Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?

Таҳияи Идибеки Саид, Asia-Plus

Шаби гузашта, 26 ба 27-уми феврал, миёни Покистон ва гурӯҳи Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон соҳибанд, бори дигар даргирӣ рух дод. Ҳарду ҷониб ба чанд нуқоти низомии ҳамдигар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Толибон ҳамлаи худро “амалиёти интиқомҷӯёна” ба ҳамлаи охири Покистон, ки шаби 21 ба 22-юми феврал ба вилоятҳои Нангарҳор ва Пактикои Афғонистон сурат гирифта […]

Шаби гузашта, 26 ба 27-уми феврал, миёни Покистон ва гурӯҳи Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон соҳибанд, бори дигар даргирӣ рух дод. Ҳарду ҷониб ба чанд нуқоти низомии ҳамдигар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд.

Толибон ҳамлаи худро “амалиёти интиқомҷӯёна” ба ҳамлаи охири Покистон, ки шаби 21 ба 22-юми феврал ба вилоятҳои Нангарҳор ва Пактикои Афғонистон сурат гирифта буд, унвон кардаанд. Дар посух ба ҳамлаи онҳо шаби гузашта Покистон дар Кобул, Қандаҳор ва Пактиё таъсисоти низомии ин гурӯҳро мавриди ҳамла қарор додааст.

Ба навиштаи бахши дарии “Би-би-сӣ” Покистон иддао кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои шаби гузашта 133 узви Толибон кушта ва беш аз 200 тани дигар захмӣ шудааст. Аммо гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳо 8 низомии онҳо кушта ва 11 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Хабаргузории “Ому” навиштааст, ки дар пайи амалиёти Толибон 55 низомии покистонӣ кушта шудааст. Ин гурӯҳ инчунин, иддао кардааст, ки 19 посгоҳи низомии Покистонро тасарруф кардааст.

Санҷидани ин омор аз манбаъҳои мустақил ва дар змоне, ки даргирӣ идома дорад, имкон надорад.

Даргирии ахир миёни ин ду кишвар аз он шуруъ шуд, ки Покистон шаби 21 ба 22-юми феврал ба Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод ва онро посух ба ҳамлаҳои интиҳории ахир дар Покистон хонда буд.

Толибон гуфтанд, ки дар ин ҳамлаҳо даҳҳо нафар, аз ҷумла, занону кӯдакон кушта шуданд ва таъкид карда буданд, ки ба ин ҳамлаҳо “дар замони муносиб посухи ҳисобшуда” хоҳанд дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз умқи роҳбурдӣ то таҳдиди роҳбурдӣ. Омили даргирӣ миёни Покистон ва Толибон чист?

Вале, вазорати иттилооти Покистон гуфта буд, нерӯҳои ҳавоии онҳо дар иқдоми интиқомҷӯёнае “7 урдугоҳ ва махфигоҳҳо”-и гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)* ва гурӯҳҳои марбут ба ДОИШ-и Хуросонро* дар минтақаҳои марзии Покистон ва Афғонистон ҳадаф қарор додаанд. Онҳо иддао карда буданд, ки ҳамлаи онҳо ба урдугоҳ ва махфигоҳи шибҳанизомиёни наздик ба марзи Афғонистону Покистон сурат гирифта буд.

Бояд гуфт, Исломобод Толибонро ба паноҳ додани гурӯҳҳои террористии покистонӣ, аз ҷумла, ТТП муттаҳам мекунад ва мегӯяд, онҳо аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба Покистон истифода мекунанд. Толибон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 дар манотиқи марзии Афғонистон ва Покистон борҳо даргириҳо рух додааст, аммо нақзи ҳарими ҳавоӣ дар умқи қаламрави Афғонистонро як сатҳи дигари таниш арзёбӣ мекунанд.

Афғонистон ва Покистон бо ҳам наздики 2 ҳазору 600 киллометр марзи муштарак доранд ва миёни онҳо борҳо задухурд сурат гирифтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудаааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.