Тоҷикистону Қатар ҳамкориҳоро дар самти таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон густариш медиҳанд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода рӯзи 27 январ бо  директори генералии ширкати “Ҷусур”-и Давлати Қатар Абдулҳоди Бахит Барқан дидору гуфтушунид кард. Ба иттилои Вазорат, меҳмон аз Қатар бо мақсади баргузор намудани Намоиши таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба ҷумҳурии мо омадаанд. Гуфта мешавад, зимни мулоқот Солеҳа Холмаҳмадзода аз муносибатҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода рӯзи 27 январ бо  директори генералии ширкати “Ҷусур”-и Давлати Қатар Абдулҳоди Бахит Барқан дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои Вазорат, меҳмон аз Қатар бо мақсади баргузор намудани Намоиши таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба ҷумҳурии мо омадаанд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот Солеҳа Холмаҳмадзода аз муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қатар, оғоз ёфтани марҳилаҳои нави ҳамкорӣ ва фароҳам овардани заминаи устувори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳои ҳарду кишвар маълумот дод.

Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид доштааст, ки Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳо аз 3 феврали соли 2019 муваффақона амалӣ мешавад. Созишнома оид ба танзими қувваи корӣ масъалаҳои омодасозӣ ва сафарбаркунии қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Давлати Қатарро танзим менамояд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳамкорӣ байни МД“Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва ширкати “Ҷусур”-и  Қатар аз 15 майи соли 2023 оғоз ёфта, сафарбарсозии шаҳрвандон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ тавассути платформаи электронии www.tawzeef.qa ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз натиҷаҳои назарраси мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуён – шаҳрвандони кишвар, ки 25 январ дар меҳмонхонаи Crowne Plazza баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар натиҷаи мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуён, ки дар меҳмонхонаи Crowne Plazza баргузор гардид, 800 нафар шаҳрванди Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз ин шумора 186 нафар қабул гардида, мавқеи 230 нафари дигар муайян карда мешавад.

Мусоҳибаҳо то 27 январ идома доштанд. Изҳори умедворӣ шуд, ки теъдоди бештари шаҳрвандон ба мусоҳиба фаро гирифта шуда, дар Давлати Қатар бо ҷойҳои кории муносиб ва маоши баланд таъмин мегарданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ вазир ташрифи меҳмононро ба вазорат имкони муҳиму мусоид ҷиҳати дарёфти кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.