Ба Тоҷикистон боз барфу борон меояд

Нимаи дуюми имрӯз, 5-уми феврал ва рӯзи 6-уми феврал дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва баъзе ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон боришоти пуршиддат дар назар аст. Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносӣ, дар водиҳо борону барф борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ аксаран барф меборад. "Дар ағбаҳои кӯҳӣ боришоти шадиди барф пешбинӣ мешавад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор шуда, ҷамъшавии […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Нимаи дуюми имрӯз, 5-уми феврал ва рӯзи 6-уми феврал дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва баъзе ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон боришоти пуршиддат дар назар аст. Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносӣ, дар водиҳо борону барф борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ аксаран барф меборад.

"Дар ағбаҳои кӯҳӣ боришоти шадиди барф пешбинӣ мешавад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор шуда, ҷамъшавии барфтӯдаҳои зиёд дар роҳҳо ва фаромадани туман аз эҳтимол дур нест, ки сатҳи биноиро мушкил месозад. Хавфи баланди фаромадани тарфмаҳо низ боқӣ мемонад", – гуфтааст ин ниҳод.

Аз ҷумла, имрӯз, 5-уми феврал дар километрҳои 48-74-уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, бахусус дар қитъаи Майхӯра-Зидеҳи ноҳияи Варзоб, инчунин шаҳру ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ эҳтимоли фаромадани тармаҳо пешбинӣ мешавад.

Дар водиҳо, ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорат то 10-12 дараҷа поин меравад.

Ба аҳолӣ, аз ҷумла ронандагон тавсия дода мешавад, ки аз сафар ба мавзеъҳои кӯҳистон ва дорои хавфи тармафароӣ бидуни зарурати муҳим худдорӣ кунанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳавои моҳи феврал дар Тоҷикистон аз маъмулӣ дида гармтар мешавад. Дар аксари минтақаҳо ҳарорат аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешбинӣ мешавад. Боришот дар ҳудуди меъёр ва каме баландтар аз он дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо шамоли сахт мевазад ва туман мефарояд.

Боришот дар ҳудуд ё баландтар аз меъёр пешбинӣ мешавад: дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 37-130 миллиметр, дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор – то 141 миллиметр, дар ғарби ВМКБ – 8-59 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазидани шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония ва фаромадани туман дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио