Давлати исломӣ масъулияти ошӯби зиндони Ваҳдатро ба дӯш гирифт

Созмони террористии "Давлати исломӣ” масъулияти ошӯби маҳбусон дар зиндони Ваҳдатро ба дӯш гирифт. Дар ин бора сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”бо истинод ба пойгоҳиSITE Intelligence Group, ки фаъолияти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад ва хабаргузории Reuters бо такя ба рӯзномаи "Al-Nabaa” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин нашрияи арабии марбут ба Давлати исломӣ тасдиқ кардааст, ки ошӯб дар […]

Akhbor.com

Созмони террористии "Давлати исломӣ” масъулияти ошӯби маҳбусон дар зиндони Ваҳдатро ба дӯш гирифт.

Дар ин бора сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”бо истинод ба пойгоҳиSITE Intelligence Group, ки фаъолияти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад ва хабаргузории Reuters бо такя ба рӯзномаи "Al-Nabaa” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин нашрияи арабии марбут ба Давлати исломӣ тасдиқ кардааст, ки ошӯб дар зиндони Тоҷикистонро «аскарони хилофат» анҷом додаанд. Тафсилоти дигаре аз ҷониби ДОИШ дода нашудааст.

Зикр мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон билофосила дар ташкил ва роҳбарии ошӯби шаби 19 май дар маҳбаси Роҳатӣ маҳбусони тарафдори ДОИШ-ро айбдор карда буданд, вале ин созмони террористӣ то кунун дар ин маврид хомӯширо ихтиёр карда буд.

Дар ҷараёни ошӯби шаби 19 май ва саркӯби он 32 нафар – 3 зиндонбон ва 29 маҳбус, аз ҷумла писар ва ҷияни ба ном "вазири ҷанг”-и ДОИШ Гулмурод Ҳалимов кушта шуданд.

Давлати исломӣқаблан масъулияти ошӯби шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷандро, ки дастикам 25 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамчунин масъулияти куштори 4 сайёҳи хориҷӣ дар моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараро низ ба дӯш гирифта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.