Ҳукми Суди Олӣ ба ошӯбгарони зиндони Ваҳдат

Суди олии Тоҷикистон нисбат ба 28 нафар маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии Ваҳдат барои ташкили ошӯб ҳукм содир кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд. “Ҳукмҳо нисбат ба 28 нафар маҳкумшудагон ҳанӯз 25-уми октябри соли равон содир шуда буданд. Ба онҳо мутобиқи 16 модда айбнома пешниҳод гардида, гуноҳашон дар ташкили ошӯб дар муассисаи […]

Суди олии Тоҷикистон нисбат ба 28 нафар маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии Ваҳдат барои ташкили ошӯб ҳукм содир кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд.

“Ҳукмҳо нисбат ба 28 нафар маҳкумшудагон ҳанӯз 25-уми октябри соли равон содир шуда буданд. Ба онҳо мутобиқи 16 модда айбнома пешниҳод гардида, гуноҳашон дар ташкили ошӯб дар муассисаи ислоҳӣ собит шуд”, – гуфт манбаъ.

Зикр шуд, ки парванда махфӣ буда, аз ин рӯ, дар бораи ҷузъиёти моддаҳои айбдорӣ ва муҳлатҳои ҳукм маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки ошӯби маҳбусон дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат шаби 19-уми майи соли ҷорӣ сар зада, дар ҷараёни он 32 нафар: 29 нафар маҳбусон ва 3 корманди муассисаи ислоҳӣ ҳалок шуданд. Масъулияти ин ошӯбро созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба адвокатҳои маҳкумшудагон иттилоъ медиҳад, ки муҳлати ҷазои маҳкумшудагон бо назардошти ҳукми нав аз 19 то 29 солро ташкил медиҳад. Додгоҳ онҳоро ба 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ ва куштор айбдор донистааст.

Вакилони дифои ин маҳкумшудаҳо гуфтаанд, парванда муҳри махфӣ дошт ва қазияҳои додгоҳӣ низ паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шуд. Вакилони дифои онҳо имзо гузоштаанд, ки ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунанд ва ба ин хотир намехоҳанд исмашон дар матбуот зикр шавад.

Аммо яке аз вакилони дифоъ бо шарти зикр нашудани номаш гуфтааст, ин 28 нафар ба он муттаҳам мешаванд, ки ба созмондиҳандагони ошӯб "байъат" кардаанд.

Вале худи муттаҳамон ин иттиҳомро рад карда ва гуфтаанд, ки имкони иштирок дар ошӯбро доштанд, вале даст ба исён назадаанд.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, парвандаи чанд нафари дигарро, ки дар ошӯби зиндони Ваҳдат муттаҳам мешуданд, барои омӯзиши дубора пас фиристода буданд ва ҳанӯз ҳукми онҳо содир нашудааст.

Дар миёни ин гурӯҳ Бахтиёр Абдусамадов, бародари Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳам дар қатли чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар соли 2018 дар Данғара низ мебошад. Гулчеҳра Шодмонова, модари Бахтиёр гуфтааст, писарашро ба ошӯб дар зиндон муттаҳам мекунанд, вале ӯ бемор буд ва дар ин ошӯб даст надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.