Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 40% афзудааст

Соли 2025 аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон ҳудуди 80 млн доллар даромад ба даст овард, ки ба андозаи 40% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2024 аст. Ин маълумот зимни нишасти матбуоотии Вазорати кишорварзь имрӯз, 29 январ садо дод. Давоми соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба маблағи 79,2 млн доллар ҳудуди 191 ҳазор тонна маҳсулот содир шудааст, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2025 аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон ҳудуди 80 млн доллар даромад ба даст овард, ки ба андозаи 40% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2024 аст. Ин маълумот зимни нишасти матбуоотии Вазорати кишорварзь имрӯз, 29 январ садо дод.

Давоми соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба маблағи 79,2 млн доллар ҳудуди 191 ҳазор тонна маҳсулот содир шудааст, ки 13,5% аз рӯи ҳаҷм (22 683 тонна) ва 39,7% зиёдтар аз рӯи арзиш (22,5 млн доллар) мебошад.

Арзиши аз ҳама зиёдтар ба хушкмева, ангури тару тоза ва зардолу, лимӯ, писта ва пиёз рост меояд.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишовазӣ хабар дод, ки "айни замон Тоҷикистон на ба афзоиши майдони кишт, балки баланд бардоштани ҳосилнокиии зироатҳои кишоварзӣ бо ёрии технологияҳои инноватсионӣ ва таъмини устувории онҳо аз лиҳози экологӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад".

Зикр шуд, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 26 кишвар хориҷи дур ва наздик содир гардида, 89% аз ҳаҷми умумии он ба кишварҳои ИДМ ва 11% – ба кишварҳои хориҷи дур интиқол ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.