Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "ITB Berlin-2026", ки аз 3 то 5-уми март дар пойтахти Олмон баргузор мешавад, иштирок дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар ин намоишгоҳ, Гӯшаи имконоти сайёҳии Тоҷикистон бо сабку усули миллӣ амал мекунад.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки имсол дар намоишгоҳи "ITB Berlin" ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон маҳсулоти миллии сайёҳӣ ва “афзалияти рақобатпазирии Тоҷикистонро дар соҳаҳое чун сайёҳии экологӣ, табобат ва солимгардонӣ, сайёҳии варзишӣ ва кӯҳнавардӣ, шикор ва ҳамчунин фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимаи халқи тоҷик ба маърази тамошо гузоштаанд”.



