Чӣ гуна ҳавои гарми моҳи феврал ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ зарар мерасонад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳавои аз меъёри муқаррари гарми моҳи феврали имсола нигаронии ҷиддии деқонону кишоварзонро ба миён овардааст. Барвақт бедор шудани боғҳо, хавфи бозгашти сардиҳо ва норасоии намӣ метавонанд ба талафоти ҳосил ва хароҷоти иловагӣ барои деҳқонон оварда расонанд.

Феврал дар Тоҷикистон маъмулан моҳи сардӣ аст:. Шабҳо хунук мешавад, дар доманакӯҳҳову кӯҳҳо барф меборад ва ҳаво нисбатан сард мешавад. Вале дар соли 2026 вазъ дигар аст ва тибқи арзёбии ҳавошиносон, дар ин моҳ ҳаво аллакай, дар аксари минтақаҳо, тақрибан 1 -2 дараҷа гармтар аз меъёри иқлимӣ мебошад.

Барои соҳаи кишоварзӣ гармии барвақтӣ хавф аст, зеро аксаран он бо тағйирёбиҳои ҳаво меояд: ивазшавии босуръати ҳарорат, борон ба ҷойи барф ва шамолу фаромадани туманҳо.

Бино ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ, моҳи феврал дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати миёнаи моҳона баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Дар вилояти Суғд ва ВМКБ ҳарорат дар ҳудуди меъёр ва каме зиёдтар аз он пешбинӣ мешавад (ба истиснои ноҳияҳои шарқи ВМКБ, ки дар ин ҷо шабона сардӣ пешбинӣ шудааст).

Ҳавошиносон алоҳида дар бораи ҳавои ноуствуор ҳушдор дода буданд: ҳавои аз самти ғарб омада, ба водиҳо борон, ба кӯҳҳо борону барф ва ба балндкӯҳҳо барф меорад.

 

“Агар сардиҳо оянд, ҳосил талаф меёбад”

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳавои Тоҷикистон дар моҳи феврал. Аз маъмулӣ гармтар ва тағйирёбанда

Нигаронии асосии кишоварзону боғдорон оддӣ аст: гармии барвақтӣ растаниҳоро бедор карда, сардии ногаҳонӣ метавонад муғчаву гули онҳоро нобуд созад. Деҳқонон мегӯянд, агар барф дар фасли зимистон набораду сардӣ дар вақти нашъунамои растаниҳо ояд, ҳосил талаф меёбад.

Қабати барф барои замину боғҳо ба истилоҳ як навъ “кӯрпа”. Он зироатҳои тирамоҳиро ҳифз карда, намиро дар хок нигоҳ медорад ва хавфи яхкунии решаро кам мегардонад.

Вақте ба ҷойи барф, замин хушку гарм аст, растаниҳо аз вақти маъмулӣ тезтар ба нашъунамо оғоз мекунанд ва захираи намӣ дар хок камтар мешавад.

Бахусус, зардолуву шафтолу, бодом ва ангур осебпазиранд, ки ба тағйирёбиҳои босуръати ҳаво ҳассосанд. Агар охири моҳи феврал ё аввали моҳи март ҳарорат якбора аз сифр поён равад, дарахтони гулкардаро хунук мезанад. Ин ҳолат на танҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки барои бозорҳо ҳам хатари ҷиддӣ аст, зеро камчинии мева ба нархҳо таъсир мерасонад.

 

Кишоварзон мегӯянд, сардиҳои бозгаштаи солҳои пешин заҳмати чандинмоҳаи онҳоро барбод дода буд. Аз ин рӯ, гармии ҳозираи моҳи феврал на ҳамчун баҳори деринтизор, балки ба сифати муждаи озмоиши навбатӣ қабул мешавад.

 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Созмони ҷаҳонии метеорологӣ. Дар Осиёи Марказӣ ҳаво аз меъёр зиёдтар гарм мешавад, ки хеле ташвишовар аст

Пас чӣ бояд кард?

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар шароити ноустувории иқлимӣ роҳи ҳалли мушаххасу умумӣ нест..

Қурбоналӣ Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳад, ки кишоварзон яхобмонии зимистона гузаронанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбир ба нигаҳдории намӣ дар хок ва ҳамзамон, кам кардани фаъолнокии ҳашароти зараррасон, ки дар зимистони гарм бисёртар зинда мемонанд, имкон медиҳад.

"Ғайр аз ин, кишоварзонро зарур аст, ки аз барои нигоҳ доштани намӣ ва устувор кардани ҳарорати замин  замин ё хокро бо маводи органикӣ пӯшонанд. Ин махсусан, дар вақти набудани қабати барф, ки вазифаи муҳофизатиро иҷро мекунад, муҳим аст", – тавсия дод ин олими тоҷик.

Зимнан, боғдорон пешакӣ ба эҳтимоли баргаштани сардиҳо омодагӣ мегиранд. Дар хоҷагиҳо, масъалаи пӯшидани растаниҳои ҳассос, истифодаи "плёнка", дудмонӣ ва ҳатто гармкунии қитъаҳои боғ баррасӣ мешавад.

 

Пас аз таҷрибаи солҳои пешин, аксаран дарк мекунанд, ки ҳатто поинравии кӯтоҳмуддати ҳарорат ба ҳосили кишоварзон зарар мерасонад.

Доимо огоҳ будан аз пешгӯии ҳавошиносон низ муҳим аст. Кишоварзон доимо кӯшиш мекунанд, ки огоҳиҳои ҳавошиносонро дар бораи сардиву пурзӯр шудани вазиши шамол ва боришот ба инобат гиранд, то ки саривақт омода шуда, хавфҳоро ба ҳадди поинтарин расонанд.

 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чолиши нав. Чаро ҳаво дар Тоҷикистон гарм мешавад ва чӣ тавр метавон ба он мутобиқ шуд?

Феврали гарм на ҳамеша хуб аст

Гармии ғайримуқаррарӣ барои сокинони шаҳрҳо имкони ҳаловат бурдан аз офтоб аст Вале барои деҳқонон гармии моҳи феврал нигаронкунанда аст. Ҳар гуна тағйирёбии маъмулии мавсим, метавонад ба талафоти имконпазири молиявӣ боис гардад.

Ҳар қадаре, ки зимистон ба баҳор монанд бошад, ҳамон қадар як андеша бештар садо медиҳад: на худи гармӣ, балки пешгӯинашавандагии он хавфнок аст. Вақте ки пас аз баҳори моҳи феврал, сардиву шамоли сахт ва барфи тар бармегарданд, оқибатҳои манфии он метавонад тамоми сол идома кунад.

Маҳз гармии кунунӣ дар моҳи феврал дар Тоҷикистон на танҳо хурсандӣ меорад, балки боису ташвишу нигаронӣ дар манотиқи деҳот мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.