Соли 2026 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 3,8% гарон мешаванд, ки ин аз нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон каме зиёдтар аст. Ин пешгӯиро Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар гузорише, ки 160 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, нашр кардааст.
Мувофиқи арзёбиҳои Созмон, дар саросари дунё ғизо ба ҳисоби миёна ба андозаи 3,2% гарон мешавад, вале "аз сабаби ноустувории қурби асъор, фишор ба таварум ва мушкилоти марбут ба таҳвил, дар баъзе кишварҳо суръати болоравӣ ба таври назаррас зиёд мешавад".
"Дар пасманзари тамоюлҳои ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон ҷараёни нисбатан муътадил ба назар мерасад. Болоравии пешгӯишаванда дар сатҳи 3,8% ба нишондиҳандаи миёна дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ (4,2%) наздик буда, аз нишондиҳандаҳои як қатор кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас поинтар аст", – гуфтаанд коршиносони ин Созмон.
Ба гуфтаи онҳо, соли 2026 мизони таварруми марбут ба нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Қазоқистон 12,7%, Қирғизистон 9,4%, Украина 9,2%, Беларус 8,9%, Гурҷистон 8,2%, Озарбойҷон 6,8%, Ӯзбекистон 5,5%, Молдова 4,9%, Русия 4,6% ва Арманистон 3,1% пешгӯӣ шудааст.
Болоравии баландтарин нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи пешгӯии Созмон (ФАО), дар Эрон пешбинӣ шудааст. Дар ин кишвар мизони таварруми нархҳо ба ғизо метавонад ба 55,9% дар ифодаи пулӣ расад.
Ба сегонаи пешсафон дар ин масъала ҳамчунин Аргентина (33,2%) ва Туркия (25,1%) шомиланд. Дар ин давлатҳо таварруми чандинсола ва фишор ба асъорҳои миллӣ омилҳои калидии болоравии нархҳо боқӣ мемонанд.



