ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1993 – Дафтари САҲА фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард.
Соли 2003 – Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 345 килограмм ҳероин мусодира гардид, ки ин он замон бузургтарин ҳодисаи боздошти маводи мухаддир дар таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд.
Соли 2009 – Олим Зикаев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи кушоди XIII Беларус оид ба гӯштини самбо дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.
Соли 2020 – Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ва Тоҷикистон Созишномаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1926 – Мавлуди Наҷмиддин Раҳимов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Наҷмиддин Раҳимов маълумоти махсуси касбӣ дар ҷодаи санъат надорад. Аммо бо вуҷуди ин тавонист, то дараҷаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон расад.
Ӯ солҳои 1938-1968 дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд кор кардааст, вале аз суруду мусиқӣ лаҳзае дил накандааст. Ӯ иштирокдори фаъоли маҳфили ҳаваскорони санъат буд. Баъдтар бо иҷрои таронаҳои классикии “Дугоҳ”, “Тановор”, “Ироқи Бухоро”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Ороми ҷон” ба дилҳо нишастаанд.
Наҷмиддин Раҳимов асосан сурудҳои классикӣ иҷро менамуд. “Дугоҳ”, “Танавор”, “Ироқи Бухоро”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Савти ушшоқ”, “Ороми ҷон” барин сурудҳояш дар дили ҳаводоронаш нишастаанд.
Соли 1939 – Мавлуди Тӯхта Иброҳимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Тӯхта Иброҳимова яке аз сарояндагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, соли 1960 ба ҷодаи санъат қадам ниҳодааст. Ӯ аввал, солҳои 1960-1973 сарояндаи Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва бахдан дар ансамбли Ҳофизони мақомхон ба фаъолият пардохт.
Маҳорати сарояндагиаш махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикии “Тоҷикистон”, “Сози муҳаббат”, “Дурдона”, “Ҷашни дӯстӣ” ва дигар таронаҳо зоҳир шудааст.
Соли 1965 – Мавлуди Раҳим Бобохонов, олим, муаррих, доктори илмҳои таърих.
Соли 1966 – Мавлуди Носир Саидов, коргардони шинохтаи тоҷик, раиси Кумитаи телевизион ва радио.

Носир Саид 60 сола шуд. Ӯ ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радио буда, қаблан низ дар ниҳодҳои гуногун дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошт. Ҳамчунин, саҳми ӯ ҳамчун филмофар дар олами синамои миллӣ назаррас аст.
Ба қавли худи ӯ, рағбат ба филмофарӣ ӯро ба факултаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон бурд. Баъди хатми он дар идораи синамои “Тоҷикфилм” ба фаъолият пардохт.
Ӯ солҳо дар киностудияҳои Русия фаъолият дошта, дар офаридани филмҳои “Ман ваъда медиҳам, ки меравам”, “Зиндагии шахсии малика, “Падари маҳтобӣ”, “Шик” ҳамчун коргардони дуюм нақш доштааст. Филми нахустине, ки Носир Саидро ҳамчун коргардони ҳирфаӣ муаррифӣ кард, филми “Қиёми рӯз” аст. Филмҳои “Муаллим”, “Роҳ”-и ӯ низ аз беҳтарин филмҳои синамои тоҷик дониста мешаванд.
Носир Саид соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” ва соли 2017 раҳбари телевизиони “Сафина” таъин гардид. Рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ ба ҷои Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд.
Дар бораи фаъолияти то имрӯзаи Носир Саид ва интизориҳои ҷомеа аз ӯ дар ин маводи мо мутолиа кунед.
Соли 2024 – Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, яке аз бунёдгузорони ансамбли эстрадии “Гулшан” дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт.

Лайло Шарифӣ 28 январи соли 1930 дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва ё Рӯзи ҷаҳонии наҳангҳо таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1986 пас аз мавриди амал қарор гирифтани мораторий дар бораи шикори наҳангҳо таъсис дода шуд. Кашфиёти палеонтологӣ собит менамоянд, ки китҳо ҳанӯз 26 миллион сол пеш вуҷуд доштанд.

Ширхӯрони китшакл як гурӯҳи ширхӯрони обӣ мебошанд, ки ба он наҳангҳо, делфинҳо ва хукҳои баҳрӣ дохил мешаванд. Китҳо тавассути шуш нафас мегиранд, ҷонварони гармхунанд ва бачаҳояшонро бо шир ғизо медиҳанд. Кити кабуд бузургтарин ҷонвари рӯи Замин маҳсуб ёфта, вазни он баъзан ба 200 тонна мерасад.
Имрӯз Рӯзи ихтирои харитаи синоптикӣ аст. Ин харитаи ҷуғрофиест, ки дар он маълумоти ҷамъоваришудаи обуҳавошиносӣ бо аломатҳои махсус ишора карда мешаванд.

Маҳз 19 феврали соли 1855, Урбен Леверье, директори расадхонаи Париж ва кашшофи сайёраи Нептун, харитаи нахустини обуҳавоии Аврупоро ба Академияи илмҳои Париж пешниҳод намуд.
Ин иқдом ба хадамоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ асос гузошт. Таҳқиқоти Левере нишон дод, ки тавассути харитаҳои синоптикӣ метавон пайдоиши тӯфонҳои шадидро пешгӯӣ кард. Имрӯз харитаҳои синоптикӣ бо истифода аз системаҳои компютерӣ таҳия мешаванд ва компютер дар чанд сония ҳисобҳоеро анҷом медиҳад, ки пештар соатҳо вақт талаб мекард.
19 феврали соли 1878 оғози марҳилаи сабти овоз маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин рӯз Томас Эдисон патенти фонограф – дастгоҳи сабт ва такрори овозро ба даст овард.

Соли 1879 фонограф дар Русия низ намоиш дода шуд. Яке аз хидматҳои бузурги Эдисон ин буд, ки ӯ бо фиристодани фонограф ба шахсони машҳури давр садои онҳоро барои таърих ҳифз намуд. Дар осорхонаи адабии Русия имрӯз низ овози Лев Толстойро шунидан имкон дорад.
Имрӯз Рӯзи ихтирои барномаи “Photoshop”аст. Томас Нолл, як амрикоӣ барномаи коркарди тасвирҳои графикиро таҳия кард. Томас барномаро ба бародараш Ҷон Нолл, ки яке аз машҳуртарин масъулони назорат ва ҳамоҳангсозии эффектиҳои визуалӣ (VFX) дар филмҳои маъруфи ҷаҳонӣ буд, нишон дод. Ҷон ба лоиҳа шавқ зоҳир карда, дар такмили он ширкат намуд.
Бародарон ибтидо барномаро “Display” номиданд ва соли 1988 онро ба “ImagePro” иваз карданд. Хеле зуд ширкати “Adobe Systems” ҳуқуқи онро харид ва соли 1989 ба барнома номи “Photoshop” гузошт. 19 феврали соли 1990 нахустин версияи “Photoshop 1.0” нашр шуд ва ин рӯзро метавон ҳамчун Рӯзи таваллуди “Photoshop” арзёбӣ кард.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе минтақаҳо то 3+5º гарм, дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-32º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 19 ба 20-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.



