Коҳиши озодии баён ё тағйири шеваи кор? Давоми як соли гузашта дар Тоҷикистон 7 нашрияи мустақил кам шудааст

Date:

Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг масъалаи аз чоп мондани чанд рӯзномаи мустақил ва нисбат ба расонаҳои давлатӣ бамаротиб кам шудани расонаҳои хусусӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Рӯзноманигорон ин равандро ҳамчун рукуди озодии баён ном бурданд, вале масъулин шарҳи дигар доранд.

 

Омори расонаҳои Тоҷикистон

Аз омори нави Вазорати фарҳанг дар бораи табъу нашр ва матбуот маълум мешавад, ки соли 2025-ум 7 рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон кам шудааст.

Ин ниҳод гуфт, ҳоло дар кишвар 61 нашрияи мустақил нашр мешавад, ки ин рақам назар ба як соли қабл 7 адад камтар аст. Соли пеш дар Тоҷикистон 68 рӯзномаи мустақил чоп мешуд.

Аммо, бар асоси омори тозаи Вазорати фарҳанг, шумораи нашрияҳои давлатӣ соли сипаришуда як адад афзуда, аз 130 ба 131 адад расидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Матлубахон Сатториён

 

Дар ҳамин ҳол, соли 2025 теъдоди маҷаллаҳои давлатӣ ва хусусӣ афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар кишвар 184 маҷалла (151 давлатӣ ва 33 мустақил) ба чоп мерасад. Соли гузашта шумораи маҷаллаҳо 158 адад (130 давлатӣ ва 28 мустақил) буд.

Аммо метавон барои муқоиса аз соли 2012 мисол овард: дар Тоҷикистон 446 рӯзномаву маҷалла сабти ном шуда буд, ки аз ин 270 нашрия ҷамъиятиву хусусӣ буданду 176 адади он давлатӣ. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки давоми 13 сол теъдоди нашрияҳои мустақил ба миқдори назаррас коҳиш ёфтааст.

МЕДИА (IFRAME)

 

Сабаби аз чоп мондани рӯзномаҳои мустақил чист?

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар бораи рӯзномаҳои мустақили азчопмонда гуфт, ки бархеи онҳо бо ҳукми додгоҳ ва бархеи дигар бо сабаби камбудии молиявӣ аз чоп мондаанд.

Вай гуфт, ки ҳафтаномаҳои “Фараж” ва “Самак” ва як рӯзномаи кӯдаконаи дигари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) бо сабаби баста шудани ин созмон аз чоп бозмонданд. Аммо муовини вазири фарҳанг номи дигар рӯзномаҳои мустақили азчопмондаро зикр накард.

“Рӯзномаҳое, ки аз доираи меъёрҳои журналистӣ, аз доираи манъшудаи озодии баён берун бароянд, ҳатман ҷавоб мегӯянд. Новобаста аз он ки онҳо мустақиланд ё давлатӣ. Яъне, демократия ва озодии баён ҳам ҳадду ҳудуд дорад. Мо вазифадор ҳастем, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда кору фаъолияти худро ба роҳ монем”, – гуфт муовини вазири фарҳанг.

Давлат Сафар афзуд, ки Вазорати фарҳанг танҳо нашрияву рӯзномаҳоро ба қайд мегирад ва ҳуқуқи қатъ кардани чопи онҳоро надорад: “Агар аз доираи ваколатҳои оинномавӣ ё меъёрҳои муайянкардаи қонунгузорӣ берун рафтанд, тавассути мақомоти ваколатдор баррасӣ мекунем ва онҳоро дар назди Вазорати фарҳанг ба ҳисоб намегирем”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Давлат Сафар

 

“Камии расонаҳои мустақил шуморо нигарон накардааст?”

Дар ҳамин ҳол, Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори Радиои Озодӣ бо такя ба омори нашркардаи Вазорати фарҳанг гуфт, ки теъдоди расонаҳои давлатӣ нисбат ба расонаҳои мустақил бамаротиб зиёд аст. Ӯ афзуд, Конститутсияи Тоҷикистон замонати озодии баёнро додааст ва яке аз нишондиҳандаҳои озодии баён мавҷудияти расонаҳои мустақили қавӣ аст.

Ин рӯзноманигор барои тақвияти саволаш гуфт, ки масалан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки тавоноии зиёди иқтисодӣ вуҷуд надошт, омори расонаҳои мустақил нисбат ба давлатӣ бештар буд, яъне баръакси омори имрӯза.

Сулаймонӣ пурсид: Оё ин омор иҷрои замонати конститутсионии озодии баён дар Тоҷикистон ва уҳдадории кишвари мо барои рушди озодии баёнро зери суол намебарад ва мақоми ваколатдори давлатиро нигарон накардааст?

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз чап ба рост: Иршод Сулаймонӣ (хабарнигори Радиои Озодӣ) ва Меҳрофарин Наҷибӣ (хабарнигори хабаргузории "Азия-Плюс")

 

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг дар ин робита ҷавоб дод, ки Вазорати фарҳанг расонаҳоро мувофиқи тартиби муайянкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар се сол як маротиба ба ҳисоб мегирад.

“Рақамҳое, ки мо ҳоло пешниҳод кардем, маънои тағйирнаёбанда надоранд. Пас аз се сол боз ин рақамҳо иваз мешаванд”, – гуфт вазири фарҳанг.

Сатториён афзуд, ки ниҳоди зери роҳбариаш то ҳол ҳамаи дархостҳои таъсиси расонаи хусусӣ ё давлатиро бебаррасӣ нагузоштааст.

Иброҳим Аҳмадов, сардори Раёсати табъу нашри вазорат дар идома афзуд, ки ҳоло миёни расонаҳои бақайдгирифташуда Оҷонсиҳои хабарии мустақил аз давлатӣ бештар аст – 1 давлатӣ ва 5 мустақил.

“Яъне, рӯзномаҳои мустақил имрӯз шеваи кори худро тағйир дода истодаанд. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй меоранд. Ин ба рушди озодии баён мусоидат мекунад”, – иброз дошт сардори Раёсати табъу нашр.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Иброҳим Аҳмадов

 

Чаро рӯзномаи мустақили “Фараҳ” ба майдони матбуот намеояд?​​​​​​​

Дар ҳоле, ки масъулини Вазорати фарҳанг аз омодагии бақайдгирии нашрияҳои нав ҳарф мезананд, талошҳои рӯзноманигорон дар ин робита бенатиҷа анҷомидааст.

Хуршед Атовулло, сармуҳаррири сомонаи “Фараҳ”, ки талош дорад рӯзномаи ҳамномашро таъсис диҳад, дар ин бора ба “Азия-Плюс” ҳарфи дигаре гуфт. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 6 моҳ боз талош дорад рӯзномаи “Фараҳ”-ро дар Вазорати фарҳанг ба қайд гирад, вале наметавонад.

“Масъулин пешниҳоди 7 ҳуҷҷатро аз чанд ниҳоди давлатӣ талаб мекунанд, ки мушкил ба бор меорад. Вақти он аст, то масъул фақат Вазорати фарҳанг бошаду кори иҷозатномагирандаҳо осон шавад”, – иброз дошт рӯзноманигори шинохта.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Атовулло

 

Давлат Сафар тавзеҳ дод, ки худи муассис натавонистааст аз он ниҳодҳое, ки бояд ба Вазорати фарҳанг маълумотнома пешниҳод кунанд, чунин ҳуҷҷатҳоро ба даст орад.

Бо вуҷуди ин, на вазири фарҳанг ва на муовини вазир равшан нагуфтанд, ки ин маълумотномаҳо аз кадом идораҳо бояд дарёфт шаванд. Худи вазир, идомаи сухани муовинашро шарҳ дода, таъкид кард, ки “тартиби баҳисобгирӣ мавҷуд аст ва мувофиқи ҳамин тартиб, қисме аз намунаҳои ҳуҷҷатҳо бояд ҳатман пешниҳод шаванд”.

 

Масъалаи маълумотномаи КДАМ​​​​​​​

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бар ин назар аст, ки яке аз мушкилоти асосӣ барои таъсиси расонаҳои нав, талаби маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мебошад.

“Талаб кардани маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Касе шакли ин маълумотномаро надидаст, вале ҳангоми ба қайд гирифтан, ин маълумотномаро талаб мекунанд. Дар қонун ҳамин чиз вуҷуд надорад. Лекин дар зерсанади ҳуқуқие, ки барои ба ҳисоб ё ба қайд гирифтани расонаҳо аз ҷониби вазорат омода карда шудааст, ин чиз вуҷуд дорад. Аслан, ҳамин талабот ғайриқонунӣ аст”, – мегӯяд Қаршибоев.

 

Омилҳои кам шудани расонаҳои мустақил чист?​​​​​​​

Роҳбари АМВАОМТ тамоюли коҳиш ёфтани шумораи расонаҳои мустақил ва афзундани расонаҳои давлатиро “нишонаи рушди пропагандаи давлатӣ” меномад. Ҳамчунин, ба ақидаи ӯ, омили асосии кам шудани расонаҳои мустақил мушкилоти иқтисодӣ ва сабабҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ ҳаст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нуриддин Қаршибоев

 

Ба қавли ӯ, “расонаҳои мустақил дастрасӣ ба бозори эълон ва реклама надоранд. Маблағгузории онҳо, бинобар аз кишвар берун рафтани донорҳо, қариб пурра қатъ шудааст. Набудани матбуоти фаъол имконияти аз ҳисоби обуна пайдо кардани маблағро душвор кардааст. Менеҷменти расонаҳо бо ҳарду пой мелангад”.

Қаршибоев инчунин ба омилҳои сиёсӣ ишора кард: “Ҳодисаҳои фишор ва таъқиб, қазияҳои ба додгоҳ кашидани журналистон ва блогерон ва ба солҳои тӯлонӣ ба маҳбас фиристодани онҳо боиси афзун гардидани худсенсорӣ ва инъикос накардани мавзӯъҳои доғи ҷомеа шудааст”.

 

Баёнгари вазъи озодии баён​​​​​​​

Роҳбари АМВАОМТ гуфт, ки вуҷуди расонаҳои мустақил як рукни муҳими ҷомеаи демократӣ аст ва таъкид кард, ки шумори расонаҳои мустақилро метавон баёнгари вазъи воқеии озодии баён қабул кард.

“Расонаҳои мустақил бояд ба мардум ҳамчун сарчашмаи алтернативии иттилоот хидмат карда, шаффофияти фаъолияти сохторҳои ҳукуматро таъмин намуда, дар роҳи рушди иқтисод ва плюрализми сиёсӣ дар ҷомеа саҳм бигиранд”, – иброз дошт Нуриддин Қаршибоев.

Ӯ таъкид дорад, ки “таҳияи Барномаи давлатии кӯмак ба расонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, роҳи наҷот аз ин бунбаст ва таъмини тавозуни назарҳо дар фазои иттилоотии кишвар аст”.

 

Рукуди озодии баён дар Тоҷикистон​​​​​​​

Ба гуфтаи коршиносон, дар даҳсолаи охир шумори расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфта, имрӯз аксари нашрияҳо минбари иттилоотии вазорату идораҳо ва созмону анҷуманҳои давлатӣ маҳсуб мешаванд ва шумори нашрияҳои воқеан мустақили фаъол ба 10 номгӯй ҳам намерасад.

Дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла сабаби асосии ин раванд маҳз саркӯби озодии баён, фишор ба рӯзноманигорон ва баста шудани расонаҳо дар чанд соли ахир ном бурда мешавад, аммо дар нишасти хабарии Вазорати фарҳанг ба ин омилҳо ҳеҷ ишора накарданд.

Соли 2025 Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии озодии баён (World Press Freedom Index), ки аз ҷониби созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF) тартиб дода шудааст, миёни 180 кишвар дар ҷойи 153-юм қарор гирифт. Соли 2009 дар ин шохис дар мақоми 113-ум қарор дошт. Дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик дар соли 2012, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта ишора карда ва онро боиси ифтихор номида буд.

Дар 15 соли ахир вазъи расонаҳои Тоҷикистон бо таҳаввулоти назаррас мувоҷеҳ шуд. Аз майдон рафтани нашрияҳое чун “Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон”, хабаргузориҳои “Тоҷнеюс”, “Озодагон” ва ба ҷойи онҳо рӯйи саҳна наомадани расонаҳои иҷтимоиву сиёсӣ вазъро ба гунае нишон медиҳад, ки ҳузури расонаҳои мустақили фаъол дар кишвар камранг аст.

Дар ин муддат дар Тоҷикистон барои таъсис ёфтани ҳатто як шабакаи телевизионии хусусии умумиҷумҳурявӣ мусоидат нашуд ва талошҳое, ки ҳам дар ин росто сурат гирифт, ба нокомиҳо анҷомид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...