ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз Кумитаи кор бо занон ва оила (соати 08:00), Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Академияи миллии илмҳо (соати 09:00), Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (соати 10:00), Агентии назорати давлатии энергетикӣ (соати 11:00 дар кӯчаи Қаҳҳоров, 35, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “KANGURT”), шаҳрдории Душанбе (соати 09:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе) нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд ва аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон гузориш медиҳанд.
– Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ҷоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба каратэ-киокушинкай баргузор мешавад. Ин мусобиқа бори дуввум доир мешавад ва аз ҳамаи шаҳру навоҳӣ довталабон иштирок мекунанд. Мусобиқа пагоҳ низ идома меёбад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2003 – Дар шаҳри Хоруғ консулгарии Афғонистон расман ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2008 – Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози худро анҷом дод. Ин парвоз дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе сурат гирифт.
Соли 2013 –Сокини 8 миллионуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба дунё омад.
Соли 2018 – Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон, дар доираи иқдоми “Трофи Тур” Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба Тоҷикистон оварда шуд.
Соли 2020 – Бонки Ҷаҳонӣ ва шаҳрдории Душанбе барои иҷрои тарҳи 30 миллион доллар барои таъмини сокинони Душанбе бо оби ошомиданӣ созишнома имзо карданд.
Соли 2021 – Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки Бонки миллӣ бинои "Душанбе Плаза"-ро харидааст ва шаҳрдории Душанбе ширкати сохтмонии Бег Сабурро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард.
Соли 2025 – Дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон зиндонӣ гардиданд:
– Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
– Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;
– Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол зиндон;
– Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 19 сол зиндон;
– Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;
– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;
– Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;
– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;
– Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.
Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд. Худашон ин иттиҳомотро рад карданд.
Ҷузъиёти парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед: Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод
ШАХСИЯТҲО
Соли 1948 – Мавлуди Мунира Иноятова, сиёсатмадор ва собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.
Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, яке аз сиёсатмадорони пурталоши кишвар дониста мешавад. Ӯ, ки ҳоло бознишаста аст, аз камтарин касонест, ки пайваста бо расонаҳо суҳбат мекунад ва ошкоро аз камбуди ҷомеа, бавижа маориф ва таҳсил мегӯяд ва барои силоҳи камбуди ҷойдошта пешниҳодҳо мекунад.
Ӯ хатмкардаи Институти давлатии педагогӣ ва Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканд аст. Солҳо вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф фаъолият карда, аз муаллими мактаб то ба вазифаи вазири маориф ва илм кор кард.
Ӯ солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои 1994-2000 вазири маориф буд. Баъдан мушовири давлатии президент, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди раисҷумҳур ва корманди дастгоҳит иҷроияи президент буд.
Соли 1950 – Зодрӯзи Сафиев Ҳайдар, кимиёшинос, доктори илмҳои кимиё.
Соли 1953 – Зодрӯзи Неъмат Оташ, шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1964 – Мавлуди Файзулло Наҷмиддиниён, вакили пешини Маҷлиси намояндагон.
Соли 1972 – Мавлуди Замирахон Ӯлмасова, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик.
Соли 1978 – Мавлуди Ширин Амонзода, собиқ вазири муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
Ширин Амонзода вазири пешини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки ду сол пеш аз ин вазифа барканор шуд, яке аз чеҳраҳои нав дар ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ мешуд ва бо чанд иқдоми ғайримаъмул барои мансабдорони тоҷик таваҷҷуҳ ҷалб карда буд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон буда, баъди чанд соли фаъолият дар лоиҳаҳои гуногун, аввал раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин гардид.
Аз 3-уми ноябри соли 2020 то 5-уми январи соли 2023 дар вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кард.
Аз ӯ яке аз кадрҳои ояндадори ҳукумат ном бурда мешуд, аммо баъди барканориаш аз вазифаи вазирӣ дар суҳбати телефоние ба "Азия-Плюс" гуфта буд, акнун ба кори илмӣ машғул мешавад.
Ширин Амонзода муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англисро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор додааст.
Соли 1988 – Муаззама Аҳмадова, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар 35-солагӣ даргузашт.
Соли 1999 – Олуболу Боқиев, таърихдон, доктори илмҳои таърих дар 64-солагӣ даргузашт.
Соли 2022 – Дамирбек Олимов, яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар синни 32-солагӣ даргузашт.
Дамирбек Олимов, ки яке аз овозхонҳои маъруф дар кишвар хатмкардаи донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии “Нури Хуҷанд” зери роҳбари Ҷӯрабек Муродов ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози “Садои Суғд” кор мекард.
Таронаҳои “Зулфони майда дорӣ” ва дуэтҳои “Ҷон бачаи хола” ва “Мавригӣ” бо Нигина Амонқулова ва дертар таронаи “Дунё” Дамирбекро ба тоҷикистониён машҳур кард.
Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли 2022, дар мавзеъи “Боғи миллии Ваҳдат”-и роҳи Сомғор-Хуҷанд дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Аз соли 2007 инҷониб, ҳамасола 5-уми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “Nutella” – хамираи шоколадию чормағзӣ, ки “зодгоҳаш” Италия аст, таҷлил карда мешавад.
Соли 1946 қаннод ва нонпаз Пиетро Ферреро истеҳсоли шоколади мулоимро оғоз кард, ки соли 1951 он номи Supercrema (“Суперкрем”)-ро гирифт. Пас аз 13 сол, соли 1964, писари Пиетро – Микеле Ферреро бо тағйир додани таркиби он, маҳсулоти наверо бо номи “Nutella” ба бозор баровард.
5-уми феврал соли 1919 нахустин хатсайри мусофирбарии ҳавоӣ оғоз шуд. Аввалин ҳавопаймои мусофирбарии "J.II", ки танҳо як мусофирро интиқол медод, парвозҳои худро байни Берлин ва Веймар оғоз намуд.
Ҳавопаймоҳо ба Ширкати ҳавопаймоии Олмон (Deutsche Luft-Reederei GmbH) тааллуқ доштанд ва аввалин ҳавопаймоҳои мусофирбар буданд, ки ҳамчун хатсайрҳои доимӣ дар Олмон фаъолият карданд.
Дар ҳамин рӯз бори аввал витамини D ба таври сунъӣ ҳосил карда шудааст. Соли 1928 кимиёдони олмонӣ Адолф Виндаус, ки зиёда аз 30 сол стеринҳоро меомӯхт, эргостеринеро кашф кард, ки таҳти таъсири нури ултрабунафш ба эргокалсиферол (витамини D) табдил меёфт.
Ҳамон сол, Виндаус барои ин кашфиёти худ Ҷоизаи Нобелро дар соҳаи кимиё соҳиб гардид. Баъдан, солҳои 1931-1937 сохтори кимиёвии витамини D ва провитамини он пурра омӯхта шуд. Ҳамчунин, муайян гардид, ки дар пӯсти инсон метавонад миқдоре аз витамини D таҳти таъсири шуоъҳои ултрабунафш ҳосил гардад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 3-5º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 5 ба 6-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

