“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷандро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки се зиндонӣ дар ҳуҷраи гаштугузор ва баромад бо истифода аз предметҳои гуногун ба кормандони муассиса ҳамла кардаанд. Дар натиҷа се зиндонӣ безарар карда шуда, кормандони боздоштгоҳ ҷароҳат бардоштаанд. Аммо, додситон нагуфт, ки чанд корманди муассиса захмӣ шудааст. Додситони кул имрӯз, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷандро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки се зиндонӣ дар ҳуҷраи гаштугузор ва баромад бо истифода аз предметҳои гуногун ба кормандони муассиса ҳамла кардаанд. Дар натиҷа се зиндонӣ безарар карда шуда, кормандони боздоштгоҳ ҷароҳат бардоштаанд. Аммо, додситон нагуфт, ки чанд корманди муассиса захмӣ шудааст.

Додситони кул имрӯз, 13-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки задухӯрд дар боздоштгоҳи шаҳри  Хуҷанд рӯзи 31-уми январ рӯзона рух додааст.

Талоши расонаҳо барои шарҳи ин ҳодиса дар мақомоти расмии кишвар то ин лаҳза бесамар буд. Вазири адлияи кишвар, ки зиндонҳои кишвар зери тобеияти ниҳоди зери роҳбарии ӯ аст, нахост ҳодисаро шарҳ диҳад.

Ҳабибулло Воҳидзода бори аввал ҳодисаро муфассал шарҳ дод. Ӯ гуфт, се маҳкумшудае, ки барои содир кардани ҷинояти террористӣ – экстремистӣ ба муддати аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум шудаанд, “дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ чандин бор низоми адои ҷазоро вайрон кардаанд, барои ҳамин бо қарори додгоҳ нисбати онҳо низоми маҳбасӣ муқаррар карда шуд”.

Додситон зикр кард, ки ҳамлаварон дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд барои интиқоли минбаъда муваққатан нигоҳ дошта мешуданд.

“Ҳангоми дар тавқифгоҳи шаҳри Хуҷанд нигоҳ доштан ва дар ҳуҷраи гаштугузор ва баромадан ба кормандони муассиса ҳуҷум намуда, аз ҳар гуна предметҳо истифода бурда, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, ҳатто як маҳкумшудаи дигареро, ки дар онҷо  буд, ӯро латукӯб намуданд. Ба талаби кормандони муассиса барои қатъи ҳаракатҳои худ розӣ нашуда, муқобилият нишон дода, бо ҳар гуна предметҳо ба ҷони кормандони муассиса хатари ҷиддӣ эҷод карданд. Дар чунин ҳолатҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбие, ки муассисаҳои ислоҳиро ҳифз мекунанд, безарар гардонида шудааст”, – гуфт Воҳидзода.

Додситони кул гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрд ягон корманди маҳбас кушта нашудаанд, “лекин дар натиҷаи муқобилият нишон додани маҳкумшудагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд”. Аммо ӯ нагуфт, ки чанд корманди зиндон ҷароҳат бардоштанд.

Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи 332 ва 365- и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст.

“Чӣ гуна рух дод, барои чӣ рух дод, аз ҷониби кӣ шудааст, ҳамаи инро дар рафти тафтишот муайн хоҳем кард”,-таъкид кард додситони кул.

Бояд гуфт, дар бораи ҳодисаи тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри Хуҷанд бори аввал хабаргузории Радиои озодӣ дар такя ба манобеи худ иттилоъ дода буд. Манобеи ин расона аз идораи тандурустӣ дар вилояти Суғд  гуфтаанд, ки “аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмиро оварданд”.

Бояд гуфт, ин аввалин ҳодисаи задухӯрд ё ошӯб дар маҳбасҳо, махсусан дар муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд нест. Шаби ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти 3/3 дар микрорайони 16-уми шаҳри Хуҷанд маҳбусон ба ошӯб даст заданд. Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни ошӯб 21 маҳбус ҳалок шуданд. Ду корманди зиндон кушта шуда, панҷ нафар посбон ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд.

Инчунин 3-юми феврали соли гузашта дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса аз ҷумла сардори муассисаи мазкур захмӣ шуданд.

Пештар аз ин, шоми 19 майи соли 2019 дар ҳамин муассиса ошӯб бархоста буд, ки 30 маҳбус бо корду асбобҳои бурандаю халанда се корманди муассисаро гаравгон ва онҳоро куштанд. Ҳамчунин, бо мақсади тарсонидан панҷ маҳкумшударо низ ба қатл расониданд.

Кормандони сохторҳои қудратӣ саркардагони ошӯбро куштанд, ки байнашон писари генерали фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, ки чанд сол пеш ба ДОИШ* пайваста буд, – Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола низ буд.

Бар асари ин ҳодиса 29 маҳбус ҳалок шуд. Барои ташкили ошӯб Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳлати ҳабси 28 маҳбуси муассиса дар Ваҳдатро дароз кард.

Солҳои пешин низ якчанд бор ҳодисаҳои кӯшиши фирор аз зиндонҳои Тоҷикистон рух дода буданд. Қариб ҳамаи онҳо барои ташкилкунандагону иҷрокунандагони онҳо ноком анҷом ёфтанд: онҳо ё кушта шуданд ва ё боздошту паси панҷара баргардонида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.