ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Кохи Борбад ҷоизасупории “Суруди сол – 2025”, ки чанд соли охир аз сӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешавад, доир мегардад. Чорабинӣ соати 16:30 оғоз хоҳад шуда, 24 овозхон бо ҷоиза қадрдонӣ мешаванд. Арзиши чипта аз 250 то 400 сомонӣ аст.
– Имрӯз дар Сирки давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳунармандони машҳури ҷаҳонӣ – Флавио ва Бруно Тони барномаи сиркӣ пешниҳод мекунанд. Дар барнома ҳамчунин ҳунарнамоии акробатҳо, гимнастҳои ҳавоӣ, жонглёр ва масхарабоз пешниҳод мешавад. Ҳамчунин бо паланги омӯзонидашуда саҳнаҳои ҷолиб таҳия шудаанд. Арзиши чиптаҳо аз 80 то 150 сомонӣ буда, метавон аз хазинаи Сирк ва ё сомонаи ticketon.tj дастрас кард.
– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети машҳури Лео Делиб – “Коппелия” намоиш дода мешавад. Арзиши чипта аз 33 то 55 сомонӣ буда, метавон аз хазинаи театр ва ё сомонаи echipta.tj дастрас кард.
ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
Соли 1970 – Дар Хоруғ нахустин корхонаи тавлиди маҳсулоти дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2001 – Парламент қарор кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шахсони мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамроҳ шавад.
Соли 2010 – Намояндагии дипломатии шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе фаъолияти худро оғоз намуд.
Соли 2011 – Дар терминали байналмилалии фурудгоҳи “Домодедово” таркиш рух дод. Дастгоҳи тарканда, ки бо элементҳои металлии осебрасон пур шуда буд, аз ҷониби террористи маргталаб фаъол карда шуд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 37 нафар ҳалок ва 172 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар миёни фавтидагон 3 шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд. Тафтишот муайян кард, ки таркишро террористи маргталаб Магомед Евлоев анҷом дода, ташкилкунандаи он Доку Умаров, раҳбари созмони ҷиноии “Иморати Кавказ” будааст.
Соли 2021 – Номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритус иваз карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Мавлуди Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик.
Наврӯзшо Қурбонҳусейнов яке аз аввалин мутрибу сарояндагоне буд, ки бо таъсиси Театри драмаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба фаъолият пардохт. Ӯ солҳо дар ин театр фаъолият бурда, як муддат роҳбари бахши мусиқии ин театр буд. Дар давоми фаъолияти ҳунарии ӯ беш аз 200 суруду навоҳои мукаммали мусиқӣ офарида шуданд.
Ӯ ҳамчунин созҳои мусиқии рубоб, танбӯр, сетор, ғижжак, най ва ҷуфтсозро моҳирона менавохт. Ба як зумра филмҳои синамоӣ оҳангу наво офаридааст, аз ҷумла дар филми “Бачагони Помир”, намоишҳои “Тошбек ва Гулқурбон”, “Қишлоқи тилоӣ”, “Овози ман”, “Духтари тоҷик” аз маъруфтарин сурудаҳои ӯянд.
Соли 1944 – Зодрӯзи Субҳон Ибодов, физикдон ва ахтаршиноси тоҷик.
Соли 1962 – Мавлуди Муаззамхон Ансорӣ, номзади илмҳои филология, ректори Донишкадаи омӯзгорӣ дар шаҳри Панҷакент.
Ӯ 18 сол инҷониб, аз соли 2007 то имрӯз ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аст
Муаззамхон Ансорӣ имрӯз ҳамчунин профессори фахрии Донишгоҳи Вена ва аъзои Шӯрои академияи Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир аст.
Дар соҳаи адабиётшиносӣ якчанд таҳқиқотҳои адабӣ анҷом дода, 8 китоб таълиф намуда, барои китоби Энсиклопедияи миллии тоҷик зиёда аз 300 мақола таълиф намудааст..
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии маориф ҷашн гирифта мешавад. Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз тақрибан 244 миллион кӯдак ва наврас дар ҷаҳон имкони ба мактаб рафтан ё хатми онро надоранд. Сабаби ин ҳолат камбизоатӣ, табъиз, низоъҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулода ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошанд. Ҳамчунин муҳоҷират ва кӯчонидани маҷбурӣ ба дастрасии маориф таъсири манфӣ мерасонанд.
24 январ Рӯзи байналмилалии “эскимо” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1922 Кристиан Нелсон, соҳиби дӯкони шириниҳо дар шаҳри Онава (штати Айова, ИМА) барои ихтироъи “эскимо” – яхмоси қаймоқӣ дар чӯбчаи шоколадпӯш патент гирифт. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ “эскимо” аз соли 1937 паҳн шуд.
Имрӯз Рӯзи огоҳӣ дар бораи синдроми Мёбиус аст. Синдроми Мёбиус, ки ба номи Паул Юлиус Мёбиус, олим ва асабшиноси олмонӣ гузошта шудааст, як бемории нодири ирсӣ аст. Он бо фалаҷи асабҳои рӯй ва дигар аномалияҳо, аз қабили норасоии мушакҳои қафаси сина ва нуқсони узвҳо мушаххас мешавад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сабаби ин синдром метавонад вайроншавии асабҳо дар давраи рушди ҷанин, таъсири доруҳо ё бемориҳои музмини модар бошад.
24-уми январи соли 1965 Уинстон Черчил, сарвазири Бритониёи Кабир дар 90-солагӣ даргузашт. Ӯ яке аз маъруфтарин сиёсатмадорон ва давлатмардони асри ХХ ба шумор меравад. Черчилл ду маротиба – солҳои 1940–1945 ва 1951–1955 сарвазири Британияи Кабир буд ва дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо иродаи қавӣ, қарорҳои қатъӣ ва суханрониҳои таъсирбахшаш маъруф гардид.
Ғайр аз фаъолияти сиёсӣ, Уинстон Черчилл нависанда, таърихнигор ва журналист низ буд. Ӯ осори зиёди таърихӣ навиштааст ва барои саҳмаш дар адабиёт ва тавоноии баён, соли 1953 бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт қадрдонӣ шуд.
24 январи соли 1935 бори аввал нӯшокии пиво дар банка ба фурӯш бароварда шуд. Ширкати амрикоии "Krueger Brewing Co" дар шаҳри Ричмонд аввалин марҳилаи пивои банкаро истеҳсол намуд.
Навоварӣ зуд писанди мардум гашт: ҳамагӣ пас аз ним сол фурӯши пиво дар банкаҳои металлӣ нисбат ба фурӯши анъанавӣ панҷуним маротиба зиёд шуд. Талабот рӯ ба афзоиш овард ва пиво дар байни аҳолӣ хеле маъмул гардид. Дар ибтидо банкаҳо аз пӯлод сохта мешуданд. Истифодаи алюминий барои истеҳсоли банкаҳо бори аввал соли 1958 дар ҷазираҳои Ҳавай оғоз ёфт.
24 январ ҳамчунин “табларзаи тиллоии Калифорния” – истихроҷи оммавии тилло дар солҳои 1848-1855 оғоз ёфт. Ин рӯйдод ба рушди босуръати минтақа сабаб гардид: дар чанд соли кӯтоҳ Сан-Франсиско аз як шаҳраки хурд ба маркази бузург табдил ёфт, роҳҳо, мактабҳо ва калисоҳо бунёд шуданд.
Бо гузашти вақт низоми қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва соли 1850 Калифорния расман ба ҳайси як иёлати Амрико пазируфта шуд. Аз ҳамон вақт онро аксар вақт “Иёлати тиллоӣ” меноманд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7-12º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4 гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 1-3º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 1-3º сард.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0-2º сард, шабона 6-8º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 24 ба 25-юми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


