То 1-уми январи соли 2026 аҳолии Тоҷикистон 10 млн 720,8 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳадОҷонсии омори кишвар.
Ин нишондиҳанда қариб 215 ҳазор нафар зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2025 мебошад. Яъне афзоиш тайи соли охир ба 2% баробар шудааст.
Шумораи аҳоӣ вобаста ба минтақаҳо ба ҳолати 1-уми январи соли равон:
– вилояти Хатлон 3 млн 878,9 ҳазор;
– вилояти Суғд 3 млн 015,1 ҳазор;
– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 млн 298,6 ҳазор;
– шаҳри Душанбе 1 млн 291,8 ҳазор;
– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 236,4 ҳазор нафар.
Ҳамин тариқ, 36,2%-и аҳолии кишвар ба сокинони Хатлон, 28,1% ба Суғд, 21,5% ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 12% ба Душанбе ва 2,2% ба ВМКБ рост меояд.
Соли 2025 аз ҷониби мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) 255,1 ҳазор таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши сабти таваллуд ба ҷуз ВМКБ, дигар дар ҳамаи минтақаҳои сабт шудааст:
– вилояти Суғд 1,4% (62,8 ҳазор таваллуд);
– вилояти Хатлон – 1,9% (105,4 ҳазор таваллуд);
– шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (57,9 ҳазор таваллуд);
– шаҳри Душанбе – 0,4% (25,6 ҳазор таваллуд);
– ВМКБ 2% кам шудааст (3,3 ҳазор таваллуд).
Дар муқоиса бо соли 2024, сабти фавтидагон 4,1% афзуда, 34,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Сабти фавтидагон дар минтақаҳо нисбат ба соли 2024-ум ба таври зайл афзоиш ёфтааст:
– вилояти Суғд 2,4% (11,3 ҳазор фавт);
– вилояти Хатлон – 4,1% (11,4 ҳазор фавт);
– шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 6,4% (6,8 ҳазор фавт);
– шаҳри Душанбе – 5,1% (3,5 ҳазор );
– ВМКБ – 4,0% (946 фавт).



