Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд

Asia-Plus

Ҳайатҳои Эрон ва Амрико даври навбатии музокирот бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломиро баргузор карданд. Гуфтушунид рӯзи 26-уми феврал дар Женева бо раҳбарии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна ва Ҷаред Кушнер, соҳибкори амрикоӣ гузашт. Ин даври гуфтугӯҳо, ба навиштаи расонаҳо, ғайримустақим ва бо миёнҷигарии Бадр […]

Ҳайатҳои Эрон ва Амрико даври навбатии музокирот бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломиро баргузор карданд. Гуфтушунид рӯзи 26-уми феврал дар Женева бо раҳбарии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна ва Ҷаред Кушнер, соҳибкори амрикоӣ гузашт.

Ин даври гуфтугӯҳо, ба навиштаи расонаҳо, ғайримустақим ва бо миёнҷигарии Бадр Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Уммон сурат гирифта, Рафаэл Гроссӣ, мудири Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ низ ба он пайвастааст.

Хабаргузории Axios навиштааст, ки ҷонибҳо дар ду давр, субҳ ва шом гуфтушунид кардаанд. Манбаъ гуфтааст, пас аз мулоқоти субҳ, Уиткофф ва Кушнер “норозигӣ” нишон доданд. Вале пас аз нишасти шом, як мақоми олии амрикоӣ ба нашрия афзудааст, ки гуфтушуниди тарафҳо “мусбат” гузаштааст. Вай тафсилот надодааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Аз музокироти Эрон ва Амрико истиқбол мекунем”. Мавқеи Тоҷикистон дар робита ба дидору гуфтугӯи Ароқчӣ ва Уиткофф

Аббос Ароқчӣ пас аз анҷоми музокирот дар нигоштае дар саҳифаи “Х”-и худ даври сеюми музокирот бо Амрикоро “фишурдатарин марҳила то кунун” арзёбӣ карда, гуфтааст, ки “гуфтӯгуҳо бо ин фаҳмиш ба поён расид, ки дар бораи мавзӯъҳои асосӣ барои ҳар гуна созиш, аз ҷумла бекор кардани таҳримҳо ва қадамҳои марбут ба соҳаи ҳастаӣ, ба таври ҷузъитар ва дақиқтар ба ройзаниҳо идома диҳем”.

Вазири корҳои хориҷии Уммон аз “пешрафти назаррасе” дар музокироти Эрон ва Амрико хабар дода, дар саҳифаи “Х”-и худ навиштааст, ки гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико “пас аз машваратҳо дар пойтахтҳо”-и ду кишвар аз сар гирифта мешаванд.

Ҳамчунин, вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо расонаҳо изҳор дошт, ки “пешрафти хубе” дар музокирот бо Амрико доштаанд ва ин “яке аз ҷиддитарину беҳтарин музокирот”-и тарафҳо будааст.

“Мо вориди баррасии ҷиддии унсурҳои як созишнома шудем – чӣ дар соҳаи ҳастаӣ ва чӣ дар мавриди таҳримҳо. Дар бораи баъзе масъалаҳо тафоҳумҳо хеле наздик шудааст. Албатта, ҳанӯз баъзе ихтилофи назарҳо вуҷуд доранд, ки ин табиист, аммо нисбат ба гузашта, ҷиддият бештаре дар ҳар ду ҷониб барои расидан ба як роҳҳалли музокирашуда мушоҳида мешавад”, – илова кардааст Ароқчӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯзи душанбе, 2-юми март, дастаҳои фаннии эрониву амрикоӣ дар шаҳри Венаи Утриш баррасиҳои коршиносии фанниро оғоз мекунанд, “то баъзе масъалаҳои фаннӣ дар чаҳорчӯби мушаххас танзим ва сипас бо талабот ва мулоҳизаҳои сиёсии ду тараф мутобиқ карда шаванд”.

Ароқчӣ афзудааст, ки даври баъдии музокироти Эрон ва Амрико дар тӯли як ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт.

Амрикоиҳо дар ин маврид то кунун изҳори назари расмӣ накардаанд.

Теҳрон ва Вашнигтон дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар заминаи шиддат гирифтани муносибатҳои ду кишвар гуфтушунид мекунанд. Axios менависад, ки бисёре аз мақомҳои маъмурияти Доналд Трамп, президенти ИМА гуфтушунидҳои Женеваро ҳамчун охирин имконият барои дипломатия медонанд, пеш аз он ки Трамп тасмим гирад, ки ба Эрон ҳамла мекунад ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.