Пешгӯии коршиносон дар бораи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон

Соли 2026 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 3,8% гарон мешаванд, ки ин аз нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон каме зиёдтар аст. Ин пешгӯиро Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар гузорише, ки 160 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, нашр кардааст. Мувофиқи арзёбиҳои Созмон, дар саросари дунё ғизо ба ҳисоби миёна ба андозаи 3,2% гарон мешавад, вале "аз сабаби ноустувории қурби […]

Соли 2026 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 3,8% гарон мешаванд, ки ин аз нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон каме зиёдтар аст. Ин пешгӯиро Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар гузорише, ки 160 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, нашр кардааст.

Мувофиқи арзёбиҳои Созмон, дар саросари дунё ғизо ба ҳисоби миёна ба андозаи 3,2% гарон мешавад, вале "аз сабаби ноустувории қурби асъор, фишор ба таварум ва мушкилоти марбут ба таҳвил, дар баъзе кишварҳо суръати болоравӣ ба таври назаррас зиёд мешавад".

"Дар пасманзари тамоюлҳои ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон ҷараёни нисбатан муътадил ба назар мерасад. Болоравии пешгӯишаванда дар сатҳи 3,8% ба нишондиҳандаи миёна дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ (4,2%) наздик буда, аз нишондиҳандаҳои як қатор кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас поинтар аст", – гуфтаанд коршиносони ин Созмон.

Ба гуфтаи онҳо, соли 2026 мизони таварруми марбут ба нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Қазоқистон 12,7%, Қирғизистон 9,4%, Украина 9,2%, Беларус 8,9%, Гурҷистон 8,2%, Озарбойҷон 6,8%, Ӯзбекистон 5,5%, Молдова 4,9%, Русия 4,6% ва Арманистон 3,1% пешгӯӣ шудааст.

Болоравии баландтарин нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ тибқи пешгӯии Созмон (ФАО), дар Эрон пешбинӣ шудааст. Дар ин кишвар мизони таварруми нархҳо ба ғизо метавонад ба 55,9% дар ифодаи пулӣ расад.

Ба сегонаи пешсафон дар ин масъала ҳамчунин Аргентина (33,2%) ва Туркия (25,1%) шомиланд. Дар ин давлатҳо таварруми чандинсола ва фишор ба асъорҳои миллӣ омилҳои калидии болоравии нархҳо боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.