Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон дирӯз, 3-юми март Ҷумҳурии исломӣ эълон кард, ки содироти ҳамаи маҳсулоти хӯрокорӣ ва кишоварзиро муваққатан манъ мекунад. Ин қарор фавран ба ҳукми иҷро даромада, то супориши минбаъдаи ҳукумат амал мекунад.
Маҳдудият метавонад ба интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистон низ таъсир расонад, зеро Эрон яке аз таҳвилгарони мо ба ҳисоб меравад.
Манъи содироти ғизо аз Эрон
Манъи содироти маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ барои пешгирии норасоии эҳтимолӣ ва болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии истеъмолӣ дар шароити ҷанг бо ИМА ва Исроил рӯйи даст гирифта шуд. Ҳадаф аз тасмими мазкур, "таъмини талабот ба ғизо дар бозори дохилӣ ва пешгирии болоравии нархҳо унвон мешавад".
Эрон дар интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон нақши муҳим дошта, ҳама гуна тағйирот дар ин самт метавонад ба амнияти озуқавории кишвар таъсир расонад.
Эрон яке аз бузургтарин таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ бо шумули маҳсулоти ширӣ, сабзавоту мева, чормағз, шакар (қанд) ва хӯришҳо маҳсуб меёбад.
Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2 млн доллар маҳсулоти ширӣ ворид карда шуд. Миёни маҳсулоти асосӣ, ширқиём (302 тонна), қаймоқ, ҷурғот (263 тонна), равғани маска (123 тонна) ва панир зикр мешаванд.
Сабзавоту мева низ қисмати назарраси воридотро ташкил медиҳанд. Соли 2025 ба Тоҷикистон зиёда аз 2,6 ҳазор тонна афлесун ва ҳудуди 1 ҳазор тонна тарбуз оварда шуд.
Дар байни дигар маҳсулоти писандида, себ (зиёда аз 2,6 ҳазор тонна), киви (1,3 ҳазор тонна), инчунин помидор ва картошка ҷой доранд.

Аз Эрон инчунин, фаъолона чормағз, аз ҷумла кешю (47 тонна), чормағзи юнонӣ, бодом, писта ва дигар навъи чормағзҳо оварда мешаванд. Соли 2025 аз Эрон зиёда аз 180 тонна навъҳои гуногуни чормағз ворид карда шудааст.
Ғайр аз ин, Эрон таҳвилгари муҳими шакар ва хӯришҳо мебошад. Соли 2025 аз ин кишвар ба Тоҷикистон зиёда аз 3,3 ҳазор тонна шакар ва ҳамин миқдор маснуоти қаннодӣ, инчунин чой ва хӯришҳо интиқол дода шудааст.
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон тайи 5 соли ахир
Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон тайи панҷ соли ахир ба таври назаррас афзуд. Дар соли 2025 гардиши мол ба сатҳи рекордӣ – 484 млн доллар расид, ки 4 баробар зиёдтар нисбат соли 2021 (121 млн доллар) аст.
Ин аз густариши назарраси робитаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо гувоҳӣ медиҳад. Суръати афзоиши гардиши мол тайи 5 соли ахир 300%-ро ташкил дод, ки рушди босуръати савдои дуҷонибаро таъкид месозад. Маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 26 млн доллар аз ҳаҷми умумии гардиши моли дуҷонибаро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 5% аз гардиши умумии молу маҳсулот баробар аст.

Минбаъд чӣ мешавад?
Ҷанг дар Эрон ва тасмими ҳукумати ин кишвар дар бораи манъи содироти маҳсулоти хӯрокворӣ метавонанд оқибатҳои ҷиддиро барои Тоҷикистон ба бор оранд. Аз ҷмула, болоравии нархҳо ба ғизо бар асари ноустувориҳо дар таҳвил, душвор шудани логистика бо шумули баста шудани роҳҳои савдо ва болоравии нархи интиқол дар назар аст.
Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки дар чунин вазъ, ҳукумати кишварро лозим аст, ки хатсайрҳои ҷойгузини интиқол, масалан тариқи Ӯзбекистон ё Қирғизистонро ҷустуҷӯ кунад.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи бештар ба рушди истеҳсолоти дохилӣ зарур аст, то ки норасии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷуброн шавад.
Онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки вазъи ҳозира метавонад ба болораии нархҳо дар баъзе маҳсулот ва ноустуворӣ дар бозори маҳсулоти хӯрокворӣ сабаб шавад.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.



