Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 феврали соли 2026

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Чайковский – “Иоланта” намоиш дода мешавад. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 33 то 55 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Иҷлосияи якуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 1947 – Техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ки баъдан, соли 1971 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов шуд, таъсис ёфт.

Соли 2015 – Ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру илова ворид гардид, ки тибқи он ҳамасола 14-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди “Боғи 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон” дар шаҳри Ҳисор оғози расмӣ бахшид.

Соли 2016 – Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Зодрӯзи Мирзо Бобоҷонов, ходими ҷамъиятӣ.

Соли 1928 – Мавлуди Амир Ҳушанг Ибтиҳоҷ (Соя), шоир ва пажӯҳишгари эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад.

Ҳушанг Ибтиҳоҷ шоири барҷаста ва пажӯҳишгари адабӣ, бунёдгузори Анҷумани адибони Эрон дар нахустин дафтари шеъри худ – "Нахустин нағмаҳо"  бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ- "Сароб" тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва аз ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқӣ чашмгир аст.

Соя дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт. Ӯ дар байни шоирону нависандагони Тоҷикистон низ  аз эҳтироми зиёд бархурдор буд ва чанд шоири саршиноси кишвар, ба мисли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор дар солҳои гуногун барои ӯ шеърҳо бахшидаанд.

"Лаби хомӯш" шеъри маъруфест аз Соя, ки мардуми Тоҷикистон онро бо садои ҳунармандони маҳбуб Аҳмад Зоҳир ва Зафар Нозим шунидаанду хоҳанд шунид.

Соя 10 августи соли 2022 дар синни 94-солагӣ дар Олмон аз олам даргузашт.

Соли 1929 – Зодрӯзи Тоҳир Умаров, муаррихи тоҷик.

Соли 1955 – Зодрӯзи Шамсиддин Насриддинов, рӯзноманигор ва шореҳи варзиш.

Шамсиддин Насриддинов, ки аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст, фаъолияти касбии худро соли 1972 пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе оғоз намуда, дар рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи кишвар ва хориҷ аз он фаъолият кардааст.

Ӯ солҳо дар нашрияҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони советӣ”, “Ҷумҳурият”, “Азия-Плюс” ва дигар расонаҳо фаъолият карда, бо навиштаҳои таҳлилӣ, очеркҳо ва мусоҳибаҳояш шинохта шудааст. Шамсиддин Насриддинов солҳои 2004-2008 дар рӯзномаи “Азия-Плюс” кор кардааст. Соли 2008 ҳамчун шореҳи варзишь дар Бозиҳои олимпии Пекин ширкат варзида буд.

Соли 1956 – Зодрӯзи Санавбарбону Воҳидова, доктори илми таърих, профессор.

Соли 1958 – Мавлуди Маҳмадсафар Муродов, овозхон ва фалаксарои тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Маҳмадсафар Муродов яке аз фалаксароёни тоҷик буда, қариб бист навъи онро иҷро мекард. Ӯ ҳангоми хониш бештар дутору найро ба кор мебурд ва як силсила таронаҳо, аз ҷумла “Меҳру вафо”, “Дардманди ишқ”, “Ба сайри гул наомад”, “Фарзанди замин”, “Даргоҳи умед”, “Дилрабо”-ро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Вай солҳои 1977-1979 роҳбари бадеии Хонаи маданияти деҳаи Меҳнатобод, солҳои 1979-1992 овозхони ансамбли тарона ва рақси “Чашма”-и ноҳияи Восеъ ва аз соли 2012 то охири умр коргардони ансамбли этнографии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд.

Маҳмадсафар Муродов 1-уми ноябри соли 2024 дар синни 66-солагӣ дар ноҳияи Восеъ даргузашт.

Соли 1985 – Зиёдулло Шаҳидӣ, ҳунарпеша ва оҳангсози маъруфи тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Зиёдулло Шаҳидӣ барои ташаккули санъати мусиқии касбии тоҷик саҳми арзанда дорад. Асарҳои эҷоднамудаи ин поягузори мусиқии касбии тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар бисёр кишварҳои олам мақоми махсус дорад. Шаҳидӣ муаллифи беш аз 225 асари мусиқӣ буда, ҳар яки онҳо дар санъати мусиқии тоҷик ҷойгаҳи худро дорад.

Шаҳидӣ бо осори классикон, аз қабили Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Хайём ва Бедил, аз дурдонаҳои беназири “Шашмақом” огаҳии хос дошт ва албатта ин ганҷинаи бебаҳои ниёгони миллати мо ба эҷодиёти пурғановати ӯ таъсири амиқ расонидааст.

Матлаби “Азия Плюс”-ро бахшида ба 110-солагии ин ҳунарпешаи тоҷик бо номи Баъди мурдан шӯълаи овози ман хомӯш нест… Ёде аз Зиёдулло Шаҳидӣ, ки 110 сола шуд, ки соле пеш таҳия гардида буд, мутолиа кунед.

Соли 1952 – Зодрӯзи Исматулло Ибодов, журналист ва муассиси рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон.

Исматулло Ибод, ки маҳз бо кӯшиши ӯ соҳаи андози кишвар соҳиби нашрия шуд, як муддат дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) фаъолият дошт. Нашрияе, ки ӯ бо гуруҳи худ таъсис дод, "Паёми андоз” ном дошт, ки ҳоло бо номи "Боҷу хироҷ" мунташир мешавад.

Исматулло Ибодов дар баробари журналистӣ шеър ҳам менавишт ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Шеърҳояш дар маҷмӯаи "Раҳоварди сафед", "Накҳати Ромит", "Муниси дил", “Осмони чашм” ва “Марвориде аз дарёи ақл” нашр шудаанд.

Ӯ 6-уми майи соли 2019, дар 67-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 25 феврали соли 1956 Анҷумани XX Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид, ки дар он Никита Хрушёв “Дар бораи шахспарастӣ ва пайомадҳои он” гузориши худро ироа карда, Сталинро танқид ва дар бораи корҳои ӯ далелҳо пешниҳод кард.

Маърӯза махфӣ буд. Аммо аллакай дар аввали моҳи март брошюрае бо муҳри “барои нашр нест” ба тамоми ташкилотҳои ҳизбӣ фиристода шуд. Ҳамин тариқ, “пӯшидагӣ”-и маърӯза танҳо шартан буд, гарчанде ки он расман танҳо дар соли 1989 нашр гардид. Маърӯза таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кард ва ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, ҳатто дар доираҳои ғайрикоммунистӣ низ паҳн гардиданд.

25 феврали соли 1836 Сэмюэл Колт, ихтироъкор ва соҳибкори амрикоӣ барои револвери такрорзанандаи худкор дар Иёлоти Муттаҳида аввалин патенти худро гирифт. Ин силоҳ револвери 6-ҳуҷрадори калибри 36 буд, ки механизми гардиши автоматии барабанро ҳангоми кашидани гаштак истифода мебурд.

Даҳ рӯз пас аз гирифтани патент, Колт ширкати “Patent Arms Manufacturing Company”-ро дар шаҳри Патерсони иёлати Ню Ҷерсӣ таъсис дод. Аввалин модели револвери ӯ, ки бо номи “Colt Paterson” машҳур шуд, ба хотири макони истеҳсолаш чунин ном гирифт.

Ин силоҳ дар ибтидо маъмул набуд, аммо баъдан ҳангоми истифодаи он дар ҷангҳои Техас бар зидди Мексика (1836–1848) маҳбубияти зиёд пайдо кард. Аз ҳамин сабаб, баъдтар онро ҳамчун “Colt Texas” низ мешинохтанд. Бо такмили тарҳи револвер ва қарордод бо артиши ИМА, Кольт ширкаташро рушд дод ва силоҳҳои ӯ асоси револверҳои муосир гардиданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 24+26º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10º гарм, рӯзона 13+15º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6º хунук, рӯзона 11+13º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7º хунук, рӯзона 6+8º гарм мешавад.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 25 ба 26-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.