Бо гузашти беш аз 5 соат роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст

Asia-Plus

Роҳи Душанбе – Чаноқ ягона масири заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар мепайвандад, дар пайи фаромадани тарма инак беш аз 5 соат боз баста аст. Дар ин бора Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ хабар медиҳад. Ин ширкат, ки барои нигоҳубини роҳ аз ронандаҳо маблағ меситонад, як соат пеш гуфт, “дар километрҳои 56 ва 71 – […]

Роҳи Душанбе – Чаноқ ягона масири заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар мепайвандад, дар пайи фаромадани тарма инак беш аз 5 соат боз баста аст. Дар ин бора Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ хабар медиҳад.

Ин ширкат, ки барои нигоҳубини роҳ аз ронандаҳо маблағ меситонад, як соат пеш гуфт, “дар километрҳои 56 ва 71 – уми роҳи Душанбе-Чаноқ ду тармаи дигар фаромад. Ба макони зикршуда техникаҳои ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад. Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд боқӣ мемонад”.

“Аз ронандагон хоҳишмандем, ки то нашр шудани иттилоъ оид ба кушода шудани роҳ аз сафар худдорӣ намоянд. Дар навбати худ, кормандони мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то роҳ зудтар боз шавад”, – гуфта мешавад, дар хабарномаи ин ширкат.

“IRS” аз ин пештар, хабар дода буд, ки "шаби гузашта (2 ба 3-юми феврал) то ин замон (субҳи 3-юми феврал) дар роҳи Душанбе-Чаноқ (минтақаи Варзоб) 9 тармаи хурду бузурги дигар фаромад, ки боиси маҳдуди гардидани ҳаркат дар ин масир шуд".

Қаблан, низ дар пайи фаромадани чанд тарма роҳ баста шуда буд. Аз ин пештар ҳам дар пайи боришоти барфи шадди ва фаромадани тарма қариб як шабонарӯз ҳаракати мошинҳо дар ин масир қатъ шуда буд.

Роҳи Душанбе –Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.