ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе барои ҳамдардӣ дар робита ба кушта шудани Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ва ҷамъе аз мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар "Дафтари ёдбуд" боз мешавад. Маросим аз соати 9:30 то 16:30 дар бинои Сафорати Эрон дар Душанбе баргузор мешавад.Дар ин рӯз хоҳишмандон метавонанд ба Сафорати Эрон рафта, ба мардуми ин кишвар расман изҳори ҳамдардӣ ва онро дар "Дафтари ёдбуд" сабт кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1959 – Аввалини анҷумани рӯзноманигорони Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 2014 – Дар Тоҷикистон додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиёти механикӣ оғоз гардид.
Соли 2015 – Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум” нашр шуд.
Соли 2018 – Дар Тоҷикистон Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.
Соли 2019 – Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид.
Соли 2020 – Дар брифинги матбуотӣ, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар кишвар ягон ҳолати сирояти коронавирус сабт нашудааст ва ин ниҳод аз мардум даъват кард, ки ба таҳлука наафтанд. Бо вуҷуди ин, аҳолӣ дар пайи воҳимаи COVID-19 ба харидории маводи ғизоии зиёд шурӯъ карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1870 – Мавлуди Бобоюнус Худойдодзода, шоири тоҷик.
Соли 1884 – Зодрӯзи Евгений Павловский, олими зоолог, асосгузори илми зоология дар Тоҷикистон.

Павловский Евгений Академики ифтихории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва асосгузори Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистону Шӯравӣ аст.
Ӯ доктори илми тиб ва биология буда, мудири бахши паразитологияи шуъбаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ва директори Институти зоологияи АИ ИҶШС будааст.
Соли 1927 – Мавлуди Нӯъмон Неъматов, таърихшиноси тоҷик, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Нӯъмон Неъматов муаллиф ва муҳаррири нахустин китоби дарсӣ барои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо номи “Таърихи халқи тоҷик” аст, ки бо таҷдиди назар ва тибқи талаботи меъёрҳои мактабҳои олии муосир навишта шудааст.
Тадқиқоти ин таърихшинос ба масъалаҳои археологияи бостон ва асрҳои миёнаи сарзамини Тоҷикистон, таърихи маданияти халқи тоҷик ва Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд.
Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати бостонии Уструшана буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Уструшана ошкор карда шудаанд.
Ӯ солҳо дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистони шӯравӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ фаъолият карда муддате роҳбарии Мамнунгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор ва Маркази илмӣ-таҳқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба уҳда доштааст.
Соли 1930 – Мавлуди Раҳим Маҷидов, файласуф, доктори илми фалсафа.
Соли 1930 – Зодрӯзи Ғаффор Ашӯров, файласуфи тоҷик.
Соли 1939 – Мавлуди Убайд Зубайдов, ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
Соли 1940 – Зодрӯзи Карим Қодиров, таърихшиноси тоҷик.
Соли 1958 – Зодрӯзи Саидвализода Раҷабалӣ, меъмор, собиқ директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Ӯ солҳои гуногун ба унвони муҳандис кор карда, соли 2006 пас аз муҳоҷирати дусола дар Русия, ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба кор мепардозад ва аз соли 2017 раиси ин ниҳод буд.
Раҷабалӣ Саидвализода моҳи июни соли 2021 дар синни 63-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1958 – Зодрӯзи Аброр Мирсаидов, иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ.
Соли 1960– Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) 65-сола шуд.
Нуриддин Қаршибоев ба унвони яке аз мудофеони сарсахти ҳуқуқи рӯзноманигорони тоҷик ва озодии баён дар Тоҷикистон шинохта шудааст. Махсусан дар чанд соли охир, ки фишор болои рӯзноманигорон бештар шуда, чандин журналисти тоҷик паси ҳамдигар зиндонӣ шуданд, фаъолияти АМВАОМТ дар самти дифоъ аз озодии сухан ва ҳуқуқи журналистон бисёр назаррас аст. Ҳар куҷое болои журналисте фишоре эҳсос мешавад, ҳар куҷое хавфу хатаре барои ба ҳампешагон ба назар мерасад, Анҷуман аз пайи ҳимояи манфиатҳои ӯст.

Ӯ хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Маскав аст. Ҳамкории худро аз нашрияи маҳалли “Шӯҳрати Ашт” ва баъдан рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” оғоз кардааст.
Дар "Тоҷикистони советӣ" ҳамчун хабарнигор, мудири шӯъба ва муовини сардабир кор кардаву баъдан муовини директори хабаргузории "Ховар" кор мекунад. Соли 1998 хабаргузории мустақили "Интер-пресс-сервис"- ро таъсис дод. Аз ибтидои таъсисёбии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ, бо забони русӣ НАНСМИТ) аз соли 1999 роҳбарии онро ба зимма дорад.
Соли 2014 раиси Шӯрои ВАО Тоҷикистон ҳам интихоб шуд ва як муддат дар ин вазифаи ҷамъиятӣ низ кор кардааст.
Дар бораи роҳи тайкарда ва пур аз шебу фарози 25 соли фаъолияти АМВАОМТ дар ин маводи "Азия-Плюс" хонед: Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ
Соли 1971 – Мавлуди Аслиддин Ҳабибуллоев, футболбоз (дарвозабон) ва мураббии тоҷик.

Аслиддин Ҳабибуллоев дар Тоҷикистон ҳамчун дарвозабони моҳир маъруф аст. Ӯ, бахусус, баъди бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Баҳрайн дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2006 машҳур шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба охир расид. Ӯ ду бор дар нимаи аввали дидор тӯби аз ҷаримаи 11-метрӣ задаи бозигарони Баҳрайнро баргардонд.
Аслиддин Ҳабибуллоев соли 2003 беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф шудааст. Вай солҳои зиёд сардори дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Ҳабибуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии кишвар соли 2006 барандаи Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шудааст.
Ӯ ҳамчун дарвозабон низ таҷрибаи ғанӣ дошта, солҳои мухталиф дар бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, инчунин дар дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва миллии Тоҷикистон ҳамчун мураббии дарвозабонҳо кор кардааст.
Соли 1975 – Зодрӯзи Сироҷиддини Эмомалӣ, доктори илмҳои филология, декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Сироҷиддини Эмомалӣ даҳ сол инҷониб декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Ӯ худ хатмкардаи ҳамин факулта буда, дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолият пардохтааст. Ӯ солҳои 2001-2005 ҷонишини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия, солҳои 2005-2009 ҷонишини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим ва солҳои 2008-2013 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ин донишгоҳ буд.
Номбурда муддати кутоҳе ҳамчун директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума ва сипас сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ кор карда, 26-уми марти соли 2016 декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд ва то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад.
Сироҷиддини Эмомалӣ дар ин баробар ба эҷод низ машғул буда, дар бораи осору эҷоди Сотим Улуғзода таҳқиқот анҷом дода, китобҳо мунташир кардааст, ки “Нақши Восеъ дар адабиёти бадеӣ”, “Аз таърихи эҷоди романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода”, “Восеънома”, “Сотим Улуғзода ва тасвири шӯриши Восеъ дар адабиёти тоҷик”, “Таърихи эҷоди қиссаи “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода”, “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ” аз ин қабиланд.
Ҳамчунин ӯ беш аз 100 мақолаи илмӣ ва васоиту дастурҳои таълимӣ таълиф кардааст.
Соли 1976 – Мавлуди Бибиосия Аюбӣ, вакили парлумони Тоҷикистон.

Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 2025 низ аз ҳавзаи якмандатии Абдураҳмони Ҷомӣ 28 вориди парлумон шуд.
Хатмкардаи шуъбаи арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси шарқшинос (забони арабӣ) ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия бо ихтисоси сиёсатшинос мебошад.
Солҳои 2003-2010 муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 2010-2014 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, 2014-2022 муовини директори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2022 то феврали соли 2024 директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи феврали 2024 вакили парлумон интихоб шуд.
Соли 2006 – Абдуллоҳи Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ дар 75-солагӣ даргузашт.
Соли 2015 –Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) дар Истанбул кушта шуд.
Соли 2022 – Рӯзӣ Аҳмад, фолклоршиноси маъруфи тоҷик, пажӯҳишгари расму ойинҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон дар 86-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
5 марти соли 1970 татбиқи шартномаи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ба иҷро даромад. Ин созишномаи байналмилалӣ бо ҳадафи маҳдуд кардани шумораи кишварҳои дорои силоҳи ҳастаӣ ва таъмини назорати байналмилалӣ таҳия шудааст.

Шартнома кишварҳоро уҳдадор месозад, ки силоҳи ҳастаиро паҳн накунанд, онро насозанд ва дар ихтиёри дигарон нагузоранд. Ба ин шартнома зиёда аз 170 кишвар ҳамроҳ шудаанд, аммо Исроил, Ҳиндустон, Покистон, Кореяи Шимолӣ ва Судони Ҷанубӣ узви он нестанд.
5 марти 1914 киностудияи “Ленфилм” таъсис ёфтааст. Аввал киностудия номи “Кумитаи кинематографияи Петроград”-ро дошт ва аз соли 1934 расман бо номи “Ленфилм” фаъолият мекунад.
Дар маҷмӯъ, дар “Ленфилм” тақрибан ду ҳазор филми бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва телевизионӣ таҳия шудаанд, ки ҷоизаҳои гуногун ва мукофотҳои бисёр ҷашнвораҳои байналмилалиро гирифтаанд.

Имрӯз “Ленфилм” қадимтарин киностудияи Русия буда, ҳамасола даҳҳо филмҳои бадеии пурра таҳия мекунад. Илова бар филмҳои бадеӣ, дар ин ҷо сериалҳои телевизионӣ, видеоклипҳо, эълонҳои таблиғотӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ низ сабт мешаванд.
5 март ҳамчун Рӯзи ихтирои “степлер” таҷлил мешавад. Соли 1866 ихтироъкори амрикоӣ Ҷорҷ МакГилл намунаи аввалини “степлер”-ро сохт, ва як сол баъд – 5 марти 1867 ин дастгоҳи махсусро, ки барои пайваст кардани варақҳои коғаз истифода мешавад, патент кард.

Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи хомӯш кардани гадҷетҳо мебошад. Таҷлили ин рӯз дар ИМА пайдо шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон паҳн гардидааст.
Дар ин рӯз одамоне, ки ин ҷашнро таҷлил мекунанд, телефон, планшет, ноутбук ва дигар гадҷетҳои саргармкунандаи худро барои муддате хомӯш мекунанд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8 гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар ғарби вилоят шабона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 3+5º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.



