“ОмӮзгор омУзгор мешавад”. Баҳси имлои “у” ва “ӯ” дар Кумитаи забон ва истилоҳот

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Акнун дар вожаҳои ҳамреша бо калимаи “омӯхтан”, аз ҷумла “омӯз”, “омӯзгор”, “омӯзиш” ба ҷойи ҳарфи “ӯ” ҳарфи “у” навишта мешавад. Ҳамчунин, мувофиқи Имлои нави забони тоҷикӣ ва Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ки соли 2025 Кумитаи забон ва истилоҳот нашр кардааст, чанд калимаи тоҷикӣ, ки қаблан бо ҳарфи “ӯ” навишта мешуданд, акнун бо “у” навишта мешаванд.

Дар ин бора Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод ва баҳсро барангехт.

Ба гуфтаи ӯ, далели тағйирот дар имлои ҳарфи “ӯ” назарияи савтшиносони дунёӣ будааст, ки мувофиқи он “ҳар овозе, ки аз забони мо талаффуз мешавад, агар барои тағйир додани маънои калима мусоидат накунад, дар ҳайати алифбо барои он аломат ҷудо кардан мумкин нест”.

Раҳматуллозода шарҳ дод, ки донишмандоне, ки сари масъалаи имлои ҳарфи “ӯ” кор карданд, ба ин назария пайравӣ кардаанд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот нагуфт, ки чанд калимаи тоҷикӣ, ки қаблан дар таркибашон ҳарфи “ӯ” доштанд, акнун бо ҳарфи “у” навишта мешаванд.

Ба қавли ӯ, барои таҳияи Имлои нави забони тоҷикӣ 6-7 маротиба донишмандон баҳс карданд.

 

“Асоси таърихии калима чӣ гуна бошад, бояд имло ҳамингуна бошад”

Сайфиддин Назарзода, забоншиноси тоҷик, ки дар таҳияи имлои нав саҳм доштааст, далели ба “у” иваз шудани “ӯ”-ро васеътар шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар илми савтшиносӣ ду равиши илмӣ – равиши таърихӣ ва равиши овоӣ ё талаффузӣ вуҷуд дорад. Яъне ё равиши таърихии як овози мустақил аз аввал то охир дар забон ба назар гирифта мешавад ва ё тарзи талаффузи он.

Ба гуфтаи ӯ, дар даврони шуравӣ, равиши талаффузӣ ё овоӣ бартарият пайдо кард ва аломатҳое, ки ба садонокҳо дода шуданд, хусусияти талаффузӣ, яъне савтӣ доранд.

“Аммо дар даврони истиқлол ҳайати комиссияи имло ба равиши дигар, яъне таърихӣ ва шаклӣ такя кард. Яъне як калима ё як овоз дар тамоми таърихи забони тоҷикӣ чӣ гуна талаффуз шуда бошад, мо бояд ҳамонро асос гирем”, – таъкид кард ӯ.

Ӯ илова кард, ки “асоси феълӣ ё худ таърихии калима чӣ гуна бошад, бояд имло ҳам ҳамингуна бошад”.

Забоншинос ҳамзамон намуна овард, ки дар феъли “гуфтан”, “у” ноустувор аст, аммо дар “гӯед” ва “гуфтугӯ” ба овози “ӯ”-и устувори дароз табдил меёбад, ки аз нуктаи назари таърихӣ ғалат аст.

“Дар имлои имрӯза ҳам ҳамин тағйирот ба назар гирифта шуд”, – афзуд забоншинос.

 

“Забони тоҷикӣ шаш садонок дорад, на ҳашт”

Сайфиддин Назарзода таъкид кард, ки дар забони тоҷикӣ 6 садонок мавҷуд аст, аммо дар имлои забони тоҷикии имрӯзаи мо 8 садонок аст.

Ба гуфтаи ӯ, як иштибоҳи бузурге, ки аз тарафи донишмандони мо дар даврони шуравӣ сурат гирифт, ин буд, ки “низоми шашсадонокиро пурра дар имло нишон надоданд”.

“Яъне бо як овози “у” мо ҳам овози “у”-и устуворро ишора мекунем ва ҳам “у”-и ноустуворро. Барои у-и устувори дароз мо аломати алоҳида дорем”, – шарҳ дод ӯ.

Ба қавли ӯ, дар Имлои нав нишон дода шудааст, ки дар кадом вожаи таърихӣ “у”-и устувори дароз аст ва дар кадом калимаҳои дигар “у”-и устувор аст, зеро “ҳоло барои у-и ноустувор, мутаассифона, дар забони тоҷикӣ аломат надорем”.

“Мардум бояд донад, ки забони тоҷикӣ 6 садонок дорад. Овози “ӯ” ва “ӣ” дар забони мо қаринаи ҳамон садонокҳои асосӣ –  “у”-и устувор ё “и”-и устувор аст”, – афзуд Назарзода.

Ба қавли ӯ, аз қадим на танҳо забони тоҷикӣ, балки забонҳои дигари эронӣ дар асоси шаш садонок ташаккул ёфтаанд ва садонокҳои дигар қаринаи шаш садоноки ҷуфти асосӣ ҳастанд.

“Вале дар имлои забони тоҷикии мо дар даврони шуравӣ ҳамин иштибоҳ рух дод. Мо ҳамин иштибоҳро ислоҳ кардем”, – изҳор кард ӯ.

Назарзода ҳамзамон низоми арӯзро мисол овард, ки дар низоми шашсадонокӣ устувор аст.

“Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, имлое, ки имрӯз қабул шудааст, вазъияти садонокҳои забони тоҷикиро хеле беҳтар мефаҳмонад. Вале ҳоло ҳам барои ба низоми устувори шашсадонокӣ дохил шудан, баъзе мушкилоти ҳам иҷтимоӣ ва ҳам фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки оҳиста-оҳиста паси сар мекунем”, – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, “кутоҳ ва дароз” гуфтани садонокҳои ғалат аст, зеро ҳоло дар забони тоҷикӣ “маъносозии овозҳои садонок аз байн рафтааст”.

Назарзода мегӯяд, бо ин далел, дар забоншиносӣ истилоҳи устуворӣ ва ноустувории овозҳо қабул шудааст.

Бояд гуфт, имлои ҳарфи “ӯ” дар забони тоҷикӣ солҳо инҷониб баҳс мешавад ва донишмандон низ дар ин масъала андешаҳои мухталиф доранд. Чанде пеш дар саҳифаи фейсбук низ сари калимаи “пажӯҳиш”, ки дар имлои нав “пажуҳиш” навишта шудааст, баҳс ба миён омад ва аксар донишмандон ба далели вожаи сирф тоҷикӣ будани он, бардоштани ҳарфи “ӯ”-ро аз ин калима қабул надоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.