Дастури музокираи Пизишкиён ва дидори эҳтимолии мақомҳои Эрону Амрико дар Туркия

Таҳияи Идибеки Саид, Asia-Plus

Раисҷумҳури Эрон ба вазири корҳои хориҷии кишвараш дастури музокира бо Амрико дод. Расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти мақомҳои баландпояи Эрон ва Амрико дар Истанбул хабар медиҳанд. Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, 3-юми феврал дар саҳифаи “X”-и худ навишт, “бо таваҷҷуҳ ба дархости давлатҳои дӯст дар минтақа барои посух ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико ҷиҳати музокира ба вазири хориҷа […]

Раисҷумҳури Эрон ба вазири корҳои хориҷии кишвараш дастури музокира бо Амрико дод. Расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти мақомҳои баландпояи Эрон ва Амрико дар Истанбул хабар медиҳанд.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, 3-юми феврал дар саҳифаи “X”-и худ навишт, “бо таваҷҷуҳ ба дархости давлатҳои дӯст дар минтақа барои посух ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико ҷиҳати музокира ба вазири хориҷа дастур додам, дар сурати вуҷуди фазои муносибу орӣ аз таҳдид ва ба дур аз чашмдошти бемантиқ заминаи музокираи одилона ва мунсифона бар асоси асл, иззат, ҳикмат ва маслиҳатро дар чорчуби манофеъи миллӣ фароҳам созад”.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои ҷаҳон аз мулоқоти эътимолии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи ИМА дар шаҳри Истанбули Туркия хабар медиҳанд.

Хабаргузории ниммарасмии “Тасним”-и Эрон бо такя ба расонаҳои туркӣ навиштааст, ки қарор аст, дидори Ароқчӣ ва Уиткофф бо ҳузури Раҷаб Тайип Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар Истанбул баргузор шавад.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” аз қавли ду манбаъҳои худ навиштааст, ки “барои ором сохтани вазъият Эрон омода аст барномаи ҳастаии худро бандад ё муваққатан боздорад”. Ба навиштаи ин рӯзнома, Теҳрон пешниҳоди соли гузаштаи Амрико барои таъсиси як консорсиуми минтақавӣ барои истеҳсоли нерӯи ҳастаиро афзал медонад. Аммо Амрико оё то ҳол ба он шарту шароит моил аст ё не, маълум нест.

Ин расона мегӯяд, ҳафтаҳои охир дипломатҳои Туркия, Миср, Умон ва Ироқ бо ҳар ду ҷониб мулоқот карда, бо умеди пешгирӣ аз шиддатёбии вазъ, паёмҳоро ба тарафҳо мерасонданд.

Бояд гуфт, музокироти ҳастаӣ байни Теҳрон ва Вашингтон пас аз ҳамроҳ шудани Амрико бо Исроил дар ҳамлаи моҳи июни соли 2025 ба хоки Эрон қатъ шуд.

Амрико мегӯяд, “Теҳрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад”. Эрон ҳам борҳо таъкид кардааст, ки “барномаи ҳастаияш сулҳомез аст”.

Таниш ахир миёни ин ду кишвар баъди ба наздикии Эрон фиристодани нерӯҳои низомии Амрико шиддат гирифт. Мақомдорони амрикоӣ ҳар лаҳза аз эҳтимоли зарба ба Эрон ва паёмадҳои сангини он мегӯянд. Роҳбарияти Эрон ҳам таъкид мекунад, ки ба ҳар гуна ҳуҷуми низомӣ посухи сазовор медиҳад ва ин барои Амрико паёмадҳои бад хоҳад дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.