Бозиҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 оғоз мешаванд

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон имрӯз, 28 январ бозии нахустинашро бо тими миллии Ӯзбекистон дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия оғоз мекунад. Дар вохӯрии аввали даври гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳарифи дерину усулии худ – тими мунтахаби кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Бозӣ дар маҷмааи варзишии “Индонезия-Арена” доир гардида, соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон имрӯз, 28 январ бозии нахустинашро бо тими миллии Ӯзбекистон дар мусобиқоти Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия оғоз мекунад.

Дар вохӯрии аввали даври гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳарифи дерину усулии худ – тими мунтахаби кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Бозӣ дар маҷмааи варзишии “Индонезия-Арена” доир гардида, соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” қарор гирифт. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин дастаҳои Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия шомил шуданд. Ҳамчунин имрӯз дар ин гурӯҳ дастаҳои Ҷопон ва Австралия бо ҳам рақобат мекунанд.

Мусобиқоти Ҷоми футзали Осиё-2026 рӯзи 27 январ оғоз шуд. Дар ин мусобиқа 16 дастаҳои қора, ки ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд, бозӣ мекунанд.

Тибқи қоидаҳои мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Мусобиқа то 7 феврал идома меёбад.

Вохӯрӣ бо тими Ӯзбекистон имтиҳони муҳиму ҷиддӣ барои мунтахаби Тоҷикистон буда, барои роҳ ёфтан ба даври плей-офф (даври ҳазфӣ) метавонад нақши калидӣ бозад.

Ҷадвали бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон (гурӯҳи “С”):  

28 январ. Ӯзбекистон — Тоҷикистон.

30 январ. Тоҷикистон — Австралия.

1 феврал. Тоҷикистон — Ҷопон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.