Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2026

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ оғоз мешавад. Дар он аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинони шаҳр мегардад. Намоиш-фурӯши мазкур то 22-юми феврал идома мекунад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони зеристгоҳи “Лолазор-Хатлон” оғоз ёфт.

Соли 2012 – Тоҷикистон бо Ҷазираҳои Соломон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Соли 2012 – Дар Маскав Маркази фарҳанги Тоҷикистон бо номи “Хайём” ифтитоҳ ёфт.

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки тибқи он метавон заминро ба гарав гузошт.

Соли 2017 – Телевизиони “Футбол” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2018 – Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон расман ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2020 – Тоҷикистон  ва Қирғизистон дар бораи табодули 23 гектар замин ба созиш расиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1948 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Мирзошоев, нависанда, тарҷумон, рӯзноманигор.

Ӯ аз камтарин нависандагонест, ки дар бораи аксари бузургони илму фани тоҷик очеркҳо эҷод кардааст. Яке аз аввалин офаридаҳои илмӣ-оммавии вай, очерки “Лутфулло Бузургзода” буда, минбаъд дар бораи корномаву зиндагии Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Баҳодур Искандаров, Мансур Бобохонов, Темур Муҳиддинов ва дигарон очерк навиштааст.

Ӯ муаллифи китобҳои “Баҳодури Бағалак”, “Лолаҳои аз хун дамида”, “Аз санг нола хезад”, “Фарзонамард”, “Манзар-о-о-о, Манзар!” аст.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои 1969-1977 дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба сифати китобдор, ҳамзамон, дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати мусаҳҳеҳ кор кардааст. Сипас, як муддат чун ҷонишини муҳаррири ин рӯзнома буда, солҳои 1986-1990 узви Шӯрои этика ва ҳуқуқи Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Ӯ аз соли 1991 сармуҳаррири ҳафтаномаи “Наврӯзи Ватан” буд. 

Соли 1953 – Мавлуди Истадой Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театр ва овозхони тоҷик.

Ӯ хатмкардаи Институти омӯзгории шаҳри Ленинобод буда, фаъолияти кориашро соли 1969 дар театри мусиқӣ драмавии шаҳри Конибодом оғоз кардааст.

Ӯ тӯли фаъолияти чандинсолааш беш аз 50 нақш офаридааст. Муҳаммадҷонова дар овозхонӣ низ муваффақ буда, дар саҳна ҳам нақш иҷро мекард ва ҳам тарона месароид.

Нақши Норгул дар намоишномаи “Ошуби рӯзгор”, рисолатпарӣ дар “Тошболтаи ошиқ”, муаллима Шаҳноза дар “Муаллим”, Зарина дар “Зафар ва Заррина” Нурхон дар “Нурхон” аз нақшҳои муваффақи ӯ дар театр мебошанд.

Ӯ 8-уми августи соли 2021, дар 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1963 – Зодрӯзи Муҳаррама Шарифзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Муҳаррама Шарифзода Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ соли 1991 ба ансамбли “Дарё” ба ҳайси овозхон шомил шудааст.

Беш аз 110 суруду таронаҳояш дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио маҳфузанд, аз ҷумла, “Давлати ман”, “Базми ағёр”, “Дили саргардон”, “Мепарастам”, “Доғи ману боғи манӣ”, “Суруди Гулизор”, “Гуларӯсак” ва даҳҳо таронаҳои дигар.

Соли 2021 овозхон бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадр шуд.

Соли 1965 – Зодрӯзи Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон.

Ҳабибулло Воҳидзода, ки беш аз як сол инҷониб додситони кулли кишвар аст, аллакай аз худ ҳамчун сиёсатмадори ҳирфаӣ дарак додааст. Ӯ ҳанӯз замоне ки дар мақоми роҳбари Оҷонсии назорати маводи нашъаовар кор мекард, миёни рӯзноманигорон бо дастрасии худ маъруф шуда буд.

Додситон хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар мақомоти додситонӣ оғоз кард.

Аз соли 2011 то 2015 муовини додситони кулли Тоҷикистон буд, лекин дар соли 2015 пас аз интиқоди президент дар ҷаласаи Шӯрои амният, ҳамроҳи ду муовини додситони кулл аз ин вазифа барканор шуд.

Аммо чанде пас додситони вилояти Суғд таъин шуд. Соли 2020 директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент Тоҷикистон таъин шуда, дар ин самт кор кард.

Соли 2024 Воҳидзода муовини додситони кулл – сардодситони ҳарбии Тоҷикистон таъин шуд ва баъди аз як сол фаъолият дар ин мансаб ба курсии Додситони кулли кишвар нишаст.

Соли 1983 – Зодрӯзи Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон, ёрдамчии пешини раисҷумҳур.

Абдулло Раҳмонзода, ки беш аз як моҳ қабл муовини раиси вилояти Хатлон дар самти идеология таъин гардид, ду соли қаблӣ ёрдамчии раисҷумҳури кишвар дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.

Ӯ хатмкардаи риштаи ҳуқуқ дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, солҳои 2005-2009 дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст. Сипас, соли 2009 коршиноси пешбари шуъбаи қонунгузории кор, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанги Маркази миллии қонунгузорӣ ва соли 2012 муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ дар муносибатҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва соҳибкории ин ниҳод таъин шуд.

Аз соли 2013 то 2017 дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ҳамчун коршинос ва ҳамзамон раиси созмони ҷамъиятии “Созандагони Ватан” фаъолият дошт ва соли 2017 мансаби раиси ин Кумита буд

Раҳмонзода солҳои 2020-2024 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш буда, ахиран аз соли 2024 ёвари раисҷумҳур дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.

Ӯ 7-уми январи соли 2026 муовини идеологии раиси вилояти Хатлон таъйин шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҷашн гирифта мешавад, ки онро Конфронси генералии ЮНЕСКО бо ҳадафи ҳифзи гуногунрангии забонӣ ва фарҳангӣ таъсис додааст.

Сабаби таъсиси ин ҷашн дар ин рӯз беасос нест. Рӯзи 21 феврали соли 1952 дар шаҳри Дакка (пойтахти ҳозираи Бангладеш) донишҷӯёне, ки барои расмӣ эътироф шудани забони бенгалӣ ба эътироз баромада буданд, аз тири полис ҳалок шуданд.

21 феврал инчунин Рӯзи байналмилалии роҳбаладон (экскурсоводҳо) мебошад. Дар солҳои 1970, талабот ба касбияти роҳбаладон зиёдтар шуд ва ҳоло онҳо бояд омӯзиши махсус гузаранд. Аммо дар асри гузашта ҳар шахси босавод, ки таърихи шаҳреро медонист, метавонист роҳбалад шавад.

Соли 1848 дар ҳамин рӯз Карл Маркс ва Фридрих Энгелс “Манифести Ҳизби Коммунистӣ”-ро нашр карданд. Ин нахустин матни барномавии коммунизми илмӣ буд, ки асосҳои назарияи марксизмро баён мекард.

Он бо ибораи машҳури таърихӣ ба поён мерасад: “Пролетарҳои ҳамаи кишварҳо, муттаҳид шавед!”

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1-6º сард, дар баъзе минтақаҳо то 1+3º гарм, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад ва дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 21 ба 22-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.