Соли 2025 аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон ҳудуди 80 млн доллар даромад ба даст овард, ки ба андозаи 40% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2024 аст. Ин маълумот зимни нишасти матбуоотии Вазорати кишорварзь имрӯз, 29 январ садо дод.
Давоми соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба маблағи 79,2 млн доллар ҳудуди 191 ҳазор тонна маҳсулот содир шудааст, ки 13,5% аз рӯи ҳаҷм (22 683 тонна) ва 39,7% зиёдтар аз рӯи арзиш (22,5 млн доллар) мебошад.
Арзиши аз ҳама зиёдтар ба хушкмева, ангури тару тоза ва зардолу, лимӯ, писта ва пиёз рост меояд.
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишовазӣ хабар дод, ки "айни замон Тоҷикистон на ба афзоиши майдони кишт, балки баланд бардоштани ҳосилнокиии зироатҳои кишоварзӣ бо ёрии технологияҳои инноватсионӣ ва таъмини устувории онҳо аз лиҳози экологӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад".
Зикр шуд, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 26 кишвар хориҷи дур ва наздик содир гардида, 89% аз ҳаҷми умумии он ба кишварҳои ИДМ ва 11% – ба кишварҳои хориҷи дур интиқол ёфтааст.

