Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии сарвари давлат ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ барои қадрдонии 67 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳ 2,04 млн сомонӣ маблағ ҷудо кунад. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, […]

Asia-Plus

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии сарвари давлат ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ барои қадрдонии 67 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳ 2,04 млн сомонӣ маблағ ҷудо кунад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд. Барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

“Таъсиси ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ нишонаи қадршиносии давлатии варзишгарони бонангу номуси кишвар мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи обрӯи миллат ва баланд бардоштани мақоми давлат заҳмат мекашанд”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Дар хабар ҳамчунин зикр мешавад, ки ҷоизаи мазкур соли панҷум аст, ки зери сарпарастии сарвари давлат тақдим гардида, дар ин давра ба хазинаи варзишии кишвар 510 медал, аз ҷумла 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид шудааст.

 Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.