“Шӯрои сулҳ”, мулоқоти Трампу Зеленский ва шитоби Уиткофф ба сӯйи Путин. Дар Давос кӣ ва чӣ гуфт?

Asia-Plus, бо истифода аз маводи расонаҳои байналмилалӣ

Шаби 22 ба 23-юми январ дар Маскав Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Амрико ва Ҷаред Кушнер, соҳибкор ва домоди Доналд Трамп дар робита ба поёни ҷанг дар Украина мулоқот кард. Чанд соат пештар аз ин, Владимир Зеленский ва Доналд Трамп, раисҷумҳурони Украина ва Амрико дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Давос айнан дар ҳамин мавзуъ сӯҳбат карданд.

Тибқи иттилои Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия, дар мулоқоти Путин ва Уиткоффу Кушнер, ки қариб севуним соат давом кардааст, ҷонибҳо дар мавриди “таассурот ва арзёбии худ” аз мулоқоти Трамп бо Зеленский дар Давос баргузор шуд, табодули назар кардаанд.

Ҳамчунин, дар ин дидор тарафҳо барои баргузории аввалин ҷаласаи сеҷониба бо иштироки намояндаҳои Русия, Амрико ва Украина дар масъалаҳои амниятӣ ба созиш расидаанд. Қаблан Зеленский гуфта буд, ки ин нишаст рӯзҳои 23 ва 24-уми январ “дар сатҳи фаннӣ” дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор хоҳад шуд.

Ёвари Путин музокироти шаби гузаштаро “пурмазмун, созанда, содиқона ва боэътимод” хондааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Русия дар ин гуфтугӯҳо, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки “бе ҳаллу фасли масъалаи қаламравӣ” наметавон ба натиҷае умед баст.

“То замоне, ки ин масъала ҳал нашавад, Русия кӯшиш мекунад, ки ҳадафҳои таъинкардаи худро дар амалиёти махсуси низомӣ (Русия ҷанги худ алайҳи Украинаро амалиёти махсуси низомӣ меномад) ба даст орад”, – изҳор доштааст Ушаков.

Ӯ илова кардааст, ки дар музокироти Маскав масъалаҳои таъсиси "Шӯрои сулҳ",  вазъи Гренландия ва дигар мавзуъҳои минтақаӣ низ муҳокима гардид.

Ҷониби Амрико то кунун дар ин маврид изҳори назар накардааст.

 

Зеленский: “Як сол гузашт, вале ҳеҷ чиз тағйир наёфт”

Як рӯз пеш аз ин, 22-юми январ Владимир Зеленский ва Доналд Трамп дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Давос тақрибан як соат паси дарҳои баста бо ҳам гуфтугӯ доштаанд. Баъди анҷоми мулоқот, Трамп ба хабарнигорон гуфтааст, ки вохӯрӣ бо Зеленский “хуб” гузаштааст.

Ӯ пиромуни масоиле, ки баррасӣ шуданд, мушаххасан посух надода, ба саволи хабарнигорон дар робита ба паёмаш ба Путин гуфтааст, “ҷанги Русия алайҳи Украина бояд хотима ёбад”.

Трамп ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳарду ҷониб ба сулҳ майл доранд ва Зеленский барои бастани созиш омода аст.

“Фикр мекунам, гуфта метавонем, ки мо ба ин масъала хеле наздик шудаем”, – гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Зеленский зимни суханронӣ дар ҳамоииши Давос, ки чанде пас аз мулоқоти ӯ бо Трамп сурат гирифт, Аврупоро барои қотеъ набуданаш дар мавқеи худ дар ҷанг дар Украина интиқод кардааст.

“Аврупо то имрӯз, поёни соли чоруми ҷанги бузург, ба таври қобили қабул қотеъ нест, нерӯҳои ҳарбии худро ба андозаи лозимӣ тақвият намедиҳад ва ҳамоно аз ҳад зиёд ба Амрико такя мекунад”, – гуфтааст ӯ.

Роҳбари Украина гуфтааст, ки Аврупо ба қувваҳои мусаллаҳи муттаҳид ниёз дорад ва бояд киштиҳои нафткаши новгон (флот)-и соягии Русияро боздорад. Ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар сурати тасмими кишварҳои аврупоӣ барои ғарқ кардани киштиҳои русӣ дар гирди Гренландия, Украина омодаи кумак аст.

Дар оғози суханронии худ дар Давос, Владимир Зеленский аз филми машҳури амрикоии “Рӯзи суғур” (Groundhog Day) ёдовар шуда, гуфтааст, ки “ҳеҷ кас намехоҳад чунин зиндагӣ кунад. Аммо мо имрӯз маҳз ҳамин гуна  зиндагӣ дорем. Соли гузашта ман суханронии худро дар ин ҷо, дар Давос, бо ҷумлаи “Аврупо бояд  ба ҳимояи худ қодир бошад” анҷом додам. Як сол гузашт, вале ҳеҷ чиз тағйир наёфт”.

 

“Шурои сулҳ”-и Трамп оё ҷойгузини СММ мешавад?

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп дар ҳошияи ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос аз таъсиси Шӯрои сулҳ (Board of Peace) – ниҳоди нави байналмилалӣ, ки ба гуфтаи коршиносон, метавонад ҷойгузини Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бошад, хабар дода, оинномаи онро имзо кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, ин як  шӯрои умумиҷаҳоние хоҳад буд, ки раёсати онро Доналд Трамп ба уҳда мегирад. Вазифаи раиси Шӯро интихобӣ нест ва ӯро танҳо бо истеъфои ихтиёрӣ ё дар ҳолати аз даст додани қобилияти корӣ метавон барканор кард. Трамп худ вориси худро таъин мекунад.

Дар суханронии худ Трамп гуфтааст, Шӯрои сулҳ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла СММ фаъолият хоҳад кард. Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи Сафед эълон кардааст, ки Шӯрои сулҳ акнун расман ба як созмони байналмилалӣ табдил ёфтааст.

CNN дар асоси пешнависи оинномае, ки ба дасти онҳо расидааст, менависад, ки “Шӯрои сулҳ” фаротар аз масъалаи Ғазза, ният дорад дар ҳамаи даргириҳои ҷаҳонӣ миёнҷигарӣ кунад.

Барои дарёфти узвияти якумрӣ ҳар кадом кишварҳо бояд як миллиард доллар пардохт намоянд. Барои шомил шудан ба Шӯро даъватномаи Трамп лозим буда, муҳлати узвият се сол гуфта мешавад. Кишварҳое, ки то 22-юми январи соли 2027 ба буҷети Шӯро як миллиард доллар пардохт мекунанд, узви доимӣ мегарданд. Раис метавонад давлатеро хориҷ кунад, агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шуро зидди ин қарор овоз надиҳанд.

 

Чанд кишвар оинномаро пазируфтанд?

Дар Форуми Давос рӯзи 22-юми январ оинномаро намояндагони беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Баҳрайн, Марокаш, Аргентина, Арманистон, Озарбойҷон, Булғористон, Маҷористон, Индонезия, Урдун, Қазоқистон, Косово, Покистон, Парагвай, Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия, Аморати муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон, Муғулистон имзо кардаанд.

Чин, Русия ва чанд кишвари дигар ҳанӯз посухи ниҳоӣ надодаанд. Дар ҳамин ҳол Трамп иддао кардааст, ки Владимир Путин низ барои узвият дар Шӯро мувофиқат кардааст ва пешниҳод додааст, ки ҳаққи узвияти якмиллиарддоллариро аз дороиҳои масдудшудаи Русия дар Амрико пардохт кунад.

Нуқтаи баҳсбарангези ин тарҳ фурӯши курсиҳои доимӣ ба маблағи 1 миллиард доллар аст. Мунаққидон Шӯрои сулҳро “клуби пулакӣ” меноманд, дар ҳоле ки ҷонибдоронаш бар ин назаранд, ки кишварҳое, ки ба ташаббусҳои ҷаҳонӣ бештар саҳм мегузоранд, бояд нуфузи бештар дошта бошанд.

Бо вуҷуди ин фишорҳо, мақомоти СММ таъкид кардаанд, ки ин созмон ҷойгоҳи худро ҳифз хоҳад кард ва “Шӯрои сулҳ” наметавонад ҷойгузини он шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?