Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати кишвар барои баргардонидани шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ созмон медиҳад.
Ин ниҳод шоми имрӯз, 4-уми март бо нашри як иттилоия гуфт, ки “тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” муваззаф гаштааст, то дар ҳолати зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором, ба нақша гирад”.
ВКХ гуфтааст, шаҳрвандоне, ки нияти ба Ватан баргаштанро тавассути ин парвозҳо доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва сабти ном ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат кунанд.
Дар идома ин ниҳод, рақамҳои телефони ширкати “Сомон Эйр” ва намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистонро нашр кардааст:
Маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"
+992446404049
+992446404050
+992937777459 (WhatsApp)
+992901115022 (WhatsApp)
+992901032000 (WhatsApp)
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Мобилӣ: +989363253147
WhatsApp: +992918818889
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн
Тел: (+966 11) 5120333
WhatsApp: +966563417592
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Тел: +(971)24417950
WhatsApp: +971581531574
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай
Тел: +(971)43945814
WhatsApp: +971585081221

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Умон
Тел: (+965) 25329896
WhatsApp: +96565762307
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
Тел: +974 44 12 39 06
WhatsApp: +97439902438
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
Тел: +99391827271
WhatsApp: +9269738322
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Тел: +994513484032
WhatsApp: +994 51 348 40 32
Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи ин кишвар ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна, вазъ дар минтақа вахим шуда, даҳҳо ширкати ҳавопаймои парвозҳои худро ё бекор карданд ва ё ба рузи номаълумр гузоштанд. Ин сабаб шуд, ки садҳо мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд ба кишварҳои худ баргарданд ва ҳоло дар меҳмонхонаҳо ва ё фурудугоҳҳои ин кишварҳо банд мондаанд.
Ҳоло маълум нест, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақаҳо банд мондаанд ва талаби ба Тоҷикистон баргаштанро кардаанд Қаблан, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфта буд, ки 200 кас барои баргаштан ба Тоҷикистон дархост доданд.
Ин ниҳоди дипломатӣ афзуда буд, ки дар пайи ҳаводиси охир касе осеб надидааст ва кӯшиш доранд, шаҳрвандони кишварро тариқи гузаргоҳи Озарбойҷон аз Эрон берун оваранд. Рӯзи 1-уми март 13 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи марзии “Астара” Эронро тарк карда, ба Озарбойҷон ворид шудаанд.
Қаблан, ВКХ аз шаҳрвандон хоста буд, ки "то ба эътидол омадани вазъ аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ намоянд".
Ҳамчунин, ба шаҳрвандоне, ки айни ҳол дар давлатҳои Ховари Миёна қарор доранд, тавсияҳо дода буд, ки қоидаҳои амниятӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллиро қатъиян риоя намоянд, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва минтақаҳои эҳтимолан хатарнок худдорӣ кунанд, ҳуҷҷатҳои шахсият ва воситаҳои алоқаи худро ҳамеша омода нигоҳ доранд.
Зимнан, дар пайи нооромиҳо дар Ховари Миёна, чанд рӯз пеш, “Сомон Эйр” эълон карда буд, ки маҷбур аст, аз сабаби маҳдудиятҳои фазои ҳавоӣ дар ин минтақа парвозҳои худро дар масири Душанбе-Теҳрон то 31-уми март боздорад.Аз ин пештар гуфта бд, ки парвозҳояшро дар масири Душанбе-Дубай то 6-уми март бозмедаорад.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

