Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон дирӯз, 3-юми март Ҷумҳурии исломӣ эълон кард, ки содироти ҳамаи маҳсулоти хӯрокорӣ ва кишоварзиро муваққатан манъ мекунад. Ин қарор фавран ба ҳукми иҷро даромада, то супориши минбаъдаи ҳукумат амал мекунад. Маҳдудият метавонад ба интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистон низ таъсир расонад, зеро Эрон яке аз таҳвилгарони мо ба ҳисоб меравад. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар пайи ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон дирӯз, 3-юми март Ҷумҳурии исломӣ эълон кард, ки содироти ҳамаи маҳсулоти хӯрокорӣ ва кишоварзиро муваққатан манъ мекунад. Ин қарор фавран ба ҳукми иҷро даромада, то супориши минбаъдаи ҳукумат амал мекунад.

Маҳдудият метавонад ба интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба Тоҷикистон низ таъсир расонад, зеро Эрон яке аз таҳвилгарони мо ба ҳисоб меравад.

 

Манъи содироти ғизо аз Эрон

Манъи содироти маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ барои пешгирии норасоии эҳтимолӣ ва болоравии нархҳо ба маҳсулоти асосии истеъмолӣ дар шароити ҷанг бо ИМА ва Исроил рӯйи даст гирифта шуд. Ҳадаф аз тасмими мазкур, "таъмини талабот ба ғизо дар бозори дохилӣ ва пешгирии болоравии нархҳо унвон мешавад".

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?

Эрон дар интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон нақши муҳим дошта, ҳама гуна тағйирот дар ин самт метавонад ба амнияти озуқавории кишвар таъсир расонад.

Эрон яке аз бузургтарин таҳвилгарони маҳсулоти хӯрокворӣ бо шумули маҳсулоти ширӣ, сабзавоту мева, чормағз, шакар (қанд) ва хӯришҳо маҳсуб меёбад.

Соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 2 млн доллар маҳсулоти ширӣ ворид карда шуд. Миёни маҳсулоти асосӣ, ширқиём (302 тонна), қаймоқ, ҷурғот (263 тонна), равғани маска (123 тонна) ва панир зикр мешаванд.

Сабзавоту мева низ қисмати назарраси воридотро ташкил медиҳанд. Соли 2025 ба Тоҷикистон зиёда аз 2,6 ҳазор тонна афлесун ва ҳудуди 1 ҳазор тонна тарбуз оварда шуд.

Дар байни дигар маҳсулоти писандида, себ (зиёда аз 2,6 ҳазор тонна), киви (1,3 ҳазор тонна), инчунин помидор ва картошка ҷой доранд.

Аз Эрон инчунин, фаъолона чормағз, аз ҷумла кешю (47 тонна), чормағзи юнонӣ, бодом, писта ва дигар навъи чормағзҳо оварда мешаванд. Соли 2025 аз Эрон зиёда аз 180 тонна навъҳои гуногуни чормағз ворид карда шудааст.

Ғайр аз ин, Эрон таҳвилгари муҳими шакар ва хӯришҳо мебошад. Соли 2025 аз ин кишвар ба Тоҷикистон зиёда аз 3,3 ҳазор тонна шакар ва ҳамин миқдор маснуоти қаннодӣ, инчунин чой ва хӯришҳо интиқол дода шудааст.

 

Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон тайи 5 соли ахир

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон тайи панҷ соли ахир ба таври назаррас афзуд. Дар соли 2025 гардиши мол ба сатҳи рекордӣ – 484 млн доллар расид, ки 4 баробар зиёдтар нисбат соли 2021 (121 млн доллар) аст.

Ин аз густариши назарраси робитаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо гувоҳӣ медиҳад. Суръати афзоиши гардиши мол тайи 5 соли ахир 300%-ро ташкил дод, ки рушди босуръати савдои дуҷонибаро таъкид месозад. Маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 26 млн доллар аз ҳаҷми умумии гардиши моли дуҷонибаро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 5% аз гардиши умумии молу маҳсулот баробар аст.

 

Минбаъд чӣ мешавад?

Ҷанг дар Эрон ва тасмими ҳукумати ин кишвар дар бораи манъи содироти маҳсулоти хӯрокворӣ метавонанд оқибатҳои ҷиддиро барои Тоҷикистон ба бор оранд. Аз ҷмула, болоравии нархҳо ба ғизо бар асари ноустувориҳо дар таҳвил, душвор шудани логистика бо шумули баста шудани роҳҳои савдо ва болоравии нархи интиқол дар назар аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Қариб ним миллиард доллар гардиши мол. Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки дар чунин вазъ, ҳукумати кишварро  лозим аст, ки хатсайрҳои ҷойгузини интиқол, масалан тариқи Ӯзбекистон ё Қирғизистонро ҷустуҷӯ кунад.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи бештар ба рушди истеҳсолоти дохилӣ зарур аст, то ки норасии маҳсулоти хӯрокворӣ ҷуброн шавад.

Онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки вазъи ҳозира метавонад ба болораии нархҳо дар баъзе маҳсулот ва ноустуворӣ дар бозори маҳсулоти хӯрокворӣ сабаб шавад.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.