“Намоиши қудрат дар ҳоли заъф”. Изҳороти “мубаллиғони Кремл” то куҷо баёнгари нақшаи Русия ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст?

Date:

Изҳороти таҳдидомези рӯзноманигор-мубаллиғи рус Владимир Соловёв ва ғояпардози миллатгаро Александр Дугин дар бораи “амалиёти махсуси низомӣ” дар Осиёи Марказӣ ва инкори истиқлоли кишварҳои ин минтақа мавҷи эътироз ва нигарониро дар ҷомеаи ин давлатҳо ба вуҷуд овард. Ҳарчанд мақомоти расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин таҳдидҳо вокуниши ошкор накардаанд, аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чеҳраҳои алоҳида чунин изҳоротро маҳкум карданд.

Коршиносони тоҷик ин суханонро, ки бидуни ризоияти Кремл ҳеҷ гоҳ аз телевизиони давлатии зери назорати комили ин ниҳод садо намедиҳад, кӯшиши нишон додани қудрат дар шароити заифии роҳбурдӣ ва заминасозӣ барои эҳтимоли дахолати оянда тафсир карданд.

 

Соловёву Дугин чӣ гуфтанд?

Владимир Соловёв, рӯзноманигори мубаллиғи Русия, ки рӯзи 10-уми январ дар барномаи “Соловьёв Live” баромад карда, Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро “минтақаи зери нуфузи Русия” номид ва гуфт, ки аз даст додани ин кишварҳо барои Маскав “мушкили бағоят ҷиддӣ” аст. Ӯ савол гузошт: агар барои таъмини амнияти миллӣ дар Украина “амалиёти махсуси низомӣ” оғоз шуд, пас чаро Русия ҳамин корро “дар дигар нуқтаҳои зери нуфузаш” карда наметавонад? Соловёв таъкид кард, ки ба ҳуқуқ ва низоми байналмилалӣ набояд пойбанд буд.

Баъд аз ин изҳорот, Александр Дугин, яке аз ғояпардозон ва мубаллиғони сиёсати Кремл, ки аз машваратчиёни роҳбари Русия ном бурда мешавад, гуфт, замони давлатҳои миллӣ ба охир расидааст ва ошкоро зидди соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳарф зад.

“Бо мавҷудияти Арманистони мустақил, Гурҷистони мустақил, Озарбойҷони мустақил, Қазоқистони мустақил, Ӯзбекистони мустақил, Тоҷикистони мустақил ва Қирғизистони мустақил розӣ шудан мумкин нест. Дар модели нави ҷаҳонӣ ҳеҷ чиз мустақил буда наметавонад. Соҳибихтиёрӣ тамом шуд, давлатҳои миллӣ ба гузашта тааллуқ доранд”, – гуфт Дугин.

Идеологи рус таъкид кард, қаламравҳое, ки зери назорати Русия нестанд, ё бояд қисми иттиҳоди Русия шаванд, ё ба пойгоҳҳои ҳарбии Ғарб, НАТО ё Чин табдил хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи ӯ, “роҳи миёна вуҷуд надорад”.

 

Кӣ ва чӣ вокуниш кард?

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон фавран сафири Русияро даъват карда, нотаи расмии эътирозӣ супурд ва таъкид кард, ки чунин изҳорот “бо рӯҳи шарикии стратегӣ мутобиқат намекунад”.

Аммо мақомоти расмии кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ба ин изҳороти мубаллиғони Русия вокуниш накарданд. Танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин кишварҳо садо баланд кард.

Дар Қирғизистон як қатор сиёсатмадорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карданд, ки Соловёвро шахси номатлуб эълон кунанд ва вурудаш ба кишвар манъ шавад. Расонаҳои қирғизӣ ҳам ин изҳоротро ҳамчун таҳдиди рӯшан ба истиқлолияташон пӯшиш доданд.

Расонаҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳам бо назари коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба изҳороти Соловёв ва Дугин вокунишҳо нашр карданд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия баъдан маҷбур шуд, тавзеҳ диҳад, ки суханони Соловёв “мавқеи расмии давлат нест” ва он танҳо “назари шахсӣ”-и ӯ мебошад. Захарова таъкид кард, ки Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “шарикии стратегӣ” аст.

Мо аз коршиносони тоҷик пурсидем, ки пасманзари изҳороти Соловёв ва Дугин чист, ин мавқеи расмии Русия буда метавонад ва чӣ паёмад хоҳад дошт? Ё тарҳи ҷанг дар Украина дар Осиёи Марказӣ такрор мешавад?

 

“Ин намоиши қудрат дар шароити заъф аст”

Рустам Азизӣ, коршиноси масоили ифротгароии хушунатомез, ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин ду изҳорот бештар кӯшиши тағйири мавзӯи рӯзномаи дохилӣ дар фазои расонаии Русия аст”.

Ба қавли ӯ, “дар пасманзари аз даст рафтани нуфузи Русия дар чанд самт – пас аз суқути режими Асад дар Сурия, қазияи Мадуро ва номуайян будани дурнамо дар Украина – таблиғгарон маҷбуранд мавзӯъҳои нав ҷустуҷӯ ва эҷод кунанд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Азизӣ

“Ҳадаф аз изҳороти “шахсӣ” ва “ғайрирасмӣ”-и симоҳои таблиғотию пархошгари шинохтае чун Соловёв ва Дугин пеш аз ҳама вонамуд кардани вазъест, ки гӯё Русия ҳанӯз ҳам қудрати бузург, ҳадди ақал дар сатҳи минтақа, боқӣ мондааст. Ин талоши рамзӣ барои нигоҳ доштани тасвири “абарқудрат” дар зеҳну хаёли мухотабони дохилӣ аст”, – шарҳ дод коршинос.

Аз нигоҳи Азизӣ, чунин суханҳо “шояд нишонаи омодагӣ барои дахолати воқеӣ набошанд”, аммо “метавонанд як навъи санҷиши вокунишҳо ва ҳамзамон заминасозӣ барои иқдомоти оянда бошанд”.

 

Чаро хомӯшӣ хатарнок аст?

Рустам Азизӣ тавзеҳ медиҳад, ки “тӯли солҳои зиёд дар фазои пасошӯравӣ одат шуда буд, ки ба хотири “дӯстӣ” ва “пешгирӣ аз таниш” ба чунин суханон посухи сахт дода намешуд”.

“Пропагандаи Русия маҳз ба ҳамин хомӯшию эҳтиёти роҳбурдии кишварҳо сӯйистифода мекард. Аммо вокуниши ахири фаъолони ҷамъиятӣ ва созандагони афкори умум нишон дод, ки ин давра тадриҷан ба поён мерасад. Имрӯз ҷомеаҳо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто бо эҳтиёткории расмӣ, дар сатҳи расонаӣ ва ҷамъиятӣ аз асли соҳибихтиёрии худ фаъолона ҳимоя мекунанд”, – гуфт Азизӣ.

Ӯ мегӯяд, “барои Тоҷикистон чунин посух набояд эҳсосотӣ бошад”, аммо “ибрози мавқеи равшан ва устувор дар сатҳи ҳуқуқӣ ва расонаӣ зарур аст”.

 

“Суханони Дугин орзуи тахайюлист”

Дар мавриди изҳороти Дугин, ин коршиноси тоҷик мегӯяд, аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ инкори истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан беасос аст.

“Истиқлол ва соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо эътирофи байналмилалӣ, узвият дар СММ, ниҳодҳои дигари бонуфузи ҷаҳонӣ ва аз ҳама аҷибаш – аз ҷониби худи Русия низ эътироф шудааст. Аз нигоҳи геополитикӣ низ ин на воқеият, балки бештар як орзуи тахайюлист”, – мегӯяд Рустам Азизӣ.

Вай меафзояд, “ҷаҳон дигар дуқутба нест” ва таъкид дорад, ки “кишварҳои минтақа имкони пешбурди роҳкардҳои сиёсӣ, гуногунсозии шарикон ва ҳифзи манфиатҳои худро доранд”.

Аз нигоҳи ин коршинос, чунин суханрониҳо бевосита ба афзоиши бегонаситезӣ ва муҳоҷирситезӣ замина фароҳам меоранд: “Ин танҳо як иқдоми сиёсӣ набуда, балки масъалаи иҷтимоӣ ва инсонӣ аст. Аз ҳамин хотир, кишварҳои минтақа бояд на танҳо дар сатҳи расонаӣ ва дипломатӣ, балки дар сатҳи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони худ низ фаъол бошанд”.

 

“Заминаи муносибати таҳқиромези пулис ба муҳоҷирон”​​​​​​​

Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси бахши муҳоҷират ба ин бовар аст, ки Соловёв ва Дугин чизеро мегӯянд, ки ҳукумати расмӣ ошкор гуфтан намехоҳад, аммо дар фикри тарҳрезиаш ҳаст.

Ӯ раддияи сухангӯи ВКХ-и Русияро бемаъно хонда, таъкид кард, ки “дар сиёсати Русия “андешаи шахсӣ” дар телевизионҳои давлатӣ вуҷуд надорад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шӯҳрат Латифӣ

 

“Ин усули “равзанаи Овертон” ном дорад. Аввал як фикри даҳшатнокро паҳн мекунанд, то мардум ба он одат кунанд. Вақте ки ҷанг воқеан сар мешавад, мардуми Русия онро ҳамчун як кори муқаррарӣ мепазиранд. Онҳо солҳо таблиғ мекунанд, ки “ин давлатҳо сохта ҳастанд” ва “бояд онҳоро бозпас гиранд”. Ин хатари ҷиддӣ аст!”, – нигаронӣ дорад Латифӣ.

Ин коршинос муҳоҷирону пули интиқолмедодаи онҳо ва вуҷуди пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро аз омили аслии “таҳаммулу сабурӣ” ва худдорӣ аз вокуниши шадиди мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба мубаллиғони Кремл медонад.

Аз сӯйи дигар, ин коршинсои бахши муҳоҷират нигарон аст, ки “суханрониҳои Соловёв ва Дугин заминаи муносибати сарду таҳқиромези пулиси ин кишвар алайҳи муҳоҷирон мешавад”.

“Вақте дар расонаҳои Русия кишвари муҳоҷиронро таҳдид ва истиқлоли онҳоро инкор мекунанд, корманди пулис ҳангоми боздошт ё латукӯб худро “қаҳрамон” меҳисобанд, на ҷинояткор. Ин суханрониҳо мустақиман ба “рейд”-у санҷишҳои таҳқиромез ва маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ оварда мерасонад. Ин тасодуф нест, ин сиёсати мақсаднок барои назорат ва фишор болои кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Муҳоҷирон чун гаравгон истифода мешаванд”, – гуфт ин коршинос.

 

“Хомӯшӣ роҳҳал ва вокуниш таъсиргузор нест”​​​​​​​

Латифӣ мегӯяд, “хомӯшии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари таҷовузи лафзӣ мубаллиғони Русияро ҷасуртар мекунад” ва “Дугин, Соловёв ва дигарон ин хомӯширо на одоби дипломатӣ, балки заъф ва розигӣ қабул мекунанд”.

Аз нигоҳи Латифӣ, хомӯшӣ роҳҳал нест, аммо вокуниш кардан ҳам таъсиргузор нахоҳад буд, зеро фишангҳои Русия дар Осиёи Марказӣ зиёд аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ мегӯяд, ки “вокуниши расмӣ тавассути нотаҳои эътирозӣ бояд бошад”, аммо муҳимтар аз ҳама, роҳҳои алтернативӣ бояд кашф ва ҳамвор шаванд. Дар ин росто, ӯ ду пешниҳод дорад:

– диверсификатсияи воқеӣ – пайдо кардани шарикони дигар ва коҳиш додани вобастагӣ аз бозори меҳнати Русия, ки ҳоло чун “шантаж” истифода мешавад;

– иттиҳоди минтақавӣ – муттаҳид шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ, бе ҳузури Русия аст. Кишварҳои минтақа бояд як мушти воҳид бошанд.

 

Бо Русия будан барои​​​​​​​ ОМ муҳим аст?

Аммо Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, нигоҳи дигар дорад.

Ӯ мегӯяд, “Дугину Соловёв вобаста ба гурӯҳҳои муайян андешаҳояшонро мегӯянд. Ин андешаи тамоми Русия буда наметавонад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфулло Сафаров

 

“Мо дар муддати 101 сол донистем, ки Русия барои мо чӣ аҳамияте дорад. Русия доим ду гурӯҳ аст. Оне ки бо мост ва оне ки бо дигарон аст. Мо бояд ба онҳое такя кунем, ки моро дастгирӣ мекунанд”, – иброз дошт Сафаров.

Ин сиёсатшиноси тоҷик мушаххас нагуфт, ки мақсадаш аз “мо” ва “дигарон” кист, танҳо зикр кард, ки “ҳар рӯз дар интернет садҳо кас халқи тоҷик ва Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд”.

“Бо Русия будан барои мо хеле муҳим аст. Мардуми мо русҳоро чун хешу табор медонанд. Русҳо ҳам инчунин, агар гурӯҳҳои фашистӣ ва миллатгаро набошанд”, – таъкид дорад Сайфулло Сафаров.

 

Хатар то куҷо воқеӣ аст?​​​​​​​

Бо назардошти ғояпардозу машваратчии Кремл будани гӯяндаи ин ҳарфҳо, саволе матраҳ мешавад, то куҷо ин таҳдидҳо воқеӣ аст?

Ба андешаи Рустам Азизӣ, таҷовузи мустақими ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ эҳтимоли камтар дорад, вале дар амал “талоши сохтани заминаи расонаӣ ва идеологӣ метавонад такрор шавад”.

Ба тавзеҳи ӯ, ин суханрониҳо маънои онро дорад, ки хатар на дар шакли ҳамлаи ногаҳонаи низомӣ, балки ба тадриҷ омода кардани замини психологӣ ва иттилоотӣ барои таъсиррасонӣ ба кишварҳои минтақа равона шудааст.

Бо вуҷуди ин, Азизӣ мегӯяд, минтақа аз воқеаҳои Украинаро сабақ андӯхтааст ва ҳушёртар шудааст: “Имрӯз ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ дигар омода нестанд суханони таҳдидомезро нодида гиранд ва ин худ як омили боздоранда мебошад. Шикасти муҳри хомӯшӣ ва афзоиши мавқеъгирӣ нишон медиҳад, ки минтақа тадриҷан ба марҳалаи ҳимояи фаъолонаи соҳибихтиёрӣ ворид мешавад”.

Шӯҳрат Латифӣ ба баҳонаи ҳамла ба Украина ишора карда, гуфт, “дар Тоҷикистон аҳолии русзабон кам аст, бинобар ин баҳонаи “ҳимояи русҳо” мисли Донбасс камтар кор медиҳад”. Ба қавли ӯ, ин фарқи муҳим аст, зеро дар Украина яке аз баҳонаҳои асосии таҷовуз ҳамин “ҳимояи аҳолии русзабон” буд.

Вале Латифӣ аз эҳтимоли пиёда кардани тарҳи дигаре нигарон аст: "Яъне ташкили нооромиҳо дар сарҳад бо Афғонистон ё дохили кишвар ва ворид кардани нерӯҳо зери парчами СААД барои “наҷот”-и мо, ки дар асл "ишғоли нарм" аст".

Аммо Сайфулло Сафаров ба ин бовар аст, ки “то Путин сари давлат аст, ҳеҷ кас ба Осиёи Марказӣ дасти таҷовуз дароз нахоҳад кард”.

“Баъд кадом гурӯҳҳо сари ҳокимият меоянд, аз онҳо вобаста аст. Оянда номуайян аст ва тағйири раҳбарият дар Русия метавонад сиёсати минтақавиро низ тағйир диҳад”, – мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик.

 

Роҳҳои пешгирӣ кадомҳоянд?​​​​​​​

Барои пешгирии хатарҳо, Азизӣ чанд самти муҳимро номбар мекунад: “Пешгирии чунин хатарҳо ба ваҳдати дохилӣ, сиёсати мутавозини хориҷӣ, рушди худшиносии сиёсӣ ва ҳифзи фазои расонаӣ вобаста аст”.

Сафаров низ тавсия медиҳад, ки “кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд бо Русия робитаи хубро нигоҳ доранд, вале соҳибихтиёрии худро мустаҳкам намоянд”.

Ба қавли Латифӣ, агар набзи то кунун пойбарҷобуда ҳифз шавад, се омили зер садди роҳи Русия хоҳад буд:

– нақши калидии Чин: Пекин Осиёи Марказиро минтақаи манфиатҳои иқтисодии худ медонад ва барои ҳифзи сармоягузориҳояш ба бесуботӣ ва “бесарусомонӣ” иҷозат намедиҳад.

– заифии ҳарбию иқтисодии Русия: Ҷанг дар Украина захираҳои Русияро кам кардааст, ки имкони кушодани “ҷабҳаи дуюм”-ро маҳдуд месозад.

– нуфузи афзояндаи Туркия: Туркия ҳамчун алтернативаи қавии ҳарбӣ -сиёсӣ ва фарҳангӣ нақш мебозад, зеро вай бо кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ робитаҳои зич дорад ва метавонад нақши “мувозинкунанда”-и қудратҳоро бозад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...