Решаҳои империяхоҳӣ. Чаро мубаллиғони Кремл Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд?

Date:

Мубаллиғони Русия соли нави 2026-ро бо таблиғи даъвоҳои хашини империяхоҳии Кремл шуруъ карданд. Онҳо аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро таҳдид карданд, ки истиқлолияташонро мегиранд. Ин даъвоҳои мубаллиғон шояд касеро тарс дод ва касони дигарро, ки аз анъанаҳои сиёсии Русия огоҳ нестанд, ба ҳайрат овард. Вале бо назаре ба таърих, метавонем мутмаин шуд, ки чунин ривоятҳои Маскав як амали маъмулӣ аст. Ахиран анъанаи таърихии империяхоҳии Русия аз зовияи нав омӯхта шудааст ва ин зовия чанде пеш дар китоби муаллифи украинӣ Кузарӣ (Kuzari) нашр шудааст, ки "Азия-Плюс" ба нукоти муҳимтарини он таваҷҷуҳ кард.

Дар расонаҳо изҳороти муҷрии барномаҳои таблиғотии Кремл Владимир Соловев аз рӯзи 11 январ ба таври густарда инъикос шуд. Вай бо такя ба амалиёти ИМА дар Венесуэла пешниҳод кард: “Туф кардем ба ҳуқуқи байналхалқӣ. Агар барои амнияти миллии мо зарур буд, ки дар Украина “Амалиёти махсуси низомӣ” (ҳукуматдорон ва мубаллиғони Русия ҷанг дар Украинаро чунин ном мебаранд) роҳандозӣ кунем, чаро… мо наметавонем “Амалиёти махсуси низомӣ”-ро дар дигар минтақаҳои таҳти нуфузамон роҳандозӣ кунем? Аз даст додани Арманистон – мушкили бузург аст. Мушкилӣ дар Осиёи Марказии мо – мушкилии бузург аст ва мо бояд ҳадафҳову вазифаҳоямонро рушан кунем. Мо бояд фаҳмонем, ки – бозӣ тамом шудааст”.

Як рӯз баъд аз Соловев яке аз барҷастатарин идеологҳои “ҷаҳони русӣ” Александр Дугин гуфт: “Набояд розӣ шуд, ки Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистони мустақил вуҷуд дошта бошанд… Ё онҳо дар урдугоҳи мо хоҳанд буд ва ё ба майдони ҳарби Ғарб ё Чин табдил хоҳанд шуд”. Вай илова кард, ки дар шароити кунунӣ “ҳеч роҳе ба ҷуз аз эълони империяи Русия ва пушти по задани ҳуқуқи байналхалқӣ вуҷуд надорад”.

Дар гуфтумонҳои умумӣ ин ду чеҳраи зикршуда ҳамчун афроди наздик ба Кремл ном бурда мешаванд. Соловев ба таври доимӣ дар чорабиниҳое иштирок мекунад, ки аз сӯи дастгоҳи президенти Русия ташкил карда мешаванд. Дар моҳи январи соли 2025 Владимир Путин шахсан ба вай унвони журналисти хидматнишондодаи Русияро дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Намоиши қудрат дар ҳоли заъф”. Изҳороти “мубаллиғони Кремл” то куҷо баёнгари нақшаи Русия ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст?

Дугин бошад як чеҳраи мураккаб ва таъсиргузорест. Расонаҳои Ғарб ӯро “мағзи Путин” меноманд. Ин нуктаи назар ҳам вуҷуд дорад, ки идеяҳои Дугин ба Путин ҳангоми ғасби Қрим дар соли 2014 ва рӯи даст гирифтани ҷанг дар Украина дар соли 2022 таъсир доштаанд.

Бо назардошти робитаҳои исботшудаи ин ду чеҳра бо Маскави расмӣ, коршиносон ба ин назаранд, ки наметавон изҳороти онҳоро ҳамчун назари шахсии худи онҳо баҳо дод – агар содатар гӯем, онҳо наметавонанд бидуни иҷозаи Кремл чунин сухан гӯянд.

Мантиқи империяхоҳӣ, ки ҳанӯз дар асри XIV (16) шакл гирифта буд, ҳамоно сохтори асосии сиёсати хориҷии Русияро ташкил медиҳад. Русия мисли гузашта кишварҳои ИДМ – ро ҳамчун қисме аз ҳудуди таҳти нуфузи худ баҳо медиҳад ва истиқлолияти онҳоро нодида мегирад.

Ин тамоюлҳо ба таври муфассал дар китоби муаллифи украинӣ Kuzari зикр шудаанд. Китоб таҳти унвони “Исчезнувшая Цивилизация – незамеченная Катастрофа” аз чоп баромадааст. Дар ин китоб муаллиф бо ҷузъиёт ва далелҳои зиёде нишон медиҳад, ки шуруъ аз асри XIV (16) чӣ гуна ҳукумати мустақар дар Маскав модели империалистии худро шакл додааст: машруъияти динӣ додан ба бартарии Маскав – қудрату нуфузи онро муқаддас ҷилва медиҳад ва аз ин тариқ ғасби ҳудудҳои навро тавҷеҳ мекунад.

Маскав густариши қаламравашро дар Шарқи мусалмонӣ ҳамчун зарурати “ҳифзи дин” ва густариши “ҷаҳони православӣ” баҳо дод ва худро дар муқобили “бединон” гузошт. Изҳороти ошкорои мубаллиғони рус дар моҳи январи соли 2026 ин нуктаро бармало карданд, ки сиёсати хориҷии Русия ҳамоно бар ҷоҳталабиҳои империяхоҳӣ асос ёфтааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Нерӯи нарм”. Русия барои ҳифзи нуфузи худ дар Тоҷикистон аз кадом василаҳо истифода мекунад?

Аз нуқтаи назари геополитика дар китоб рӯйдодҳову равандҳои зиёди таърихие аз диди нав бозгӯ шудаанд, ки на танҳо харитаи қавмӣ ва сиёсии Қафқози Ҷанубӣ, балки Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро муайян мекунанд. Дар асоси ҳазорон манбаъ, мисли пазлҳои мухталиф, уфуқи васеи робитаи иллату маълули рӯйдодҳо боз мешавад. Уфуқ ё рушание, ки дар пайи таҳлилҳо ба даст меояд, ба таври возеҳ аз шарҳу тафсири таърихи расмӣ дар кишварҳои минтақа ва худи Русия фарқ хоҳад дошт.

Муаллифи китоб менависад, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ривоятҳои Маскав назарияи саргармкунандае нест. Хотираи таърихии минтақа таҷрибаи ҳамроҳ кардани ҳудуди Туркистонро ба ҳайати империяи Русия дар нимаи дувуми асри XIX ба ёд дорад, ки он замон густариши низомӣ ва маъмурии Русия бо ривояти “маъмурияти тамаддунӣ” ва тобеъ кардани мардуми маҳаллӣ ба маркази қудрати хориҷӣ ҳамроҳ буд. Дар даврони шӯравӣ мантиқи империализм дар шакли дигари ниҳодсозӣ ҳифз шуда буд.

Ба андешаи муаллифи китоб, дар андешаи назарияпардозони Русия модели иқтисодӣ ва сохтории Тоҷикистон ҳамчун минтақаи дурафтодаи зери нуфуз – бо имкониятҳои маҳдуди мустақилона рушд кардан ва вобастагии зиёд аз манобеи хориҷӣ – шакл гирифтааст. Баъди пошхӯрии СССР ин вобастагӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ амиқтар шуд ва ҳамчунин муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумаки молии хориҷӣ ин вобастагиро барҷастатар кард.

Барои Тоҷикистон, ки масоили амниятӣ, устуворӣ ва қабули тасмимҳои мустақилона ҳассосияти махсус дорад, чунин изҳороти чолишбарагез ва ғайривоқеиву империяхозона аз Маскав хатарҳои баргашт ба мантиқи ҳимояи хориҷиро ба ёд меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...