“Асардуздӣ сабт нашуд, вале истифодаи ҳуши маснуӣ афзуд”. Нигаронии раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ аз кори муҳаққиқони тоҷик

Date:

Соли 2025 дар ҳеҷ кори диссертатсионӣ ҳолати асардуздӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар беш аз 100 кори илмӣ истифодаи ҳуши маснуӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, хост, ки муҳаққиқони тоҷик “фарҳанги истифодаи ҳуши маснуиро омӯзанд”.

 

Омори олимони соли 2025

Давлатзода гуфт, ки дар соли 2025 барои дарёфти дараҷаи илмӣ аз шӯроҳои диссертатсионӣ ба КОА 602 кори илмӣ ворид шудааст. Аз ин шумора, 568 диссертсия тасдиқ шудааст: 78 – доктори илм, 406 номзади илм ва 84 доктори фалсафа. 34 кори илмии дигар то ҳол тасдиқ нашудаанд.

Ҳамчунин, соли 2025 КОА ба 34 нафар унвони профессорӣ додааст.

Аммо КОА соли сипаришуда 46 қарорҳои шӯроҳои диссертатсиноӣ доир ба додани дараҷаҳои илмиро “бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда” бекор кардааст.

Сайфиддин Давлатзода дар тавзеҳи саволи хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки 46 диссертатсия, ки аксараш кори номзадӣ будааст, бинобар аз 15 дарсад зиёд будани иқтибосҳо, нодуруст ворид кардани махзан ва нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризнашаванда рад шудаанд.

“Меъёри иқтибосорӣ то 15 дарсад аст. Аз ин зиёдаш ба асолати матн таъсири манфӣ мерасонад. Мақолаҳои илмӣ бояд дар маҷаллаҳои тақризшаванда чоп шаванд. Ҳатто сохтор бояд тибқи муқаррарот таҳия шавад. Вагарна мо қарорҳои шӯроҳои диссертатсионӣ дар мавриди додани дараҷаи илмиро бекор мекунем”, – гуфт раиси КОА.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфиддин Давлатзода

Асардуздӣ нест, вале истифодаи ҳуши маснуӣ зиёд шудааст​​​​​​​

Ба гуфтаи Сайфиддин Давлатзода, дар соли 2025 пас аз ҳимояи кори илмӣ ягон ҳолати асардуздӣ (плагиат) ба қайд гирифта нашудааст. Ӯ гуфт, ки ин мушкил дар шӯроҳои диссертатсионӣ ва дар барномаҳои санҷиши асардуздӣ (антиплагиат)-и донишгоҳҳо ҳалли худро ёфта, то замони ҳимояи кори илмӣ пурра бартараф мешавад.

Аммо раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ бо нигаронӣ афзуд, ки истифодаи ҳуши маснуӣ дар корҳои илмӣ афзудааст. Ба қавли ӯ, дар соли гузашта беш аз 100 кори илмӣ бинобар таъсири манфии ҳуши маснуӣ ошкор шуда, ба ҳимоя иҷоза дода нашудааст.

“Истифодаи ҳуши маснуӣ дар корҳои илмӣ то охири соли 2025-ум 6 маротиба зиёдтар шудааст. Мо барноме дорем, ки кадом қисмати кори диссертатсиониро ҳуши маснуӣ навиштааст, маълум мекунад. Ҳатто дақиқ мегӯяд, ки кадом навъи ҳуши маснуӣ навиштааст”, – гуфт Давлатзода.

Ӯ таъкид кард, ки ҳамаи корҳои илмие, ки дар он таъсири зиёди ҳуши маснуӣ ошкор шудааст, ба ҳимоя роҳ дода нашудааст: “Яъне, то ҳол ягон диссертатсияе, ки бо ҳуши маснуӣ навишта шудааст, ҳимоя нашудааст”.

 

“Фарҳанги истифодаи зеҳни сунъиро омӯзем”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
КОА: Истифода аз ҳуши маснӯӣ дар корҳои илмӣ 6 маротиба афзудааст

Сайфиддин Давлатзода гуфт, ки муҳаққиқон бояд фарҳанги истифодаи ҳуши маснуиро омӯзанд ва аз он самаранок истифода баранд.

“Дар кор онро ҳамчун ёрдамчӣ истифода кардан даркор. Аз он хоҳиш кардан даркор нест, ки ба ҷои мову шумо диссертатсияро нависад. Аз уҳдааш намебарояд. Худаш ҳам мегӯяд, ки “ман роботам”. Мо бояд барои пешравии кор истифода барем, аз фазои ҷаҳонии иттилоотӣ дур намонем, вале фарҳанги истифодабарии онро омӯзем. Ҳеҷ вақт зеҳни сунъӣ дар пойгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ рафта, таҷриба нагузаронидааст. Он чи ки дар “база”-аш ҳаст, онро коркард мекунад, тамом. Мо бояд онро муқоиса ва далелсанҷӣ кунем. Ин ҷанбаҳоро фаромӯш кардан даркор нест”, – гуфт раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ.

Вай афзуд, ки санҷиши истифодаи ҳуши маснуӣ вазифаи Комиссияи олии аттестатсионӣ нест, вале “ба хотири баъди ҳимоя мушкил пеш наомадан, онро месанҷем”.

 

Нигоронии раисҷумҳур аз мушкили чандинсола​​​​​​​

Бояд гуфт, ин аввалин ҳушдори КОА аз истифодаи ҳуши маснӯӣ дар корҳои илмӣ нест. Ин ниҳод моҳи окятбри соли 2025 ҳам дар ин маврид изҳори нигаронӣ карда буд.

Аммо асардуздии олимон тоҷик мушкиле буд, ки солҳо инҷониб таъкид мешуд. Пойгоҳи “Диссернет” борҳо рӯйхати олимони тоҷикро, ки дар кори илмиашон асардуздӣ ошкор шуда буд, расонаӣ кардааст.

Моҳи майи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар мулоқоти худ бо аҳли илм ва маориф аз асардуздии олимони тоҷик интиқод карда, гуфт, то имрӯз пойгоҳи “Диссернет” 150 ҳолати асардуздии олимони тоҷикро ошкор карда, дипломи 7 нафари онҳо беэътибор эълон шудааст.

Ҳамчунин ӯ аз кори Комиссияи олии аттестатсионӣ интиқод карда гуфт, ин муассиса барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои муассир намеандешад.

“Як қисми унвонҷӯён рисолаи илмии номзадиро худашон наменависанд ва ҳатто моҳияти онро дарк намекунанд. Ҳимояи рисолаҳо тибқи сенарияи пешакӣ сурат мегирад, ки аз фаъолияти сохтакоронаи шӯроҳои ҳимоя гувоҳӣ медиҳад”, – гуфта буд раисҷумҳур.

Ёдовар мешавем, ки дар байни довталабони унвонҳои илмие, ки дар корҳои илмиашон асардуздӣ ошкор мешавад, мансабдорон ва кормандони мақомоти баландпоя низ ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related