам ниҳод. Хоҳари ӯ Нозияи Кароматулло низ яке аз сарояндагони маҳбуби кишвар аст.
Муҳаммадрофеъ аз соли 2010 роҳбари бадеии ансамбли эстрадии “Ориё” дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва беш аз 100 тарона сабт кардааст. Соли 2021 ин овозхон бо унвони “Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардид.
Соли 2015 – Соат Чалишев, омӯзгор, адабиётшинос ва фолклоршиноси тоҷик дар синни 81-солагӣ даргузашт.
Соат Чалишев доктори илмҳои филологӣ, профессор ва фолклоршиноси маъруфи минтақаи Кӯлоб аст. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии педагогии Кӯлоб таҳсил карда, аз соли 1958 то соли 2005 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, декани факулта ва профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб фаъолият кардааст.
Аз соли 2005 дар департаменти забонҳои Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Тоҷикистон кор мекард. Ӯ беш аз 100 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ доир ба фолклоршиносӣ, эҷодиёти шоирону адибони тоҷик таълиф намудааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, ӯ асосан гӯиши маросимҳои мардумӣ, аз ҷумла тӯй, мотам, гавҳорабандон, маросими дарав, ки хоси манотиқи кӯҳистони кишвар аст, таҳқиқ ва дурдонаҳҳои нодиреро ҷамъоварӣ кардааст. Яке аз ҷанбаҳои фаъолияташ таҳқиқи осори шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Вализода будааст.
Соат Чалишев соли 2012 баъди бозгашт аз Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Тоҷикистон дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кораш идома дода, ахиран 3 ҳазор нусха китоб аз китобхонаи шахсиашро ба донишгоҳ тақдим намуд.
Ӯ 14-уми феврали соли 2015 дар 81-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
14-уми январи соли 1980 Маҷлиси ғайринавбатии Ассамблеяи генералии СММ вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистонро маҳкум намуд. Дар тамоми ҷаҳон ин қарор ҳамчун таҷовуз қабул гардид. Ғарб ба вуруди нерӯҳо таҳримҳои васеи иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷорӣ кард.
14-уми апрели соли 1988 Созишномаҳои Женева барои ҳалли масъалаи Афғонистон имзо шуданд. То 15-уми феврали соли 1989 тамоми нерӯҳои шӯравӣ пурра аз Афғонистон хориҷ гардиданд.
Дар Ҳиндустон ҳамасола, 14-уми январ Фестивали байналмилалии паррандаҳои коғазӣ гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар ғарби Ҳиндустон, дар шаҳри Аҳмадобод, ки бузургтарин шаҳри иёлати Гуҷарот мебошад, баргузор мегардад.
Дар Фестивали байналмилалии паррандаҳои коғазӣ касбомӯзон ва дӯстдорони ин ҳунар, истеҳсолкунандагон ва коршиносони паррандаҳои коғазӣ на танҳо аз Ҳиндустон, балки аз тамоми гӯшаҳои дунё ҷамъ меоянд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона аз 0+5º гарм то 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 55-57º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 9-11º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


