“Бебокиаш сабаб шуд, ки…”. Ёдбуди адиб Алӣ Бобоҷон дар Душанбе

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ба муносибати 90-солагии Алӣ Бобоҷон – шоир, нависанда ва публитсисти тоҷик рӯзи 17-уми феврал адибон, адабиётшиносон ва дӯстдорони адабиёти бачагона дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гирд омаданд, то хотира ва мероси ӯро гиромӣ доранд.

Толиби Луқмон, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон (ИН), хотирнишон кард, ки Алӣ Бобоҷон аз шоирони шинохтаи бачагон аст, ки тамоми умр барои наврасон қалам суфтааст.

Ба ғайр аз эҷоди худаш, ба қавли Толиби Луқмон, инчунин, Алӣ Бобоҷон дар муҳокимаи осори дигарон ҳам ҳамеша пешсаф буд: “ашъори дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” чопшударо ҳам дар худи рӯзнома қалам зада, онро ба дасти сармуҳаррир оварда месупорид”.

 

“Ашъораш аз назари олимон дур мондааст”

Насимбек Қурбонзода, мудири Шӯъбаи адабиёти бачагонаи ИН гуфт, Алӣ Бобоҷон дар интихоби мавзӯъ бо эҳтиёт муносибат мекард ва дар мавзӯъҳои муҳиму мубрам эҷод мекард.

“Ба мавзӯъҳои тарбият, ахлоқ, инсонгароӣ таваҷҷуҳ дошт. Омӯзиш, мактаб, маориф ва тарбият дар меҳвари эҷодиёти ӯ қарор дорад. Барои бачаҳоро бо табиат ва зебоиҳои он, парандагон, гулу дарахтон ва амсоли ин шинос кардан шеъри зиёд рӯйи коғаз овардааст”, – гуфт Қурбонзода.

Қурбонзода таъкид кард, ки бо вуҷуди он ки муаллиф зодаи даврони шӯравӣ аст, “барои сиёсати рӯз хеле кам шеър бахшидааст, то тавонистааст худро аз гуфтани шеъре, ки умри кӯтоҳ дорад, дур гирад”.

Ба гуфтаи вай, осори барои бачаҳо навиштаи Алӣ Бобоҷон бояд густардатар ва доманадор таҳқиқ шавад: “…ашъори шоир камтар мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифтааст ва бисёр масъалаҳои ашъори ӯ аз назари олимон дур мондааст”.

 

“Дар бари шоироне, ки вазни ашъорашон вайрон аст, наменишаст”

Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Алӣ Бобоҷонро дар қатори беҳтарин адибони бачагонаи тоҷик, ба мисли Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Убайд Раҷаб ҷой дод.

“Ҳарчанд дар наср ва публитситика ҳам қалам ронд, вале ашъори бачагонааш беҳтар ва бештар қабул шудаанд”, – гуфт Ҳошимӣ.

Ба қавли Ҳошимӣ, Алӣ Бобоҷон ба вазни ашъораш ҳам зиёд диққат медод, ҳамеша шеърҳои бевазну қофияро мазаммат мекард ва ҳамчунин, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт, ки “ҳатто дар бари шоироне, ки вазни ашъорашон вайрон аст, наменишаст”.

 

Раҷабалӣ Қудратов, адибу рӯзноманигори тоҷик ва ҳамкурси Алӣ Бобоҷон аз дӯстиаш бо марҳум ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҳатто қаробати наздикашон ба дараҷаи бародарӣ расида буд. Ӯ гуфт, ки Бобоҷон аз даврони донишҷӯӣ худро ҳамчун шоири бачаҳо муаррифӣ карда буд.

Қудратов нақл кард, ки боре аз Алӣ Бобоҷон мепурсад: чаро шуморо фақат адиби бачаҳо муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле ки дар ҳамаи жанрҳо шеър гуфтаеду наср навиштаед?

“Намедонам, ин кори кадом дӯстам буд ё душманам, вале вақте шеърҳои худро аз забони бачаҳо мешунавам, гул-гул мешукуфам”, – гуфтааст шоир.

Вай таъдик дошт, ки Алӣ Бобоҷонро фақат шоири бачаҳо гуфтан кори начандон хуб аст, ӯ адиб ва публисист ҳам ҳаст ва барои ин муҳаққиқон бояд он қисматҳоро бештар муаррифӣ кунанд.

 

“Бебокиаш сабаб шуд, ки…”

Юсуфҷон Аҳмадзода, шоиру нависандаи тоҷик, гуфт, Алӣ Бобоҷон “инсони воқеан накӯкор, бебок ва адолатхоҳ буд”.

Ба қавли ӯ, ҳар гоҳ ки касе беасос ё ноҳақ чизе мегуфт, Бобоҷон бе тарс ба он посух медод, ҳақиқатро рӯйрост баён мекард. Аммо дар айни замон, ӯ аз пушти сари касе бад намегуфт ва ғайбат намекард.

Аҳмадзода изҳор дошт, ки маҳз ҳамин бебокӣ ва ростқавлии беолоиши Алӣ Бобоҷон буд, ки ӯ “дасти холӣ” аз ин дунё рафт. Яъне, ӯ ҳеч гоҳ ба хотири манфиатҳои шахсӣ чизе нагуфт, ба ҳеч кас тамаллуқ накард. Ин хислатҳо ӯро аз унвону мукофотҳое, ки сазоворашон буд, бенасиб кард.

“Ҳарчанд сазовори ҳар гуна унвон буданд, вале дасти холӣ аз дунё рафтанд. Боиси афсӯс аст…”, – гуфт Юсуфҷон Аҳмадзода.

 

“Хомӯш истода наметавонист”

Профессор Бадриддин Мақсудов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳам дар бораи Алӣ Бобоҷон гуфт, “ӯ гарчи дар назму наср ва жанрҳои гуногун менавишт, аммо қабл аз ҳама, ҳамчун шоири бачаҳо шинохта шудааст ва ин паҳлӯи кори эҷодиашро худаш ҳам эътироф ва тасдиқ мекард”.

“Вақте ба навиштаҳои Алӣ Бобоҷон менигарем, хоҳем дид, ки дар ин самти халлоқияти адабӣ ӯ яке аз шоирони муваффақ будааст. Аз ҳамин ваҷҳ аст, ки ҳар ҷо сухан дар бораи адабиёти бачаҳо мерафт, хомӯш истода наметавонист, ҳамеша кӯшиш мекард роҷеъ ба мушаххасоту мушкилоти ин соҳаи эҷоди адабӣ ибрози назар намояд”, – иброз дошт адабиётшинос.

Вай афзуд, “ашъори бачагонаи шоир ба хонандаи хурдсол донишҳои ибтидоӣ медиҳанд ва фикри онҳоро ноаён аз осон ба душвор ва аз сода ба мураккаб пеш мебаранд. Ин ва дигар шеърҳои бачагонаи Алӣ Бобоҷон ҳам барои бачаҳо завқовару хонданбоб ҳастанд ва ҳам унсурҳои лирикӣ доранд”.

Ғайр аз ин, Мақсудов таъкид кард, ки Алӣ Бобоҷон барои калонсолон ҳам шеъри бисёр навиштааст: “Онҳо ба мавзӯъҳои байналмилалӣ, ишқу муҳаббати пок, васфи модар, табиати нотакрори Тоҷикистон, ҷавонӣ, заҳмату кор ва ғайра бахшида шудаанд. Як даста шеърҳои ӯ мазмуни ҳаҷвӣ-танқидӣ дошта, дар онҳо хислатҳои пасти баъзе одамони танбалу коргурез, муросокор, фиребгару бадмаст, ки шоир онҳоро “хор дар гулзор” номидааст, накӯҳиш шудаанд. Ин даст шеърҳои Алӣ Бобоҷон дар китобҳои “Мавҷи сурур” (1973) ва “Меҳрпайванд” (2006)-и ӯ гирд оварда шудаанд”.

 

Аз зиндагиномаи Бобоҷон​​​​​​​

Алӣ Бобоҷон 10-уми феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) оғоз кард. Минбаъд дар нашриёти “Маориф”, рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Машъал” ва “Занони Тоҷикистон” ва нашриёти “Адиб” кор кард. Аз соли 1992 ба сифати ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1973 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1982), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998) ва соҳиби “Нишони сухан” мебошад. Бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977) мукофотонида шудааст.

Алӣ Бобоҷон 16-уми октябри соли 2020 аз олам даргузашт.

Дар бораи рӯзгор ва осори ин адиби шинохтаи бачаҳо дар чеҳракушоии зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед: “Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...