“Охирин аксе, ки бурд ӯ – акси шуми қотилаш буд”. Ёддошти дӯстии Муҳиддин Олимпур бо Лоиқ Шералӣ

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз рӯзи мавлуди Муҳиддин Олимпур аст. Дар ҳуҷҷатҳояш 2-юми марти соли 1946 сабт шудааст, вале ба қавли худаш мутаваллиди як соли пеш (1945) аст. Тибқи аснод, ин аккоси машҳури тоҷик, агар ба таври фоҷеавӣ кушта намешуд, имрӯз 80-солагиашро таҷлил мекард.

Дар таърихи адабиёт дӯстиҳое ҳастанд, ки аз муносибати одӣ фаротар мераванд ва ба ҳамкории эҷодӣ табдил меёбанд. Ин гуна дӯстӣ дар адабиёти классики форсу тоҷик хеле зиёд ба чашм мерасанд, ки мисоли равшанаш дӯстии Абдураҳмони Ҷомиву Камолиддин Беҳзод аст.

Ҳамин анъанаи рафиқи шафиқ буданро Муҳиддин Олимпур – рӯзноманигору аксбардони машҳур ва Лоиқ Шералӣ – шоири тавонои тоҷик идома додаанд: дӯстие, ки дар хотираҳои сиёҳу сафед сабт шуда, боиси таваллуди ашъори пуралам ва аксу наворҳои таърихсоз гаштааст.

 

Дебоча

Дар яке аз рӯзҳои гарми баҳорӣ, 20-уми апрели соли 2020, ба суроғи Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари устод Лоиқ, ба мактаби ҳамноми шоир дар шаҳри Душанбе рафтам. Дар ин дидори мо, ки дар Осорхонаи мактабии Лоиқ Шералӣ гузашт, натанҳо перомуни шахсияти шоир ва муҳаббати ӯ ба модари ҷонфидову заҳматкашаш гуфтугӯ кардем, ҳамчунин, муаллима Зебуннисо таърихи аксҳои дар осорхона гирдомадаро ҳам қисса карданд, ки чандеашро Муҳиддин Олимпур бардоштааст. Ва ин ёддошт асосан бо такя ба ҳамон гуфтугӯ нигошта шуд…

 

ФАСЛИ ЯКУМ. Олимпур – сайёди лаҳзаҳои зебо

Ба қавли Зебуннисо Қутбиддинова, қариб рӯзе набуд, ки хонаи Лоиқ Шералӣ бемеҳмон бошад, вале чанд тан дӯстони қарини шоир нишотовари он хонавода буданд, аз ҷумла Сорбон ва Олимпур.

“Олимпур бо Лоиқ дӯсти хуб буданд. Ҳар вақт омада меистоданд ва дар ҳар омадан, албатта, чанд акс гирифта мерафтанд”, – мегуфт муаллима Зебуннисо.

Муҳиддин Олимпур, ба таъбири ҳамовардонаш, аксбардори маъмул не, балки сайёди лаҳзаҳои зебо буд. Ӯ нигоҳи зебоипараст дошт ва ҳамеша мекӯшид, ки лаҳзаҳои зеборо дар тасвирҳои гӯё ҷовидона созад.

Ҳамсари устод Лоиқ ҳам мегуфт, аксбардории Олимпур дар хонадони шоири тавонои тоҷик то ҷое амали маъмулӣ шуда буд, вале маҳз “ҳамин амали маъмулӣ лаҳзаҳои зебои зиндагии онҳоро дар таърих сабт кард”.

Олимпур медонист, ки лаҳзаҳо мегурезанд ва танҳо объективи дурбин метавонад онҳоро ҷовидона гардонад. Дар хонаи устод Лоиқ, ба гуфтаи ҳамсари шоир, вай меҳмон на, балки ҷузъи оила буд. Бо духтарони шоир шӯхиву мазоқу ҳазл мекард, аз онҳо аксҳо мебардошт ва бо ҳамин лаҳзаҳои маъмулӣ зиндагии шоирро дар таърих сабт мекард.

Дӯстии ин ду эҷодкор қаробате ҳам дошт: устод Лоиқ бо ашъораш ва Олимпур бо аксҳояш набзи замонро тасвир мекарданд. Ва ҳарду “дарди муштарак” доштанд, ҳарду ба ҳамдигар илҳом мебахшиданд…

 

ФАСЛИ ДУЮМ. Муаллифи аксҳои манбаъи ашъор

Яке аз ҷолибтарин хотираҳое, ки муаллима Зебуннисо нақл кард, дар бораи охирин акси Бибизаҳро – модари устод Лоиқ аст. Он аксро ман борҳо дида будам, вале дар осорхонаи шоир нисбатан бузургҳаҷм ва чашмрас буд: модари шоири тавонои тоҷик даст пеши бар дами дарвоза бо нигоҳи меҳрубон, табассуми маҳзун меҳмон мегуселонад.

“Модари чашминтизор… Онро вақте шодравон Муҳиддин Олимпур ба аёдати модари шоир мераванд, ҳангоми гусел аксбардорӣ мекунанд”, – чунин қисса кард муаллима Зебуннисо.

Ва дар идома афзуд, баъди чанд вақт Бибизаҳро даргузашт, Олимпур аксро чоп карда, ба устод Лоиқ дод. Ва он вопасин акси модар шуд. Акси хубе, ки манбаъи илҳоми шоир гашт. Ҳар вақт ки устод Лоиқ ба он акс менигарист, беихтиёр ашкаш сарозер мешуд.

“Агар Олимпур он рӯз ба деҳа нарафта буд, агар вай дурбинашро намегирифт, он лаҳза Бибизаҳрои дастҳо дар пеши барро сабт намекард, шояд шеъри “Катиба…” ва даҳҳои ашъори пурдару алами Лоиқ таваллуд намешуд”, – пас аз қироати ин пора мегӯяд Зебуннисо Қутбиддинова.

Дар “Катиба…” устод Лоиқ қолабшиканӣ карда, модарро “қиблагоҳ” мехонад. Унвоне, ки одатан ба падарон нисбат медиҳанд. Ҳамсари устод инро ҳам ба мо тавзеҳ медиҳад: “ин қолабшиканӣ аз меҳру муҳаббати зиёди шоир аст. Ҳамин модар буд, ки аз падар беш ба Лоиқ хидмат кард, калон кард, хононд, оиладор намуд, ба зиндагии мустақил равона сохт”.

Худи шоир низ дар як сӯҳбати наворӣ ҳамин акси модарро дар даст гирифта, бо андӯҳи гарон мегӯяд, “ин охирин акси модарам ҳаст, ки суратгири машҳурамон Олимпур гирифтааст ва охирин ёдгории ман аз модар ҳамин акс аст…”.

Ва дар пасманзари ин эътироф, дар пасманзари ин қолабшиканӣ, дар пасманзари охирин ёдгории модар нақши дасти Муҳиддин Олимпур қарор дорад.

 

ФАСЛИ СЕЮМ. “Шӯхии Лоиқ боло гирифту…”

Яке дигар аз хотираҳои ҳамсари устод Лоиқ дар бораи як акси оилавӣ аст, ки баъдтар машҳур шуд. Ба гуфтаи Зебуннисо Қутбиддинова, онро ҳам Олимпур дар сафҳаҳои таърих сабт кардааст.

Дар хонаи шоир Олимпур, тибқи одати ҳамешагиаш, бо духтари хурдии онҳо ва гурбаи бӯзбаллааш шӯхиву бозӣ карда, онҳоро аксбардорӣ мекард. Баъд бо ҳаяҷони аҷиб ба ҳамсари устод рӯ оварда, гуфт: “Янга, як ҷойи устод ба шинед, як сурат гирам”.

Ҳамсари шоир рӯйи курсии мизи кории устод Лоиқ нишаст. Китобҳо дар пушту пеш, духтарони атласпӯш дар канор, шоир паси онҳо. Ва суратгир ин лаҳзаро дар хотираи дурбинаш сабт кард.

Дар акс шоир ба аҳли ҳамсараш менигарад ва чизе гуфтанӣ аст. Инро мушоҳида кардаму аз муаллима Зебуннисо Қутбиддинова тавзеҳ пурсидам:

“Ҳамакаса суратгирӣ кардем ва дар ҳамин ҳол шӯхии Лоиқ боло гирифту гуфтанд: то имрӯз муаллима будед, акнун, ки ба ҷойи устод нишастед, “устода” шудед”.

 

ФАСЛИ ЧОРУМ. Лоиқ дар садри маҳофили Олимпур

Бидуни шак, дар баробари он ки Олимпур “узви оилаи шоир” буд, Лоиқ ҳам дар садри маҳофили Олимпур қарор доштааст ва иззату обрӯйи ҳамдигар будаанд.

Дар солҳои пас аз истиқлол Муҳиддин Олимпур мудири бахши тоҷикистонии ВВС буду барномаи “Ситораҳои Шарқ”-ро роҳандозӣ карда, дар он беҳтарин ҳунармандони порсигӯйро ҷалб карда, барномаҳои адабии таърихӣ низ наворбардорӣ мекард.

Аз ҷумла, Олимпур ҳунарманди машҳури эронзамин Сатторро ба Тоҷикистон даъват кардаву дар шаҳри Душанбе барномаи ҳунариаашро мегузаронад. Пас аз барномаи расмӣ, Олимпур Сатторро меҳмондорӣ ҳам мекунад.

Навори таърихии он шоми “сағерабазм” (истилоҳи устод Лоиқ) имрӯз дастраси омма асту Саттор меҳмону Лоиқ садри маҳфил. Олимпур ҳам устод Лоиқро бо шеваи ба худаш хос ба меҳмонон муаррифӣ карда, мегӯяд, эшон аз шоирони тавони имрӯзи порсигӯён ҳастанд…

Дар он маҳфил устод Лоиқ чандин шеърҳо ҳам мехонанду Саттор бо эътироф Лоиқро “устод” хонда, афсӯс мехӯрад, ки “то ин дам аз ашъори Шумо бенасиб будам”. Ва ҳамон лаҳза шеъри “Ба ҳама нағмаи ноҷӯр дилам месӯзад”-и шоирро оҳанг мебандад.

Мурод аз ин қиссаҳо ҳам ин аст, ки дар кӯлвори дӯстии устод Лоиқу Олимпур фақат шеъру сурат набудаву онҳо “обрӯю иззату икром” (таъбири пайдарпайи шоир)-и ҳамдигар будаанд.

 

ФАСЛИ ПАНҶУМ. “Чу як ҳамсоли ман мирад…”

Соли 1985 модари устод Лоиқ – Бибизаҳро даргузашт. Ҳамсари шоир ёдовар мешавад, ки шаби даррасии хабари марг устод Лоиқ чунон нола кард, ки “ҳеҷ зан он гуна нолиш карда наметавонад”.

“Аз Душанбе то Колхозчиён дар мошин қариб беист гиристанд. Бо вуҷуди ин, боз бар болои мурдаи модар бо як қувваи тоза чунон нола карданд, ки ҳамаро ба гиря водор сохт. Баъди видоъ бениҳоят афсурдаву болупаршикаста шуданд. Марги модар марги аввали Лоиқ буд…”, – мегуфт Зебуннисо Қутбиддинова.

Аммо пасон борҳо бо марги дӯстони қаринаш Лоиқ мурду зинда шуд, шеър гуфт, эътироз кард, “гӯши фалак зи наъраи мастона кар кард”. Аз ҷумла, дар марги дӯсти аксбардораш Олимпур.

Охири соли 1995 Муҳиддин Олимпур ба таври фоҷиавӣ кушта шуд. Ин хабар на танҳо барои устод Лоиқ, балки барои тамоми ҷомеаи эҷодии тоҷик зарбаи сахт буд. Дар шаҳри Душанбе, ки рӯзҳои ҷанги шаҳрвандиро мегузаронд, Олимпур бо “тири тапончаҳо ва мусалсал ва хумпораандоз” кушта шуд.

Марги ҳамсолҳову ҳамовардҳо бори дӯши шоирро, ба гуфтаи худаш, гаронтар мекард. Барои шоир, Олимпуру ҳамсонҳои варо не, балки “ихлос”, “имон” ва “эътиқод”-ро куштанд.

 

ФАСЛИ ШАШУМ. “Боз ҳам уммедворам…”

Бо диди устод Лоиқ, Олимпур дар чашмони дурбинаш на танҳо тасвирҳо, балки замонаро бо ҳамаи ҳусну қубҳаш гунҷонида буд. Вай “лаккаҳои шармовар, доғҳои зишту нангини замона”-ро медид. Ва ин хислати аксбардори ҳақиқӣ буд: дидани зебоӣ дар миёни зиштӣ, сабт кардани инсоният дар замонаи беинсонӣ…

Устод Лоиқ медонист, ки дар чашмони Олимпур дунёи дигар ҳаст ва ин  нуктаро дар шеъри “Чашмони Олимпур”, ки баъди марги фоҷиавии дӯсташ эҷод кард, ҳам пуралам менависанд:

Дошт дар оинаи чашмони худ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қотили Олимпур иқрор шудааст, ки рӯзноманигорро паррондааст

Аксҳои гунагуни гунаи мову шуморо.

Аксҳои зиндагии рӯсиёро,

К-андар ӯ мезист навъе бо мудоро.

 

Дошт андар дурбини дидагонаш

Аксҳои нағзу рангини замона,

Гарчи ҳам медид, он андоза гӯӣ ҳам намедид,

Лаккаҳои шармовар, доғҳои зишту нангини замона.

 

Дошт, оре, дар булӯри дидагонаш акси моро,

Бурд ҳам андар булӯри дидагонаш акси морову шуморо,

Акси авзои замона, акси ёрони дилашро,

Акси фарёди дарунаш, акси исёни дилашро…

 

Лек аз ин дунёи баттолу аз ин айёми қаттол,

Дар булӯри дидагонаш

Охирин аксе, ки бурд ӯ –

Акси шуми қотилаш буд…

(Таъну лаъни ҷовидонӣ бод бар ӯ!!!

Нафрати ҳардуҷаҳонӣ бод бар ӯ!!!)

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбаршудаи охирин дар қатли Олимпурро ба 15 соли зиндон маҳкум кард

 

Баски ӯ андар миёни ормонҳои бузурги хеш оламгир буд,

Дар хилоли аксҳои безаволаш

Ханда буду гиря буду тифл буду пир буд –

Алғараз, дар мардуми чашмони ӯ акси мардум буд.

 

Кош мардум акси ӯро низ

Андар мардуми чашмони худ поянда доранд.

Гарчи ман аз мардуми мо интизори ин шаҳоматро надорам,

Боз ҳам уммедворам…

 

ГАЛЛЕРЕЯ Аксҳои Лоиқ Шералӣ аз бойгонии Муҳиддин Олимпур (10)










ФАСЛИ ҲАФТУМ. Хотимаи идомадор…

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шаҳиди роҳи зебоӣ, ки 27 сол боз ангезаи қатлаш номаълум аст. Ёде аз Муҳиддин Олимпур

Муҳиддин Олимпур барои Лоиқ Шералӣ на танҳо дӯст, балки шарики эҷодӣ буд, касе ки бе вуҷудаш чандин шеърҳои пурдарду алами шоир ҳеҷ гоҳ таваллуд намешуданд. Вақте Олимпур ба хонаи шоир меомад ва “албатта, чанд акс гирифта мерафт”, вай натанҳо сурат мегирифт, вай таърих месохт. Муаллифи хубтарин аксҳои аз Лоиқ Шералӣ боқимонда Олимпур мебошад.

Марги Олимпур барои устод Лоиқ марги лаҳзаҳои зебо буд. Дурбини Олимпур монд, чашми зебобини Олимпур рафт. Ва он чизе ки шоирро ранҷ медод, ин буд, ки “охирин аксе, ки бурд ӯ – акси шуми қотилаш буд”…

Акнун, вақте мо ба аксҳои Олимпур менигарем, медонем, ки инҳо натанҳо тасвирҳоянд – инҳо шаҳодатҳои ҳамон дӯстие ҳастанд, ки дар ашъори Лоиқ ва аксҳои Олимпур ҷовидона шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд

Наврӯз ҷашни суннатии эрониён аст, аммо имрӯз дар Тоҷикистон, ва баъзе манотиқи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз анъанаҳои замоне маъмули он, аз ҷумла хонатаконӣ, пухтани суманак,...

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.