“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд қариб ду моҳ пеш бо гумони гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора Диловар Мирзоҳомидзода,  раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дирӯз, 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Фаррух Мақсудзода рӯзи 17-уми декабри соли 2025 дастгир шудааст. Ӯ бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ барои “гирифтани пора”  […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд қариб ду моҳ пеш бо гумони гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора Диловар Мирзоҳомидзода,  раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дирӯз, 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Фаррух Мақсудзода рӯзи 17-уми декабри соли 2025 дастгир шудааст. Ӯ бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ барои “гирифтани пора”  муттаҳам мешавад.

Раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳамчунин гуфт, парванда айни ҳол барои баррасӣ ба додгоҳ ворид нагардидааст.

Аммо шарҳ надод, ки Фаррух Мақсудзода кай ва чӣ миқдор пора гирифтаву аз ҷониби кадом сохтор боздошт шудааст. Танҳо афзуд, ки аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба мақомоти таштишоти пешакӣ ҷиҳати ҳабси пешакии ӯ иҷоза додааст.

Тибқи моддае, ки ӯ айбдор мешавад, ба Мақсудзода аз 284 ҳазору 700 то 711 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ мешавад.

Чанде пеш Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотии ниҳодаш боздошти зердасташро тасдиқ карда буд, аммо таъкид мешуд, ки “шояд боздошти ӯ ба фаъолияти шахсияш рабт дошта бошад”.

Пайвандонаш бошад, боздошти ӯро рад карда, гуфта буданд, ки “ӯ дар сафар аст”.

Дар бораи боздошти Фаррух Мақсудзода моҳи декабри соли 2025 хабарҳои тасдиқнашуда паҳн шуд, аммо он замон мақомоти расмӣ ҳеҷ иттилое надоданд.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишта буд, ки “Мақсудзодаро мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт карда ва иттиҳоми алайҳи ӯро бо ҷурми “тамаъҷӯӣ” тафтиш доранд”.

Қаблан манобеи мо низ дар мақомоти вилояти Суғд тасдиқ карда буданд, ки Мақсудзода чанд муддат инҷониб дар кор нест, аммо бо баҳонаи “беморӣ” ва “рухсатӣ” дақиқ нагуфтанд, ки ӯ дар куҷо аст.

Бародар ва модари Мақсудзода низ боздошти ӯро рад карда, гуфта буданд, ки “дар сафар аст ва чанд рӯз пас бармегардад”. Аммо тамоси такрорӣ бо пайвандони ӯ ғайриимкон шуд.

Бояд гуфт, Фаррух Мақсудзода тобистони соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин шуда буд. Вай як давраи гузашта ҳам дар ин симмат кор кард ва дар байн Сардухтури беморхонаи вилоятӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.