Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 январи соли 2026

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишастҳои матбуотӣ доир мегарданд:

 Комиссияи олии аттестатсионӣ, соати 08:00;

Хадамоти алоқа, соати 09:00;

Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, соати 10:00 дар ҶСК “Тоҷик Эйр”;

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соати 11:00 ;

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, соати 15:00.

Донишгоҳи технологӣ, соати 08:00.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1930 – Рӯзномаи ӯзбекзабони “Қизил Тоҷикистон”, ки ҳоло “Халқ овози” ном дорад, таъсис ёфт.

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон лагерҳои муштараки омӯзишии низомии Тоҷикистону Амрико оғоз ёфтанд.

Соли 2013 – Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи “Танзими муомилоти маҳсулоти тамоку” ба имзо расид.

Соли 2015 – Дар шаҳри Кӯлоб Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Соли 2016 – Дар Чин барои нахустин бор нисбати як тоҷик ҳукми эъдом содир шуд. Шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуд, ба қатл расонида шуд.

Соли 2020 – Президенти Тоҷикистон дастур дод, ки дар робита ба коронавирус нуқтаҳои сарҳадӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1904 – Зодрӯзи Сайдалӣ Бурҳонов, журналист, яке аз поягузорони матбуот ва радиои тоҷик.

Соли 1930 – Мавлуди Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лайло Шарифӣ

Лайло Шарифӣ дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.

Лайло Шарифӣ 19-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ даргузашт.

Соли 1942 – Зодрӯзи Рустам Мирзоев, ходими давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон.

Рустам Мирзоев, хатмкардаи Институти хоҷагии халқи ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Маскав буда, самтҳои асосии фаъолияти илмии ӯ ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда, иқтисоди бозорӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ бахшида шудаанд.

Дар ин замина Мирзоев солҳои зиёд дар Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият карда, аз ходими калони илмӣ то мудири бахш ва роҳбари сохторҳои муҳими таҳқиқотӣ расидааст.

Дар солҳои 1980–1993 ӯ раиси Шӯрои омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ дар назди Академияи илмҳо буд.

Фаъолияти дар ниҳодҳои давлатӣ низ дар ҳаёти касбии ӯ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ӯ мушовири давлатии раиси Шӯрои Вазирон оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ, муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва солҳои 1994-1996 вазири иқтисоди Тоҷикистон буд.

Соли 1945 – Мавлуди Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадор, яке аз номзадҳои президент дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 1991.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфиддин Тӯраев

Ӯ дар шаҳри Истаравшани ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

Аз соли 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд. Солҳои 1991-92 ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, яке аз пешсафони ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили парлумони аввалини кишвар ва номзад дар интихобот аввалини раисҷумҳур буд, ки якҷо бо 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров ва дигарон рақобат карда, тарафдории бахше аз интихобкунандагонро ба даст оварда буд.

Дар интихоботи президентии соли 1999 бори дигар номзад шуд, вале ба марҳалаи асосӣ роҳ наёфт. Номзадии ӯро бо далели ҷамъоварии имзои ками пешбарикунандагон бекор карданд. Баъд аз ин саҳнаи сиёсиро тарк карда ва ба тиҷорат машғул шуд.

Ӯ 30-юми майи соли 2020-ум дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан дар синни 75-солагӣ бар асари бемории қалб даргузашт.

Соли 1956 – Мавлуди Олим Салимзода, ходими давлатӣ, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Олимҷон Салимзода

Вай соли 1978 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст.

Олим Салимзода солҳои 1991-94 сардори раёсати табъу нашр ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати матбуот ва иттилооти Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2000 дар вазифаҳои муовини аввал ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ӯ чанд давра вакили парлумон буд ва яке аз вакилоне, ки ба рӯзноманигорон дастрас буд. Ӯ аз соли 2009 то 2020 раиси  Кумитаи равобити байналмилалӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятии порлумони Тоҷикистон буд.

Соли 1975 – Мавлуди Дилафрӯз Саидӣ, номзади илмҳои техникӣ, директори пешини Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар Хуҷанд, вакили феълии парлумон.

Соли 1984 –Ғанӣ Абдулло, драматург ва шоири тоҷик дар 71-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ғанӣ Абдулло

Ғанӣ Абдулло дар соҳаи драматургия саҳми бориз дорад. Ӯ, ки муддатҳо роҳбари бадеии Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд, чандин асарҳояш дар театр саҳнагузорӣ шудаанд. Муаллифи драмаҳои “Вахш”, “Рустам ва Суҳроб”, “Шӯриши Восеъ”, “Ҳуррият”, “Ҷомӣ ва Навоӣ”, “Сарбозони инқилоб” буда, барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ гардидааст.

Ӯ соли 1932 баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба Душанбе омадааст.

Оғози фаъолияти эҷодияш ба ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Ӯ муаллифи драмаҳои “Вахш”, “Водии бахт”, “Рустам ва Суҳроб” (бо ҳамқаламии А.Пирмуҳаммадзода), “Шӯриши Восеъ”, “Ҳуррият” “Мурғи саҳар” ва дигар асарҳои саҳнавӣ буда, соли 1972 барои драмаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб” сазовори Ҷоизаи Рӯдакӣ гардидааст. Инчунин асарҳои маъруфи нависандагони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ғанӣ Абдулло 28 январи соли 1984 дар синни 71-солагӣ даргузашт. Ҳоло яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номаш гузошта шудааст.

Соли 2017– Константин Бондаренко, яке аз иқтисоддонҳои умедбахши тоҷик дар синни 37-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Аз соли 2007 инҷониб ҳамасола 28 январ Рӯзи байналмилалии ҳифзи маълумот таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба он хотир ташкил шудааст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ риояи қоидаҳоро дар интернет фаромӯш накунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин сана ба солгарди имзои Конвенсияи Шӯрои Аврупо аз 28 январи соли 1981 дар бораи ҳифзи шахсони воқеӣ дар робита ба коркарди автоматии маълумоти шахсӣ рабт мегирад. Конвенсияи мазкур аввалин санади байналмилалии ҳатмӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ гардид, ки механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсонро ба дахлнопазирӣ муайян намуда, инчунин таърифи мафҳуми “маълумоти шахсӣ”-ро пешниҳод кардааст.

Ҳамасола 28-уми январ Рӯзи ҷаҳонии бекорӣ таҷлил мешавад. Дар бораи ташаббускорони ҷашн маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Ҳадаф аз таъсиси Рӯзи ҷаҳонии бекорӣ ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумат ба мушкилоти шуғл мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

28 январи соли 1986, соати 11:38-и субҳ ҳафт кайҳоннавард тавассути киштии фалакпаймои “Челленҷер” ба кайҳон “сафар” карданд. Парвоз ҳамагӣ як дақиқаю 13 сония давом карду “Челленҷер” таркид ва шикастаҳои киштӣ дар майдони васеъи уқёнуси Атлантик пароканда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ шиддат мегирад ва тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.  Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -4+1º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок, рӯзона борон ва барф борида, баъзан шиддат гиритфа, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 3-5º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, рӯзона борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 7-9º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 28 ба 29-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...