Аз фаъолият бозмондани қариб 90 корхонаи саноатӣ дар кишвар. Далели манъи кори онҳо чист?

0
4
завод

Соли 2025 дар Тоҷикистон 87 корхона аз кор бозмондааст ва ба қавли Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар, бархе аз онҳо бо пешниҳоди худи вазорат фаъолияташонро қатъ кардаанд. Далели аз кор бозмондани ин корхонаҳо “дар ҳаҷми умумии саноати кишвар чандон таъсиррасон набудани онҳо” гуфта мешавад.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон 11-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш аз фаъолият мондани корхонаҳоро “яке аз баҳсҳои доимӣ” номид.

Дар ин баробар, вазир таъкид кард, ки бо ҳар як корхона корбарӣ мекунанд, зеро “ҳар як ҷойи корӣ барои системаи давлатдорӣ муҳим аст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шералӣ Кабир

Ӯ яке аз сабабҳои аз кор бозмонӣ ё қатъшавии фаъолияти корхонаҳоро нишондоди сифрӣ доштан ё ба иваз шудани шакли фаъолияти онҳо рабт дод.

 

Як корхона + ду-се корхона = як корхона?

Вазири тоҷик зимни нишасти хабарӣ зикр кард, дар кишвар корхонаҳое ҳастанд, ки бо ду-се корхонаи дигар паймонкор мебошанд, вале шарҳ дод, ки “ин корхона дар андоз ҳамчун се корхона, вале дар омор як корхона сабт мешавад, ки ғайриимкон аст”.

Ба қавли ӯ, ин масъала дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад.

“Аз ҳукумати ҷумҳурӣ доим пурсон ҳастанд, ки чаро ин корхонаҳо фаъолият доранд ва ё надоранд. Бо ҳар яке аз онҳо корбарӣ дорем, бо вилоятҳо, ноҳияҳо, сабабҳояшро ҷустуҷӯ карда истодаем”, – зикр кард ӯ.

 

“Ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ набуданд”

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир баъзе корхонаҳое, ки аз кор бозмонданд, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ набуда, “таъсири манфӣ доштанд”.

Аксари онҳо корхонаҳои хурди коркарди пахта будаанд, ки “ба амалисозии Стратегияи миллии рушди соҳаи пахтакорӣ машғул будаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳри Душанбе

Аммо ба таъкиди вазир, “онҳо ба обрӯи пахтаи тоҷик таъсири зиёди манфӣ доранд, зеро технологияи куҳна дошта, дарозии риштаро кутоҳ мекарданд”.

“Дарозии риштаи корхонаҳои хориҷие, ки пахтаи моро коркард мекунанд, дигар аст. Аммо тақрибан 120 корхонаи пахтатозакуние, ки дар вилояти Хатлон буданд, мутаассифона, таъсири манфӣ мерасониданд”, – қайд кард ӯ.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, вазорат дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои дигар коммисияи муштарак ташкил карда, “худ пешниҳод кардааст, ки ин корхонаҳо фаъолияташонро қатъ кунанд”.

Дар шарҳи ин масъала гуфта шуд, ки тавоноии истеҳсолии корхонаҳои пахтатозакунии Тоҷикистон 2,4 млн тонна аст, вале ҳоло дар кишвар дар умум, тақрибан 500 ҳазор тонна пахта коркард мешавад.

“Қисми зиёди корхонаҳо фаъолияташонро дуруст ба роҳ намондаанд. Мо пешниҳод дорем, ки дар пойгоҳи онҳо паркҳои технологӣ таъсис диҳем. Ҳоло дар ҳукумат баррасии хеле дақиқ дар самти муайян кардани омилҳои ин мушкил идома дорад”, – гуфт ӯ.

Аммо дар ин баробар, вазири саноат илова кард, ки манъ шудани фаъолият ё иваз шудани шакли фаъолияти ширкату корхонаҳо “бад нест”.

“Пеш аз ҳама, ба онҳо аз ҷиҳати самаранокӣ ва таъсирашон ба ҳаҷми умумии саноат бояд баҳо дод. 400 корхонае, ки соли 2025 нишондоди сифрӣ доштанд, ҳамагӣ 1,3 дарсади ҳаҷми умумии саноатро ташкил мекарданд”, –  гуфт ӯ.

Рушди саноат

Соли гузашта дар кишвар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,1 дарсад рушд кардааст. Ба қавли вазири тоҷик, Тоҷикистон аз рӯйи рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ дар соли 2025 дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Корхонаи маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат

Ӯ изҳор дошт, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи 66,7 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 13,3 млрд сомонӣ зиёд аст.

 

Таъсиси қариб 400 корхонаи нав

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, соли гузашта дар Тоҷикистон 396 корхонаи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 422 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Аз ҷумла, дар:

ВМКБ – 54 корхона бо 157 ҷойи кор;

вилояти Суғд  – 144 корхона бо 847 ҷойи кор;

вилояти Хатлон  – 85 корхона бо 700 ҷойи кор;

НТҶ  – 50 корхона бо 290 ҷойи кор;

шаҳри Душанбе  – 63 корхона бо 428 ҷойи корӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад соли гузашта корхонаҳои навтаъсис дар умум ба маблағи 198,75 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

“396 корхонае, ки соли гузашта ифтитоҳ гардид, маҳсулоти хеле ночиз истеҳсол карданд. Маҳсулоти истеҳсолкарда ин корхонаҳо дар соли 2025 танҳо 0,3 дарсади истеҳсоли саноатиро ташкил доданд”, – гуфт Шералӣ Кабир.

Тибқи маълумот расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 972 корхонаи саноатӣ бо 92 ҳазору 927 ҷойи корӣ сабт шудааст, ки назар ба соли гузашта 198 корхона бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь