Додгоҳи шаҳри Левакант ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре, ки барои “як шаппотӣ” задани хонандаи синфи 11 алайҳаш парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд, содир кардааст. Ба омӯзгор ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян додаанд.
Дар ин бора, аз додгоҳи шаҳри Левакант ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, парвандаи омӯзгорро Фарҳод Абдуллозода, раиси Додгоҳи шаҳри Левакант баррасӣ карда, рӯзи 16-уми феврал ҳукми ӯро содир кардааст.
“Нисбати Фарҳод Назаров тибқи моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати 200 –соат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин шуд. Дар як шабонарӯз на бештар аз 3-соат ба корҳои ҳатмӣ ҷалб карда мешавад, баъди равон кардани ҳукм ба Шуъбаи корҳои ислоҳӣ”,-гуфтанд аз додгоҳ.
Манбаъ гуфт, ки се рӯз қабл, 13-уми феврал дар мурофиа сухани Фарҳод Назаров ва ҷабрдида шунида шуда, се рӯз баъд ҳукм содир шудааст. Худи Назаров дар робита ба ҳукми додгоҳ эътироз накардааст.
Назари Фарҳод Назаров дар хусуси ҳукми додгоҳ маълум нест, кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои сӯҳбат бо омӯзгор бенатиҷа анҷомид.
Сафар Қурбонназаров, мудири мактаби рақами 4-и деҳаи Боҳтурободи шаҳри Левакант дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфт, ки ҳоло Фарҳод Назаров дар муассиса фаъолият надорад. Вале шарҳи бештар надод.

Намояндаи додгоҳ гуфт, ки бинобар як муддат бемор будани Фарҳод Назаров ва дар асоси маълумотномаи тиббие, ки аз сӯйи модари омӯзгор ба додгоҳ пешниҳод шудааст, аз 4-уми декабри соли 2025 то 13-уми феврали имсол, баррасии парванда боздошта шуда буд.
Ба гуфтаи манбаъ, Фарҳод Назаров як муддат дар шуъбаи асаби беморхонаи ноҳияи Кӯшониён бистарӣ шудааст, “ҳоло вазъи саломатиаш хуб аст”.
Ёдрас мешавем, ки қазияи муноқиша миёни омӯзгор ва Меҳмед Бозоров, хонандаи синфи 11 дар шаҳри Левакант рӯзи 6-уми сентябри соли гузашта сар зада буд. Худи омӯзгор онвақт ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки хонанда “раванди дарсро вайрон карда, ба гапҳои ман гӯш надод” ва ба ин сабаб як шаппотӣ задааст. Баъди ин қазия Меҳмед Бозоров алайҳи омӯзгор шикоят кард, додситонии шаҳри Левакант алайҳи омӯзгор парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Дар моҳи октябри соли гузашта парвандаи омӯзгор ба додгоҳ рафт ва чанд маротиба мурофиаи ӯ баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки қазияи оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Фарҳод Назаров, миёни ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овард. Аксари фаъолони ҷомеа аз мавқеъ ва шаъну шарафи муаллим пуштибонӣ карданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ он вақт гуфта буд, ки аз омӯзгор пуштибонӣ мекунад.
Ҷузъиёти дигари ин қазияро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.



