“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад

Asia-Plus

Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд (Tashkent Grand Slam 2026), ки имрӯз, 27-уми феврал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оғоз шуда то 1-уми март идома мекунад, Тоҷикистонро 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунад. Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ додааст, ки дар ин мусобиқа то рӯзи оғози он 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз […]

Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд (Tashkent Grand Slam 2026), ки имрӯз, 27-уми феврал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон оғоз шуда то 1-уми март идома мекунад, Тоҷикистонро 17 ҷудокор (13 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунад.

Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ додааст, ки дар ин мусобиқа то рӯзи оғози он 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвар сабтином шудаанд.

Тоҷикистонро дар мусобиқоти мазкур, ба иттилои телевизиони “Варзиш”, паҳлавонони зерин муаррифӣ мекунанд:

– Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҳарду дар вазни то 60 кг;

– Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ҳарду дар вазни то 66 кг;

– Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ҳарду дар вазни то 73 кг;

– Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев ҳарду дар вазни то 81 кг;

– Умар Расулов, Музамир Каримзода ҳарду дар вазни то 90 кг;

– Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов ҳарду дар вазни то 100 кг;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд

– Некрӯзшоҳ Некбахтзода дар вазни +100 кг;

– Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг;

– Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг;

– Александра Кан дар вазни то 57 кг;

– Виктория Киселёва дар вазни +78 кг;

Дастаи Узбекистон – бо шумораи аз ҳама зиёд – 55 нафар (28 мард ва 27 зан) иштирок мекунанд.

Дар “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд варзишгарон ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёз дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо ва ҷоизаҳои молӣ хоҳанд шуд.

Барандаҳои медали тилло дар ҳар як вазн 5000 евро, ҷойҳои дуюм 3000 евро ва зинаҳои сеюм 1500-евроӣ ба даст меоранд.

Ҷудокорони тоҷик соли гузашта аз ин мусобиқа медал гирифта натавониста буданд. Соли 2024 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Tashkent Grand Slam соҳиби як медали тило шуда буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст оварда буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.