Дар пойтахт озмуни “Зебосанами Душанбе – 2026” баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?

Милана Ена, Asia-Plus

Дар Душанбе даври аввали интихобии озмуни "Зебосанами Душанбе – 2026" ("Miss Dushanbe – 2026") оғоз шуд. Қарори марбута дар ин хусусро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба имзо расонидааст. Ҳадафи баргузории озмун, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, рушди соҳаи муд, дарёфт ва дастгирии чеҳраҳои нав, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ гуфта мешавад. Он дар […]

Дар Душанбе даври аввали интихобии озмуни "Зебосанами Душанбе – 2026" ("Miss Dushanbe – 2026") оғоз шуд. Қарори марбута дар ин хусусро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба имзо расонидааст.

Ҳадафи баргузории озмун, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, рушди соҳаи муд, дарёфт ва дастгирии чеҳраҳои нав, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ гуфта мешавад.

Он дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ гузаронида мешавад.

Ҳоло интихоби даври аввал ҷараён дорад. Тавре ташкилкунандагони озмун ба “Азия-Плюс” хабар доданд, қабули дархостҳо то 1-уми марти соли равон давом мекунад. Интихоби довталабон дар бинои телевизиони "Душанбе" (кӯч. Теҳрон, 19/1) сурат мегирад.

Ба гуфтаи масъулон, ҳамарӯза барои ширкат ба озмун ё худ кастинг зиёда аз 20 духтар меоянд.

 

Киҳо метавонанд иштирок кунанд?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бо ин лабҳоят фардо, дар қабр намеғунҷӣ”. Интиқоди муфтии Тоҷикистон аз “ботокс”-у “татуировка”

Дар озмун духтарону занони шаҳри Душанбе аз 17 то 28-сола, бо қади аз 165 то 185 см ва вазни аз 50 то 70 килограм ширкат карда метавонанд.

Сарфи назар аз дархостҳои фосилавӣ (онлайнӣ), бонувон аз интихоби шахсӣ мегузаранд – мутобиқати онҳо ба маълумоти зикркардаашон, дарозии қад ва вазнашон бевосита бо ҳузури худашон санҷида мешавад.

Талаботи ҷудогона симои зоҳирии миллӣ аст. Тавре масъулони чорабинӣ гуфтанд, зери ин мафҳум зебоии табиӣ дар назар дошта шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, истифодаи зиёди воситаҳои зебоӣ ва лабҳои калону ғафсшуда тавсия дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, агар воситаҳо дуруст истифода шуда бошанд ва ба муназзамии симо халал нарасонанд, иҷозат дода мешавад.

Дар посух ба саволи миллати иштирокчиён, дастандаркорони озмун гуфтанд, ки ҷавонзан метавонад дурага ё худ метиска (падару модараш аз миллатҳои гуногун) бошад, вале доштани решаҳои тоҷикӣ аз шартҳои ҳатмии озмун аст.

Ба гуфтаи онҳо, шартҳои чорабинӣ ба талаботи озмунҳои зебоии байналмилалӣ асос ёфтааст.  

 

Даврҳои озмун

Озмун аз чор давр иборат аст.

Даври аввал, интихоби хурд ё мини-кастинг аст. Дар он занону духтарон дар бораи худ ва завқҳояшон маълумот дода, сабаби иштирок дар озмунро шарҳ медиҳанд ва аз намоиши сарулибос мегузаранд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Намояндаи Тоҷикистон ба Гран-прии озмуни «Super Model International-2023» соҳиб шуд

Ҳайати ҳакамон на танҳо ба симои зоҳирӣ, балки ба тарзи пешниҳод, боварӣ ва маҳорату малакаи чӣ гуна худро дар саҳна нигоҳ доштани бонувон баҳо медиҳанд.

Даври дуюм, марҳилаи омодагии касбӣ аст. Бо иштирокчиёни ҳунармандон (актёрҳо) кор мекунанд.

Ба довталабон тарзи ҳунарнамоӣ дар саҳна, намоиши сарулибос, кор дар назди дастгоҳи наворбардорӣ ва дуруст муаррифӣ кардани худ омӯзонида мешавад.

Дар идома иштирокчиёнро суҳбати зеҳну дониш, иштирок дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва намоиши хотимавии симо ва сарулибос интизор аст. 

Озмун аз рӯйи се номина – "Miss Dushanbe" (Зебосанами Душанбе), "Miss Intellect" (Зебосанами зирак) ва "Miss Popular Choice" (Зебосанами маҳбуби дилҳо) гузаронида мешавад.

Дар бахши якум, ғолиб вобаста ба натиҷаҳои ҳамаи давраҳо – зебоӣ, роҳравӣ, истеъдод, пурсишу посух, муошират, рафтори саҳнавӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ интихоб мегардад. "Зебосанами Душанбе" чеҳраи пойтахт дар самти фарҳанг, зебоӣ, ҷавонӣ, муд ва тарроҳӣ мебошад.

Номинаи дуввум, ба иштирокчие дода мешавад, ки сатҳи баланди зеҳнӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинии васеъ, фаҳмиши иҷтимоию қобилияти андешаронӣ ва малакаи суханронӣ дошта бошад. Баҳогузорӣ асосан тавассути қисмати "Пурсишу посух" ва фаъолиятҳои маърифатии иштирокчиён сурат мегирад.

Ғолиби сеюми номина аз ҷониби шаҳрвандон интихоб мегардад. Иҷроиши номинатсияи мазкур бо роҳи овоздиҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, SMS-паёмакҳо ва дигар шалҳои овоздиҳии электронӣ ба роҳ монда мешавад. Иштирокчие, ки бештар овоз мегирад, соҳиби унвони "Зебосанами маҳбуби дилҳо" мегардад.

 

Ҷоизаҳо

Фонди умумии озмун, 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба ғолиби озмун тоҷи тиллоӣ ва 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад. Ғолибони ҷойҳои дуввум ва сеюм, бо тоҷи тиллоӣ ва ҳар кадоме 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

 

Кадом ҳуҷҷатҳоро ба куҷо бояд супорид?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сабрина Зуҳурова барои муаррифии Тоҷикистон ба ҳафтаи мӯди Париж даъват шуд

Барои иштирок пурсишномаро пур кардан лозим аст. Дар он маълумоти шахсӣ – ному насаб ва номи хонаводагӣ, санаи таваллуд, маҳалли зист, маълумот барои тамос, дарозии қад ва вазни духтарону занон зикр мешавад.

Ҳамчунин, дар бораи таҳсил, ихтисос ва нақшаҳои рушди минбаъда, сатҳи донистани забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо маълумот талаб карда мешавад.

Дар пурсишнома инчунин, дар робита  ба иштирок дар озмуну чорабиниҳои мӯд, наворбардориҳои касбӣ ва лоиҳаҳои тиҷоратӣ, маҳорату малакаҳои ҳунармандӣ (актёрӣ), сатҳу дараҷаи овоз ва тарзи пешниҳоди худ дар саҳна маълумот дода мешавад.

Ба дархост, илова намудани акс бо қад ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда зарур аст.

Маълумоти муфассалро метавонед дар "Телеграм – канал"- и масъулини баргузории озмун дастрас кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.